Нуқтаи назар

КАБИРӢ БОЗ ЧӢ МЕХОҲАД?!

print

Кабирӣ имрӯзҳо дар сангандозӣ ба сарзамини мардуми сулҳдӯсту ваҳдатофарин “фаъол” гардидааст. Суҳбати имрӯзааш низ аз сангандозие беш нест. Бо ин “фаъолнокиаш” мехоҳад, ки аз ҳисоби хоҷагонаш фаранҷие харида бар сари хиёнатҳову разолаташ, террору мардумфиребиаш дуздиву қаллобиаш бипӯшонад. Ӯ ба мисли як мурдору палид бо ниқоби дин мехоҳад дар олами сиёсат худнамоӣ кунад. Ин рафтораш рафтори қурбоқаеро мемонад, ки пойи худро дароз кардааст, ки ба мисоли суми саманд наъл бизанандаш.

Ӯ медонад, ки мо медонем. Медонем, ки ӯ ба Ватан-Модари худ ва ниҳоят дини мубини Ислом хиёнат кардааст. Медонем, ки садоқат бар ватану дину имон не, садоқат бар пулу хоҷагони сарпарасташ дорад, манфиати шахсиаш аз ҳама манфиатҳо болост. Иғвоандозу фитнаангез, ифротиву тафриқаангез аст ӯ. Ҳамеша мехост ва ҳоло ҳам мехоҳад, ки “обро лой карда моҳӣ дорад”. Медонад, ки медонем, аз ин рӯ  дур истода, симои манфурашро ба бечораҳолӣ табдил дода, чашмони хунталабашро бо айнаки фиреб пӯшонида санг меандозад ба сарзамини гулгулшукуфону ободу рушдкардаву босуботи мо.

Вале намедонад, ки мо медонем. Медонем, ки тамоми созмонҳояш, агар ҳатто аз булӯр ё зар сохта бошад ҳам, муғризу муҷриму мубталои фано аст. Медонем, ки думликониҳояш думликонии рӯбоҳи айёр аст на саги вафодор. Медонем, ки дигар ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби ӯ ва ӯ баринҳо намеафтем. Медонем, ки “панири ройгон танҳо дар доми муш аст”-у танҳо бо заҳмати софдилонаву садоқат, саъю кӯшиши беғаразонаю матонат мо ба ин ваҳдату ягонагӣ ва рушду созандагӣ расидаем ва мисли Кабирӣ намакношиносу хиёнатпеша нестем!

Намедонад, ки ин ҳама сангандозиҳояш баргарданд ба сӯи худаш ба мисоли бемеранг (силоҳи австралиягиҳо ба шакли гурзи каҷ, ки баъд аз ҳаво додан боз ба сӯи каси ҳаводода бармегардад). Намедонад, ки нодида гирифтани заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат барои халқи сарбаланди кишвари овозадори Тоҷикистон ва талошҳои якояки меҳанпарастони содиқи он камоли аблаҳист. Намедонад, ки “агар атрофиёнро аблаҳ пиндорӣ, пас худ аблаҳи мутлақ ҳастӣ”.

Агар дар “фаъолият”-и Кабирӣ ва ӯ баринҳо заррае манфиат ба инсон мебуд, кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ТТЭ ҲНИ-ро бо ҷурми содир кардани ҷиноятҳои сангин ҳамчун созмони террористӣ ва экстремистӣ ба рӯйхати сиёҳ ворид намекардаанд.

Ҷорзаниву лофгӯйиҳои имрӯзааш низ пур аз ғаразу саропо аблаҳист. Мазҳакаи навбатиест, ки муаллифи сенария, коргардон ва маблағгузораш нақши асосии онро ба Кабирӣ супурдаанд. Вале Кабирӣ ҳоло ҳам нафаҳмидааст, ки бо ин нақшнигориҳояш ба мисоли «шут гороховый» (масхарабоз-нахӯдак ё хӯсаи полез ) шудаасту халос…

К. Бобоев

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *