Иди Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик буда, бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Мувофиқи маъхазҳои таърихӣ, иди Сада таърихи 5 ҳазорсоларо доро буда, аввалин подшоҳе, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст, Ҳушанг мебошад. Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон яке аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле мутантану пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешуд.
Дар шаҳри Турсунзода Иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид. Намоишгоҳи идона бо маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хурокҳои миллии оро гардида буд.
Намоишгоҳ аз фаровонӣ ва меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони шаҳри Турсунзода дарак дода, аз ҷониби меҳмонон ва сокинони шаҳр баҳои баланд дода шуд.
Дар чорабинӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода баромад намуда, иброз дошт, ки ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
-Итминони комил дорам, ки кишоварзони шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист мароқи ҷиддӣ зоҳир менаоянд, илова намуд раисии шаҳр.
Дар чорабинӣ гулхан рамзии иди Сада барафрохта шуда, аз ҷониби ҳунармандон савту тарона, раксҳои ҷолиб, мусиқии дилнавоз ва сахнаҳои ҷолиб намоиш дода шуд.