Аммо маълум аст, ки ин як иғвогарии навбатӣ мебошад. Зеро муаллифони сомонаи “Озодӣ” аз суханони ҳар гуна нафарони мисли Марк Коттриҷ, корманди ширкате бо номи Hogan Lovells, ки аз вазъияти Тоҷикистон комилан бехабаранд, мисол оварда, мақомоти кишварро туҳмат мекунанд. Ҳама медонанд, ки Бузургмеҳр Ёров на барои фаъолияти адвокатӣ ё сиёсӣ, балки барои содир кардани ҷиноят, ки бо далелҳои аниқ исбот гардидааст, муҷозот шудааст. Чи агар Бузургмеҳр Ёров ба қаллобию сохтакорӣ даст зада бошад, ӯро ҷазо надиҳанд? Дигар нафарони исмашон дар ин матлаб оварда шуда, аз ҷумла Шӯҳрат Қудратов, Фахриддин Зокиров ва Нуриддин Маҳкамов ҳам ба хотири содир кардани ҷиноят зиндонӣ шуда буданд. Даҳҳо вакилони дифои дигар, ки дар доираи қонун амал мекунанд, бе мамониат озодона фаъолият доранд.
Бояд таъкид кард, ки раванди таҳқиқи судии ҳар кадоми инҳо тибқи талаботи қонун ва зери назорати ҷомеъа ва рӯзноманигорону вакилони дифои дигар сурат гирифтааст. Танҳо баъд аз пурра ва аниқ исбот шудани гуноҳҳояшон ба ин нафарон ҷазо дода шудааст. Сомонаи “Озодӣ” аз забони ҳамсари Бузургмеҳр Ёров менависад, ки вай то ҳануз худро гунаҳкор намеҳисобад. Аммо ин як амали маъмулӣ аст, ки ҷинояткор худро гунаҳкор намеҳисобад ва Бузургмеҳр Ёров низ дар ин маврид истисно нест. Кормандони радио ва сомонаи “Озодӣ” одат кардаанд, ки ақидаҳои иғвогароёна ва матлабҳои ихтилофбарангезонаю туҳматомези худро аз номи шахсоне, ки гӯё аз зикри номашон худдорӣ карда бошанд, баёну паҳн менамоянд. Ин дафъа ҳам чунин амалро анҷом дода, дар матлаби худ навиштаанд, ки гӯё дар Тоҷикистон вакилон аз кор бо парвандаҳои дорои хусусияти “сиёсӣ” дошта аз тарс худдорӣ мекарда бошанд. Вале агар ҳар касе ба масъалаи ба ҷавобгарӣ кашида шудани вакилони дифои дар боло зикршуда таваҷҷуҳ кунад, мефаҳмад, ки ҳамаи онҳо на барои фаъолияти сиёсӣ, балки маҳз ба хотири содир кардани ҷиноятҳо ба ҳабс гирифта шудаанд, гуноҳҳояшон дар мақомоти судӣ исбот шудааст ва тибқи талаботи қонун ҷазо гирифтаанд.
Муаллифи матлаби мазкур воҳима мекунад, ки пештар шумораи вакилони дифоъ яку ним ҳазор буду баъди санҷиш ба ҳаштсад нафар расидааст. Охир, агар ҳамон вакилони дифоъ саводу дониши зарурӣ дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ медоштанд, аз санҷиш мегузаштанд. Чунин вакилон, ки дониши дуруст надоранд, мардумро метавонанд ба гумроҳӣ баранд. Аз ин рӯ, бигзор кам бошанду хуб бошанд ва ба мардум хизмати дуруст расонда тавонанд.