Суханрониҳои раис

МУРОҶИАТНОМАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ВАЛИЗОДА АБДУҚОДИР ИСУФ БА СОКИНОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Ҳамдиёрони азиз!

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми худро ба Маҷлиси Олии кишвар ироа менамоянд ва ин санади муҳим барои ҳар як шаҳрванд роҳнамои зиндагонӣ ва фаъолият арзёбӣ мегардад.

Дар Паёми навбатӣ муҳтарам Пешвои миллат соли 2018-ро бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳимму хотирмони барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ арзёбӣ намуданд. Аз ҷумла такид гардид, ки бисту дуюми марти соли ҷорӣ дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии мо дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман оғоз гардид.

16 ноябри соли 2018 агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аввалин нерӯи нурофари худро ба мадуми Тоҷикистон ҳадя намуд, ки  ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ – истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад.

Рӯйдоди сеюми таърихӣ ҳалли масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва тиҷоратии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад, ки саҳифаи нави муносибатҳои дӯстонаи ду халқи бародарро ифтитоҳ намуд.

Дар Паёми навбатӣ ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, самту соҳаҳои муҳими ҷомеа – молия, саноат, иқтисод, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, экология, сайёҳӣ ва рушди деҳот, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон, ҳуқуқу волоияти қонун, амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ таҳлил ва дар доираи онҳо вазифаҳо барои соли 2019 мушаххас гардиданд.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати  рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода соли 2018 кӯшиш ба харҷ дода, ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли мол, кор ва хизматрасонӣ 2 млрд. 376 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли гузашта 15 фоиз зиёд мебошад.

Саноатчиёни шаҳр ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба  826 млн. сомонӣ бароварданд, ки нисбат ба соли 2017-ум  108 млн. сомонӣ зиёд аст.

Шаҳри Турсунзода бо меваю ангурҳои шаҳдбор ва кишоварзони  асил машҳури кишвар буда, соли 2018 бо мақсади ѓановати дастархони ҳамдиёрон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблаѓи 598 млн. сомонӣ маҳсулотҳои кишоварзӣ истеҳсол гардид, ки  нисбат ба соли 2017 – 67 млн. сомонӣ зиёд аст.

Вобаста ба иҷрои Амри Президенти кишвар дар шаҳри Турсунзода ҷиҳати бунёд ва барқарорсозии беш аз 252 иншоот ба нақша гирифта шуда, бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар арафаи иду ҷашнҳои давлатӣ 52 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, аз тарафи соҳибкорони шаҳр бунёди боз 58 иншоотии нав ҷиҳати илова намудан ба нақшаи чорабиниҳо пешниҳод гардид.

Дар самти таъмири роҳҳои байнидеҳавӣ низ корҳои судманд амалӣ гардида, 16,2 км таъмири мукаммал ва зиёда аз 78 км роҳҳои маҳаллӣ таъмири ҷорӣ гардида, 2 кӯпруки мошингард мавриди истифодабарӣ  карор дода шуд.

Ҷиҳати  татбиқи чорабиниҳо дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр озмунҳои “Деҳаи ободи ман”, “Шоми Турсунзода” ва “Шоми деҳот” баргузор гардида, ѓолибон бо сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  қадрдонӣ шуданд.

Итминони комил дорем, ки соли равон низ сокинони шаҳр дастуру супоришҳои муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Паёми имсола ироа гардид, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати онҳо тадбирҳои амалӣ меандешанд.

Ҳамдиёрони азиз!

Ташаббуси созандаи муҳтарам Пешвои миллат оид ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018 – 2028» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ хуш пазируфта шуда, эътибору нуфузи давлати тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардошта, боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷикистонӣ мебошад.

Мардуми сарбаланди шаҳри Турсунзода,

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо зимни ироаи Паёми навбатӣ Президенти Чумҳурии Тоҷикистон ҳадафи чоруми давлат саноатикунонии мамлакатро муайян намуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати саноатикунонии мамлакат дар шаҳр фаъолияти корхонаҳои саноатиро ривоҷ дода, коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. 

Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори раиси шаҳри Турсунзода 900 рӯзи ободонӣ эълон гардидааст. Боварӣ ва умед дорам, ки шумо-сокинони бо нангу номуси шаҳрамон ба хуррамгардонии кӯчаю хиёбонҳои шаҳру деҳот, назди идораҳои ташкилоту муассисаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, бо меҳнати дастаҷамъона ба шаҳр ҳусни тоза зам менамоед.

Тозаву озода, гулпӯшу ҳамешасабз нигоҳ доштани атрофи биноҳои баландошёна, бозору марказҳои савдо, роҳраву, гулгаштҳо, боѓҳои фарҳангию фароѓатӣ, майдону варзишгоҳҳои шаҳр, риояи талаботи меъёрҳои меъморӣ  ва шаҳрсозӣ барои ҳар яки мо қарзи шаҳрвандӣ маҳсуб ёфта, баёнгари фарҳанг ва  масъулияти баланди шаҳрдорӣ мебошад.

Дар ин маврид вакилон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, пирони рӯзгордида ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳру деҳот ҷиҳати ободониву созандагӣ, ташаккули маърифат ва риояи суннатҳои шаҳрдорӣ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

Ҳамзамон бо истифода аз фурсати муносиб ба тамоми мардуми шаҳри Турсунзода ва соҳибкорони бонангу номус, саховатпеша ва олиҳиммат, ки бо дасту дили гарм ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар корҳои ободонӣ саҳми арзанда гузоштаанд, миннатдорӣ баён менамоем ва боварӣ дорем, ки дар ин ҷода минбаъд низ камари ҳиммат мебанданд.

Ҳамдиёрони азиз,

Боварӣ дорем, ки мардуми бонангу номус ва бомаърифати шаҳри Турсунзода ба масъалаи рушди деҳот, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, бунёди роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, махсусан, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, гулгашту майдонҳо ва дигар корҳои созандагӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Чуноне, ки муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола қайд намуданд, “Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем”.

Ҳамдиёрони азиз,

Итминони комил дорем, ки мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, бо меҳнати софдилона дастуру супоришҳоро дар амал татбиқ намуда, таҷлили арзандаи 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо нерӯи созанда истиқбол мегиранд.

Бо ҳамдиливу дастаҷамъӣ мо метавонем иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакатро таъмин намоем.

Баҳри иҷрои амалҳои неку бунёдкорона дар ободонии шаҳри азизамон бароятон муваффақиятҳо  орзумандем.

Хонаободу сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *