Мардуми Тоҷикистони азизи мо ҳамасола Паёми навбатии Пешвои муаззами миллатро бесаброна мунтазир мешаванд, то ки барои худ дар соли минбаъда реҷаи зиндагонӣ ва кору фаъолиятро муайян намоянд. Паёми роҳнамое, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, самтҳои навини зиндагониро равшан сохт.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём вазъи гузашта ва имрӯзаи Тоҷикистонро таҳлили амиқ намуда, маҷмуи вазифа ва дастуру ҳидоятҳои созандаро барои рушди босубот иброз доштанд. Нахуст вобаста ба дастовардҳои беназир ибрози назар намуда, соли 2018-ро соли воқеан таърихӣ унвон намуданд. Воқеияти таърихӣ будани соли 2018 дар он аст, ки дар ин масир бар иловаи дастовардҳои зиёди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ татбиқи ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти об расман оғоз ёфта, муносибатҳои кишварҳои ҳамсоя – Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи шарикии стратегӣ боло рафт, агрегати якуми НБО «Роѓун» ба истифода дода шуда, ҳадафи дуюми стратегии кишвар – пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани Тоҷикистон татбиқ ёфт.
Боиси сарфарозист, ки Пешвои миллат дар Паёми имсола саноатикунонии кишварро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуданд. Ин иқдоми муборак аз тамоми самтҳо барои кишвари соҳибистиқлоламон манфиатовар мебошад. Худ қазоват кунед, бо амалӣ гардидани ин ҳадаф саноати кишвар пеш рафта, ҷойҳои нави корӣ таҳия мегарданд ва иқтисодиёти кишвар таҳким ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад.
Президенти кишвар рушди соҳаи кишоварзиро низ масъалаи ҳаётан муҳим арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки: «Ҳадафи стратегии дигар, ки ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва афзун гардонидани иқтидори содиротии кишвар таъсири бевосита мерасонад, ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути рушди соҳаи кишоварзӣ мебошад». Тибқи таъкиди Сарвари муаззами давлат имрӯз ҳамагӣ 10-12%-и нахи пахта дар дохили кишвар коркард шуда, пахтаи боқимонда ҳамчун маҳсулоти хом содир мешавад, ки ин ба рушди соҳаи пахтакорӣ ва билкул соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ Пешвои миллат супориш доданд, ки соли 2019 ягон килограмм пахта бе коркард ҳамчун ашёи хом содир нашавад.
Тоҷикистон кишвари офтобӣ буда, бо табиати биҳиштосои худ барои рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои зиёдеро дорост. Дар ин самт Пешвои миллат қайд карданд, ки соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд. Инчунин зикр гардид, ки барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест ва барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо назардошти ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки «Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд».
Ин нуктаи Паём ҳар як сокини кишварро муваззаф месозад, ки дар татбиқи он ҳамаҷониба кӯшиш намуда, барои рушди маҳали зисти худ саҳми назаррас гузорад. Аз фаъолони ҷомеа, пирони кордида, ходимони дин тақозо мегардад, ки дар бораи ҳадафҳои аслии ин иқдом миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоянд ва мардуми сарбаланди кишварро дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ба фатҳи қуллаҳои навини комёбиҳо сафарбар созанд.
Зимни ироаи Паём тамоми самтҳои хоҷагии халқи кишвар мавриди таҳлили амиқ карор гирифта, Пешвои миллат, таъкид намуданд, ки “мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем». Ин таъкиди хирадмандона бояд сармашқи кори кулли шаҳрвандони кишвари азизамон гардад.
Маҳмадҷон САИДОВ,
мудири шуъбаи ташкилӣ
ва кор бо кадрҳои дастгоҳи
Раиси шаҳри Турсунзода