Сиёсат Хабарҳо

Гузориши HUMAN RIGHTS WATCH иғвогарона аст

print

Дар олами мураккабу зудтағйирёбандаи сиёсиву иқтисодӣ, рӯз то рӯз шумораи муасссисаҳои ба ном тадқиқотиву таҳлилӣ, ки хати маши фаъолияташонро манфиатҳои гурӯҳҳои алоҳида ташкил медиҳад афзуда истодааст. Бештари чунин созмонҳои ба ном байналмилаливу дар амал тобеи идеологияи кишварҳои алоҳида дар баъзе давлатҳои Ғарб фаъолият доранд. Яке аз чунин ташкилотҳои иғвогару дурӯғпарокан созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) аст, ки пас аз соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон кори доимии худро интиқоди ҳар амали Ҳукумат ва мақомоти кишвари мо қарор додаст.

 Дар гузориши солонаи худ ин созмони иғвогар боз ба таҳлилу хулосабарориҳои дурӯғину воҳиманокаш мехоҳад ҷомеаи Тоҷикистонро барои оламиён сиёҳ ва пурхатар нишон диҳад.

Ба мардуми  шарифи кишвар  маълум бод, ки аз демократияву озодии баён дифоъ кардани Human Rights Watch танҳо ба хотири таблиғи демократияи нокомили баъзе кишварҳои сармоядорӣ ва тамоюли ғарбидошта мебошад. Мақомоти Тоҷикистон боздошту зиндонӣ кардани журналистонро ба ҳеҷ ваҷҳ бе далел ба сомон намерасонанд. Ин ки ду-се ифротии мубаллиғони исломи сиёсиро Human Rights Watch  мухолифин меҳисобад ва ҷилва медиҳад назарфиребие беш нест.

 Аслан барои Human Rights Watch ва дигар созмонҳои хориҷӣ чи зарур аст таҳқиқи   озодии баён ва озодии дин дар Тоҷикистони хурдакаке, ки ҳамеша ҷонибдори сулҳ ва осоиштагӣ дар минтақа ва ҷаҳон мебошад?!!!

Таҳлили гузоришҳои чанд соли охири Human Rights Watch ироанамуда, нишон медиҳанд, ки ҳадафи ин созмон ва на баррасии шаффофи ҳуқуқи инсонҳо, балки низоъангезӣ ва нифоқгароӣ миёни табақаҳо ва қишрҳои мухталифи одамони сайёра мебошад. Ин созмон масъалаҳои ҳассосеро таблиғ ва ҷилва медиҳад, ки ба арзишҳои инфиродӣ ва иҷтимоии мардуми Тоҷикистон дуруст намеоянд. Яке аз ин масъалаҳои ҳассос, ки  мардуми Шарқ ба он нафрат доранд ҳамҷинсгароӣ аст. Ҳамин масъалаи ҳамҷинсгароиро маҳз Human Rights Watch ва ширикони иттилоотиаш таблиғу ташвиқ намуда мехоҳанд бо ин роҳ эҳсосоти мардумии мусулмону тақводорро барангезанду нобасомониро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд. Агар чунин набошад, пас чи ҳадаф дорад норасоиҳои табииву иҷтимоиии афроди алоҳидаро чун арзиши умумибашарӣ тафсир намудани Human Rights Watch?!!!

 Ҳамҷинсгароӣ ҳарчанд беморӣ ҳисобида нашавад ҳам, аммо барои паҳншавии бемориҳои мухталифи марговар як роҳи маълум шудааст. Аз ин хотир ба қайд гирифтани чунин нафарон зарур ва ҳатмист, то ки дигаронро низ ба беморӣ гирифтор насозанд.

Ба Ватан баргардонидани гумроҳоне, ки бо таблиғи наҳзатиҳо ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд, кори дуруст ва саривақтии мақомоти Тоҷикистон мебошад. Ин амалро аз дидгоҳи манфӣ баҳодиҳии Human Rights Watch ҳангомае беш нест, зеро ба ҳамагон маълум аст ки кулли созмонҳои ба ном дифоъгари инсонҳо дар асоси грантҳои кишварҳои алоҳида амал мекунанд.  Агар Human Rights Watch вазъи ҳуқуқӣ дар кишвари моро бад нишон надиҳад, маълум аст, ки дигар грант гирифта наметавонад.

Аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Гурӯҳи 24 ҳеҷ гоҳ мухолиф барои Ҳукумати Тоҷикистон набуданду нахоҳанд шуд, зеро ду-се оқипадари ватанфурӯш кори манфиатоваре барои мардум карда наметавонад!!!

 Сармуҳосиби ТЭТ ҲНИ ҷинояткор аст, зеро маблағҳои созмонеро ҳисобу китоб мекард, ки боиси ҷанги шаҳвандӣ дар кишвар гардидааст. Довари аслӣ дар хиёнатҳои  ТЭТ ҲНИ ва  шариконаш халқи Тоҷикистон мебошад. Фаъолияти наҳзатиҳо маҳз бар зарари мардум равона гардида буд.

Ҳарки бо душмании халқ равон аст чу баҳр

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

 Дар гузориши солонаи Human Rights Watch асосан номи нафароне падид омадааст, ки ҳадафи аслиашон барҳам задани низоми  демокративу дунявии кишвар ва ҷорӣ намудани режими динӣ мазҳабӣ мебошад.

 Дурӯғи дигари шохдор ва беасоси Human Rights Watch ин аз ҷониби мақомот таъқибу назорат шудани  наздикон ва пайвандони ду-се гурезаи гумроҳ мебошад. Ба тамоми мардуми олам маълум аст, ки касеро барои фаъолиятҳои ғайриқонунии нафари дигар на назорат мекунанду на пурсиш.

 Иброҳим Тиллозодаро ягон мақомоте на таъқид кардаасту на назорат, баръакс мақомоти кишвар мусоидат намуданд, ки ӯро берун аз кишвар табобат кунанд. Аммо дар ҳамон лаҳза ҳам раиси ТЭТ ҲНИ ба ҷаҳон чор зад, ки набераи маро гаравгон гирифтаанд. Магар демократия ва инсонгароӣ барои Human Rights Watch танҳо ҳимоя аз манофеи созмонҳои террористӣ ва харобкор аст???!!!

Яке аз афроди ҷилвадиҳандаи сархати ҳамешагии гузоришҳои Human Rights Watch Шабнам Худойдодова аст, ки дар Тоҷикистон касе на худашро мешиносаду на атрофиёнашро. Ин зани бефаросату бефарҳанг барои ҳамаи нокомиҳояш ҳамеша мақомоти кишварро гунаҳгор медонад.  Чун ин зан  нокомии иҷтимоӣ дорад, омодааст барои бароварда кардани камбудиҳояш аз баҳри ҳама гуна арзишҳои инсонӣ гузарад ва худро дар сархати  феҳристи ҷафокашидаҳои Human Rights Watch ҷой бидиҳад.

 Ин ки Раҷабалӣ Комилов, барои кирдорҳои ғайриқонуниаш дар солҳои 1992-1997 бо ҳукми суд  аз озодӣ маҳруҳ карда шудааст, ҳеҷ рабте ба ҳарзафурӯшиҳои берабту сафсатаи  иғвогаре бо номи  Ҷаннатулло Комилов надорад. Ҳукми судҳои Тоҷикистонро зери суол бурдани Human Rights Watch ифодагари он аст, ки ин созмон на барои ободиву осоиштагӣ, балки барои бештар шудани ҷинояту ҷинояткорӣ мусоидат мекунад.

Бо сабабҳои техникӣ чанд соат фаъол набудани шабакаҳои иҷтимоии «Фейсбук» «Ютуб», Радиои Аврупои Озодро Human Rights Watch чунон баррасӣ кардааст, ки гуё  музахрафот гуфтану навиштани чанд нафар дар ин шабакаҳо  унсурҳои асосии демократия ва озодии баён ҳастанд.

Дар ҳама давлату кишварҳои олам танзими расму оин ва мазҳаб барои рушди ҷомеа вуҷуд дорад. Human Rights Watch бошад дар гузоришаш ин амалҳоро нодида гирифта ҳатто барои иғвоангезӣ лухтак Барбиро ёдовар мешавад. Ин қисмати гузориши солонаи Human Rights Watch комилан иғвобарангез ва дур аз воқеияти ҷомеаи Тоҷикистон аст.

  Аз тавсияи напӯшидани хиҷоб, ки ба фарҳанги мардуми мо бегона аст, ҳангома сохтани Human Rights Watch дар гузоришаш баёнгари он аст, ки барои манфиатҳои ин  созмон арзишҳои фарҳангҳои мухталиф  мутағоир аст.

Созмони  ба ном байналмилалии Human Rights Watch дар  идомаи гузоришаш барои боз ҳам иғвогарӣ, аз шарикони кории  Тоҷикистон ИМА ва Иттиҳоди Аврупо  ва дигар шарикони байналмилалӣ ёдовар шуда, ба хотири дар оянда идома додани таҳлилу гузоришҳои ифротгароёнааш, хулоса мекунад, ки сабаби ҷорӣ нанамудани таҳримот барои риоя нашудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба хотири мавқеи геостратегӣ доштани кишвар аст.

  Дар маҷмӯъ метавон хулоса кард, ки гузориши солонаи созмони байналмилалии Human Rights Watch яктарафа, ғаразнок ва нокомил буда, наметавонад баёнгари вазъи воқеии ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бошад, зеро ин гузориш бе назардошти махсусиятҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии сокинони кишвари мо таҳия ва паҳн шудааст. Илова бар ин гузориши як созмони алоҳида ҳеҷ гоҳ наметавонад, маҳаки аслӣ барои инъикоси рӯзгори имрӯзаи мардуми мо бошад.

 Амир Азим,

таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *