– Соати 17:00 дар масири роҳи маҳаллаи УПД-и шаҳри Хоруғ (к.А.Аёмбеков), ронандаи мошини тамғаи «Кемри» – Худоёров Наврас Ифтихорович бо падараш Худоёров Ифтихор, истиқоматкунандагони м.Болнисени шаҳр дар ҳолати мастӣ, монеи ҳаракати қатори мошинҳои ҳарбӣ мешаванд. Ним соат онҳоро аз ҳаракат бозмедоранд. Новобаста, аз таъкидҳои такрории мардуми маҳаллӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ, ин ҷавони бадмаст дар ҳузури падараш роҳро барои ҳаракат холӣ намекунад.
Баъдан, Худоёров Наврас, аз ҷойи ҳодиса гурехта, дар дидбонгоҳи кӯчаи Тошмухамедови шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони милиса барои дағалона вайрон кардани қоидаи роҳ, рондани мошин дар ҳолати мастӣ ва дахолат кардан ба фаъолияти органҳои ҳифзи ҳуқуқ дастгир мешавад.
Дар натиҷаи боздошт, Худоёров Наврас бо падараш Худоёров Ифтихор ба масъулони дидбонгоҳ муқовимати гурӯҳӣ ва муташаккилона нишон медиҳанд. Мардуми атрофро ба муқобилият таҳрик мекунанд. Падару писар, кормандони ОМОН-ро мезананд. Захмӣ мекунанд.
Ҳамчун амри ҷавобӣ ба муқовимати гурӯҳӣ, ҳангоми гурехтани Худоёровҳо (падару писар), корманди ОМОН тибқи санадҳои танзимкунандаи истифодаи силоҳ ба сӯи ҷинояткорон бо таппончаи травматикӣ тир мекушояд. Худоёров Наврас аз тири резинӣ захмӣ шуда, барои табобат ба беморхонаи вилоятӣ интиқол дода мешавад. Толиб Аёмбеков, ки дар байни мардуми ҳамлагар ҳузур доштааст, низ як мушт мехӯрад.
Падари Наврас-Худоёров Ифтихор бошад, аз ҷониби кормандони милиса дастгир шуда, ба гуноҳаш иқрор мешавад. Тартибу низом дар шаҳр пурра ҳукмфармо мебошад, вале масъулияти падару модарон дар тарбияи ҷавонон мисли пештара дар ш.Хоруғ масъалаи доғ ва мураккаб боқӣ мемонад.
Хулласи гап, ин ки ин як ҳодисаи оддист. Таъмин намудани риояи тартиботи ҷамъиятӣ, кори мусаллами органҳои ҳифзи ҳуқуқи вилоят мебошад, зеро онҳо ҳомии қонунанд.
Хотирнишон карда мешавад, ки аъзои ҳамин гурӯҳи ҷиноятӣ, духтари шаҳрванд Мазориев Хурсандро моҳе пеш зада дар роҳ захмӣ карданд, куштанд. Боз ҳам бо як ноҷавонмардӣ аз ҷойи ҳодиса гурехтанд. Ин дафъа ҷинояткорон ба даст афтоданд ва ба ҷазои амалашон тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Чӣ магар дар ин ҳолатҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ интизор меистанд, ки бадмастоне худро нофи замин пиндошта, тартиботро вайрон кунанд. Ҳаргиз!
Шерзодов Рафоат, сокини шаҳри Хоруғ