Хабарҳо

ШАРҲИ ПАЁМ

print

Бо мақсади шарҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода вохӯриҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Шарипов бо аҳолии шаҳр оѓоз гардид. 

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода вохӯрӣ бо намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот ва хоҷагиву  муассисаҳои шаҳр баргузор шуд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода Паёмим навбатии Президенти мамлакатро мавриди шарҳ қарор дода, таъкид дошт,  ки Паём  самтҳои асосии сиёсати дохилӣ  ва хориҷии мамлакат, масъалаҳои  ҳифзи  дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, худшиносиву худогоҳӣ, пойдории ваҳдату суботи кишвар арзёбӣ гардида, ҳамаи самтҳои ҳаёти мамлакатро муайян  ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ҳар яки моро тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат кӯшиши ба харҷ диҳем.

Вакили мардумӣ Садриддин Шарипов, ки дар Пардумони  мамлакат раисии Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсияро ба уҳда дорад, асосан нуктаҳои ба самти мазкур равонашудаи Паёмро шарҳу тавзеҳ дода, вобаста ба   санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, сиёсати дохилию хориҷии кишвар, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ ва рушди бемайлони соҳибкорӣ ҳамчун самти афзалиятноки тараққиёти мамлакат маълумоти  мукамал пешниҳод намуд.

Зимни баромади муовини раиси шаҳр С. Холова иброз шуд, ки Паёми навбатии Президенти мамлакат ҳамчунин масъулияти занонро беш аз пеш боло бурд. Аз ҷониби муҳтарам  Пешвои миллат  ба модарону бонувони кишвар таъкид шуд, ки  дар риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаъол гарданд. Хамзамон модаронро мебояд фарзандонро дар руҳияи илмомӯзиву ватанпарастӣ, хизмати содиқона ба ватан, сарфаю сариштакорӣ ҳидоят намуда, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ риояи расму ойин, анъанаву суннатҳо,  фарҳанги миллӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ саҳми муноситби худро гузоранд.

 Ҳамчунин  аз ҷониби гурӯҳи корӣ  зимни вохӯрӣ бо кормандони КВД “Ширкати алюминийи тоҷик” Паёми навбатӣ мавриди  тавзеҳ қарор гирифт. Ҳамзамон аз роҳбарият ва кормандони корхонаи алюминийбарорӣ даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми Хукумати кишвар – саноатикунонии мамлакат аз тамоми шароитҳо истифода бурда, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат  тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ, ки дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳр баргузор шуд, қайд гардид, ки дар Паёми навбатӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо дар соҳаи тандурурстӣ ҳоло низ баъзе камбудиҳо, аз ҷумла дар масъалаи расонидани кумаки аввалияи тиббӣ, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мешавад, ба мушоҳида мерасанд.

Аз ҷумла Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар баъзе муассисаҳои тиббӣ ҳангоми расонидани кумаки аввалияи тиббӣ аз соҳибони шахсони бемору корафтода маблағ ва доруворӣ талаб карда мешавад, ки ин хилофи қонун мебошад.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ аз  паст будани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва муоширати табибон, ворид намудан ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат ё муҳлати истифодааш гузашта, дар натиҷаи фаъолияти тиббӣ ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудани мизоҷон изҳори нигоаронӣ карда, ба масъулин ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда дастуру супоришҳо мушаххас дода шуд. Вобаста ба ин аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба масъулин ва кормандони соҳаи тандурустӣ супориш дода шуд, ки вобаста ба вазифагузорӣ ва дустуру супоришҳои Президенти мамлакат, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, иҷрои онро таъмин намоянд. 

МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ  ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *