Эълонҳо

ОЗМУН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲО

print

        Мутобиқи амри раиси шаҳр аз 9 январи соли 2019, № 5 дар дастгоҳи раиси шаҳр, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ ва  худидоракунии деҳоти шаҳри Турсунзода, барои иштирок дар мансабҳои зерин озмуни кушода эълон шудааст:

-мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳр – маоши мансабӣ 1323 сомонӣ;

-мутахассиси шуъбаи фарҳанг – маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

-мутахассиси бахши нақлиёт ва коммуникатсия – маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

-сармутахассис – сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Регар – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

-сармутахассис – сармуҳосиби ҷамоати деҳоти Работ – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

-сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои ҷамоати деҳоти Работ – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

-сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти Навобод – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

-сармутахассис оид ба корҳои омори ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият – маоши мансабӣ 894 сомонӣ;

-мутахассиси пешбар оид ба корҳои андоз ва бойгонии ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият – маоши мансабӣ 732 сомонӣ;

-мутахассис оид ба корҳои андози ҷамоати деҳоти Работ – маоши мансабӣ 660 сомонӣ;

 Довталабон метавонанд, барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳояшонро ба дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода барои ишғоли мансабҳои холӣ то 1 феврали соли 2019 пешниҳод намоянд.

         Довталабон барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

-ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ бо шакли муқарраргардида;

-варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

-тарҷумаи ҳол;

-нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;                                                          

-нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);                                                                                              

-маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 У;

-нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

-маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;                                

-нусхаи шиноснома;

-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд)                                                                                               

-сурати ранга 4 адад дар ҳаҷми 3х4        

 

Ба довталабони мансабҳои холӣ талаботҳои зерини тахассусӣ муайян карда мешавад:

Сохтори дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ

Ба мансаби мудири шуъба – категорияи сеюм

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Ба мансаби мутахассис – категорияи ҳафтум

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

 Сохтори мақомоти худидоракунии деҳот

Ба мансабҳои сармутахассис – категорияи панҷум

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Ба мансаби мутахассиси пешбар – категорияи шашум

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

Ба мансаби мутахассис – категорияи ҳафтум

  • таҳсилоти олии касбӣ, ихтисос ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
  • малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

    Маҳалли ҷойгиршавӣ; Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода кўчаи М. Турсунзода 130/45 тел.: 2-22-07, 2-25-96                                                                                            Дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *