Хабарҳо

Паймони зиддимиллӣ чӣ мехоҳад? (Кӯри Сайидюнус кист?)

print
Таҷрибаи се даҳсолаи вазъияти Тоҷикистон  нишон медиҳад, ки қувваи бевиҷдон ва хориҷисиришт, ки аз суйӣ таблиғгари кӯри Сайидюнус барин афродаки лаънатӣ бо номи паймону эътилфҳои ба ном миллӣ вале дар асл зиддимиллӣ ҳимоя мешаванд, як мақсад доранд: Ҷанги дохилӣ. Як усул доранд: Куштор. Як маром доранд: давлати асримиёнагии исломӣ дар асоси шариати ғуррои таассубӣ биношуда.

Агар ин қувваи тахрибкор ҷангро нахоҳанд, дар Ватан ором зиндагӣ мекарданд, бо вазъияти баамаломада муросо мекарданд. Зеро мансабу маром доштанд, вакилу тоҷир буданд. Бозордору Ҷипсавор буданд.  Вале ин қишри бевиҷдон мехоҳанд, ҳама чиз аз онҳо бошад. Мутлақандешӣ ҷузи ҳувият ва рафтори ин даҳшатафканҳои бериёст. Агар бар сари матлаб баргардем, ин паймони зиддимиллӣ, ки аз тагу рӯ тобиши хориҷӣ дорад, чӣ мехоҳад:

 

  1. Таъсиси ба ном паймони милли, дар асл  «Паймони зиддимиллӣ» дар кишварҳои Ғарб, ки боз ҳам ба сони аввалҳои соли 90-уми асри 20, намояндагони исломи сиёсӣ ва равшанфикрони  «миллатгаро»-ро ин дафъа ба ҷойи Теҳрону Кобул дар Варшававу Вена ба ҳам овардааст, хилофи мақоли «Оқил дар як дарё ду бор намедарояд»-ро дар зеҳнҳо бедор мекунад.
  2. Наҳзатиҳо бо қишри асолатбохтаи равшанфикрони солҳои 90-уми асри 20-и Тоҷикистон, ки аз олимӣ ба мучоҳидӣ гаравиданд, донишҳои сатҳӣ аз назокатҳои ҷомеа дошта, ёфта ва шунидаҳои худро, воқеияти бебаҳс пиндошта ҳамчун дастаку таҷрибаи озмоишгоҳӣ бемулоҳиза болои мардум таҳмил карданд. Заминасози асосии ҷанги дохилӣ ҳамин дастандаркорони паймонсозу “Наҷоти Ватан” буданд. Алорағми ақли солим ҳамин иштибоҳро душманони ақидавии оромиву субот боз доман заданӣ аст.
  3. Наҳзат бо демократия мухолифати эътиқодӣ дорад. Зеро Ислом яккасардориро мепазирад. Демократия хукумати мардум аст. Дар низоми динӣ, масъалаҳои заминӣ матраҳ нестанд.  Аз ин лиҳоз, оппозитсияи ифротӣ таъсиси “вилояти фақех” ва “ҳумайнизм”-и ҷангандаро дар шароити Тоҷикистон пиёда карданӣ ҳастанд.
  4. Тасаввур доштанд, ки мардум гумроҳ ва роҳнамои ҷомеа маҳз онҳо ҳастанд. Падидаи дигаре ки равшанфикрони он замон ба он моил буданд ва нофаҳмида ҷомеаро ба бероҳагӣ ҳидоят медоданд, мафтуншавӣ аз падидаи охундпарастӣ буд. Ин тамоюли муллопарастӣ, то андозае зиёд буд, ки шиорҳои равшанфикрони ин давра, аз фаластиниҳову тарафдорони оятуллоҳои Ироқ ва Афғонистон, ки Амрико ва Исроилро душмани худ медонистанд, тафовут надошт. Яъне ба таври нохудогоҳ, ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистони навпо ва тоза ба Истиқлол расида, таҳрик мекарданд ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамуданд. Ин ҳам тахриби равобити байналмилалии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин табақаи ғутавар дар андешаҳои хоми худ буд, зеро бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ надоштанд ва тавони тавони таҳлилу таҷзияи қонунҳои ҷомеаро надоштанд;
  5. Дар ҳамин ҷо метавонистем, лавҳаро ба итмом бирасонем, вале як чиз фаромӯш шуд? Сарнавишти кӯри Сайидюнус: Кӯр аз паймонсозӣ чи мехоҳад? Асо ва чашми бино. Кӯри Юнус чӣ мехоҳад?   Давлати исломии дар асоси фиқҳи чаъфарияи аҳли ташаъйю. Ана аку рафтем ва бинем дар зиндагии рӯзмарра ин кӯр чи қадар ба гуфтааш содик аст?  Ин паймондӯстро агар муносибати занашро ба таҳлили мӯшикофона бигирӣ, ҳуш аз сарат мепарад. Мана далелҳо. Инак далелҳо: Занаш дар зиндони кишвари ҳамсоя бо зориву шиканҷа мурд, вале ин беномуси кӯр аз азобу шиканча тарсида, ҳатто паёме ба ӯ нафиристод. Худаш чунон аз чонаш тарсида буд, ки дар кишвари будубошаш дар як рӯз чанд бор чойашро иваз мекард. Пӯкид. Шоҳидон ҳастанд. Занаш беҳичоб аз  дунё  рафт, вале виқорашро гум накард. Истода чон дод. Ин кӯри Юнус баъд аз ин бояд худро ба дор меовехт. Насиҳатгар шуд. Гиребони худро бӯй накард, ба сӯйи хонаи дигарон санг андохт. Қонундон шуд. Мазҳаб иваз кард. Ин мазҳабивазкунии кур ҳам қисса дорад. Аввал коммунист буд, баъд зардуштӣ шуд, баъд демократ шуд, баъд суннӣ шуд, баъд шиа…. Биё бигир пагоҳ чи тағйире дар вуҷуди ин беор сар мезанад.

 

Боқӣ қазоват аз Шумо, бо ин палидакон ҷомеаро метавон ором сохт? Давлат сохт? Ҳанӯз ки ҳанӯз аст, ин резахорони хони мардуми бегона дар уқёнуси нафс ғутаваранд. Куҷо расад ба ҷомеасозиву оромӣ?

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *