Хабарҳо

Муҳаммадиқболи Садриддин – балвогари ашаддӣ ва забони гӯёи ҷинояткорон

print
Ягона фарде ки аз сар задани ошӯби зиндониёни маҳбаси №3/3-и шаҳри Хоруғ табли шодӣ мезанад ва хурсандӣ мекунад, ҳамин Муҳаммадиқболи Садриддини салафӣ аст.

Таҳлили фаъолияти се соли охир ин оппозитсионери бахтбаргашта, дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки ӯ ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллат мебошад, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнаш нақш бастааст, ки мехоҳад ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.

Зиндониёни маҳбаси Хуҷанд, барои ҷиноятҳои мушаххаси террористӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва Муҳаммадиқболи Садриддин, ки марбути доираҳои салафимадори кишварҳои нимҷазираи араб мебошад, чунон забонзада сухан мегӯяд, ки гумон мекунӣ, ин банда дар гарави бозиҳои арабу ачам афтидааст (араб-Муҳаммадиқболи Садриддин ва аҷам-Саидюнуси Истаравшанӣ).

Аз оне ки мақомот ба истилоҳи ин хунсои  фирории бериё, «амалиёти нофарҷом» анчом додаанд, таблиғоте беш нест.

Шоҳидони ҳол аз Хуҷанд хабар медиҳанд, ки гурӯҳҳои террористии ДОИШ ва «Ҳизби таҳрир» ба ҷазои амалашон расиданд. Худро қурбонии роҳи бадбахташон карданд.Ва табиист ҳар куниш ё амал муқобили амал ва ё вокуниш дорад.

Саркардаи салафиҳои хориҷӣ Муҳаммадиқболи Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, зимни ироаи гузориш аз вазъи зиндони Хуҷанд ба озиоджди террористон ишора кардааст.

Дар мадди аввал, М.Садриддин, ки ҳамаро мисли худаш мепиндорад, фазои иттилоотиро ба таҳлука оварда, мағшуш кардааст.  Маҳбусон ба меъёрҳои «қаҳрамонсозӣ»-и Кумитаи зиддимиллӣ рост намеоянд. Бо назардошти гуноҳҳое ки дар сари ин афрод омадааст, дер ё зуд ба сазои амалшон мерасанд. Вале Садриддини М. каҷрав    дар пайрави муштарикобии боз нафаронеро мешавад, ки «қаҳрамон»-и ҳикояҳои ӯ бошад. Шояд касе зиндонӣ барои дуздӣ шуда бошад, вале дар назди расонаҳои оппозитсион, ки Садриддини М. лаққии онҳост, он чунон азизи дилҳо нишон дода мешавад, ки хориҷиҳо фикр мекунанд «муборизи роҳи озодианд».

Муҳаммадиқболи Садриддин ёвасаро, козиб ва лаин аст. Чун ӯ гуноҳкор аст,тасаввур мекунад, нисбат ба ӯ баринҳо адолатро риоя  намекунанд. Муборизони аслӣ Маҳатма Гандӣ, Ҷавоҳирлол Нерӯ ва дигарон буданд, ки бо чашми сар диданд, ки  зиндон чист? Ин қишрҳо агар даъво мекарданд, дар бораи адолат, шояд рост мебаромад, вале на Муҳамадиқболе ки мазҳаби бобоии худро падруд гуфта, даъвогарӣ мекунад, ба ҳеч сурат раво нест. Ӯ гуноҳҳои худро бояд бо хун шӯянд баъд иддао кунанд дар бораи дигарон.

Дар Тоҷикистон адолат ҳукмфармост чӣ нисбат ба зиндониён бошад ва чӣ ба дигарон! Қонунгузор ҷавобгарии фардӣ пешбинӣ кардааст ва ҳар кас ба ҷурму ҷинояти худ шахсан ҷавоб медиҳад. Касе дар ин дунё сари ҷиноякорони мусаллаҳро ба ибораи мо мардуми Ғарм сила накардааст. Ҷавоб бояд муносиб бошад ва дандоншикан, то террористон ба кӯчаҳои шаҳр сарозер нашаванд ва тартиботи ҷамъиятиро вайрон накунанд.

Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, ба Туркистон аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

 

Ба орзуи амнияти комил ва решакан шудани чунин оппозитсия- террористи  фирорӣ.

 

Комилов Ф. сокини н.Рашт

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *