Аҳолӣ Хабарҳо

Ҳанӯзам наҳзатиҳо доранд ав ав

print

Наҳзатиёни беномусу ватанфуруш баъди фош шудани руи аслии онҳо низ кушиши боз ноором намудани Ватани маҳбубамонро доранд. Ба ин мақсади нопоки худ асло нахоҳанд расид. Ин паёмро ҳамаи мо шаҳрвандони Тоҷикистон ба кулли наҳзатиён ва хоҷагони хориҷии онҳо расониданием.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона марҳила ба барҳила рушд ёфта, сол ба сол вазъи некуаҳволии мардум хубтар гардид. Ҳар як соли сипаришуда соли пешравӣ, соли бурдбориҳо ва соли комёбиҳои Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ гардида истодааст, махсусан соли 2018.

Чунин пешравии кишвари маҳбубамонро хоинони давлату миллат напазируфта тавассути сомонаҳои интернетӣ, васоити ахбори омма кушиши ноком нишон додани фаъолияти мақомоти олии давлатии кишварро мекунанд. Бардуруғ будани ҳамаи маълумотҳои паҳннамудаи онҳоро кулли ҷомеаи Тоҷикистон хуб медонад ва лаънат мефиристад. Бо вуҷуди ин хоинон аз амалҳои нопоку ғаразноки худ даст намекашанд.

Роҳбари наҳзатиҳои ифротӣ ва пайравони ӯ дасисаҳои навбатии худро нисбат ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон то ҳол шарму ҳаё накарда давом дода истодаанд. Ҳол он ки мардуми шарифи тоҷик ин амалҳои разилонаи Кабирӣ ва пайравонашро қотеона маҳкум намудаанд.

Акнун фурсат фаро расид ва парда аз симои воқеии онҳо бардошта шуд ва мақсадҳои муғризона ва нопоки онҳо нисбат ба давлату миллат ба ҷаҳониён ошкор гардид. Хиёнаткору ватанфурӯш Кабирӣ ва пайравонаш аз хориҷи кишвар истода, алайҳи давлату ҳукумат нақша кашида истодаанд ва бо ин иғвоангезии худ мехоҳанд бо ҳар баҳона амнияту суботи кишвари азизамонро халалдор созанд. Кабирӣ фаромӯш кардааст, ки он нооромие, ки дар Тоҷикистон сар зада буд, аз  дасти фарзандони нохалафе мисли ӯ ва ҳаммаслакони ӯ ба вуҷуд омада буд.

Танҳо мақсади ТЭТ ҲНИ  ва ҳаммаслаконаш хиёнат ба Ватан, рехтани хуни мусулмонон ва ба нестӣ бурда дину мазҳаб мебошад. Имрӯзҳо наҳзатиён арзишҳо ва муқаддасоти динию мазҳабиро барои барангехтани оташи кинаву адоват ва хушунату хунрезӣ ба манфиати худ истифода бурда истодаанд.

Имрӯз тамоми мардуми сайёра шоҳиди шаклу намудҳои нангини гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ дар қаламрави кишварҳои мусулмоннишин ва дигар минтақаҳои ҷаҳон шуда истодаанд. Роҳбати ТТЭ ҲНИ ва баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ оромии кишварамонро дидан намехоҳанд ва аз ин рӯ мехоҳанд бо туҳмату буҳтон иғвоангезии худро давом дода,  вазъи амну суботи кишварамонро ноором созанд.

Ҳамин тавр, хоинони миллати худ, барои ноором сохтани кишвари маҳбубамон, ба миён овардани низоъ дар байни ҷомеа ва паст намудани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ кушиш менамоянд. Ле ин «хизмати хирсонаи онҳо» ба ҳисоб меравад.

Аз чеҳраи аслии наҳзатиён ва роҳбарияти он ҳамаи мо ва махсусан  ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ба рафтори ин хоинон дуруст баҳо диҳанду кишвари азизамонро аз амалҳои нопок ва ғаразноки ТЭТ ҲНИ эмин нигоҳ доранд.

Баҳодур Саломов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *