Нуқтаи назар

МУҲАББАТ БА ВАТАН – НИШОНАИ ИМОНДОРӢ

print

     Аз рӯзе, ки Худованд Одам Алайҳиссаломро руҳ бахшид, барояш беҳтарин шароитро муҳайё намуд ва ин ба хотири он буд, ки шукургузор бошад.

Дар қатори ҳама неъмате, ки Худованд ба одамон ато фармудааст, ин макони зист, яъне Ватан барои онҳо мебошад. Ватан барои ҳар як шаҳрванд маконест муқаддас ва моро мебояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем.

Дар баробари ин баҳри рушду нумӯи сарзамини аҷдодии хеш боз ҳам бештар талош варзем.

Табиатан, ҳамаи мо танҳо дар Ватани худ  эҳсоси амн мекунем. Зеро бароямон маҳз ин ҷо шароити озодона зистан муҳайёст. Имрӯз мо ҳам соҳибватанем ва он озодиву истиқлоле, ки мардуми моро насиб гаридааст, боз як атои беҳамтои марҳамати Худовандист. Зеро ҳар фарди аз таърих огоҳ имрӯз медонад, ки ин ё он қавму миллат озодӣ ва истиқлолияти хешро ба осонӣ ба даст наовардааст. Таърих миллатҳо ва халқҳои зиёдеро дар ёд дорад, ки дар гузаштаи наонқадар дур барои ба даст овардани мустақилият ва озодӣ даҳсолаҳо мубориза бурда, ҳазорҳо фарзандони онҳо дар ин роҳ ҷони худро аз даст додаанд. Хушбахтона, мардуми моро насиб гардид, ки дар фазои осоишта ба чунин неъмати Худодод соҳиб гарданд. Бояд гуфт, ки ин рӯйдоди бузурги шодиовар барои мардуми мо буд. Зеро пас аз садсолаҳо барои мардуми  мо  муяссар гардид, ки имкони амалии таъсиси давлати озод ва мустақили  миллиашро пайдо намояд.

Соҳибистиқлолӣ ба мардуми мо худшиносӣ, эҳсоси гарми худогоҳӣ, ифтихори миллӣ ва баробар бо инҳо як марҳилаи комили пешрафти Ватанамонро эҳдо намуд: зиндагиамон тинҷу хонаамон ободу пурфайз аст.

Дар ин маврид ислом мавқеи худро бо ин гуфтаҳо ифода намудааст: “Ҳуббул Ватан минал имони”.  Яъне дӯст доштани Ватан аз имон аст.

Барҳақ, ҳар муъмине, ки соҳиби Ватани обод асту дар он зиндагии осуда дорад, боя дар қалби худ чун як рукни имонаш меҳрашро ба Ватанаш нигаҳ дорад. Хиёнат ба Ватан бошад, ҳамчун хиёнат ба ҳамаи он неъмати Худованд, ки баро фарди хиёнаткарда ва хонадони ӯ ато кардааст, маҳсуб меёбад.

Ҳар миллате, ки uами ояндаи худро мехӯрад, бояд бештари вақту нерӯи худро ба таълиму тарбияи насли ҷавони хеш равона созад, тоин ки онҳо инсонҳои муъмин ва шахсиятҳои барҷаста ташаккул ёбанд. Барои расидан ба ин ҳадаф моро мебояд, ки ҷавононро аз май кардан ба ҳар гуна ҷараёнҳои номатлуб ҷилвагирӣ намоем.

Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуданд, ки барои таъмини амну осоиши кишварамон бо истифода аз имкониятҳои фикриву зеҳнии хеш дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз саҳм гиранд, ҳамон тавре, ки дар вақташ асосгузори мазҳабамон Имоми Аъзам ва шогирдонаш мардумро ба амалҳои нек, таҳаммулгароӣ ва суббот даъват мекарданд.

Дар ниҳоят имрӯз ҳар яки мо бо ифтихормандӣ ва шукургузорӣ аз ҳама он неъматҳои бебаҳои Худованд, ки бароимиллатамон ато кардаву мо имрӯз аз шарофати онҳо ҳайёти осуда дорем, ҳар яки мо бояд созандаву бунёдкор бошем. Бо ифодаи қадршиносӣ ба он, ки пас аз даргириҳо ва таҳдиди хатари аз байн рафтани давлату миллат боз ҳам иттиҳоди миллат бо марҳамати Худованд насибамон гаштааст, барои таъмини манфиатҳои давлату диёри соҳибистиқлоламон, ободии Ватан, осудаҳолии халва таҳкими минбаъдаи давлатдориамон талош дошта ва саҳмгузор бошем, рӯзгорамон, ҷамъияти кишварро бо ҳамин руҳия созгор созем.

ТУРСУНОВ НУРУЛЛО,

РАИСИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВОБОД,

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *