Ӽар коре оғозаш дурӯғ аст анҷомаш вайронист, мисли хонаи анкабут, ки бо тори ӽилла хона месозад, ки он хона на аз гармо ва на аз сармо уро ӽимоят намекунад. Сомонаи “Ахбор ком” низ хонаи анкабутро мемонад, ки бо иғвоангезӣ ва дурӯғу туӽмат кори худро оғоз намуда ва то имрӯз идома дорад.
“Ахбор ком” ин сомона кай пайдо шуда, маⱪсади асосии ӯ чист. Муассисаш Мирзои Салимпул, собиⱪ рӯзноманигори тоҷик, ки дар Радиои Аврупоии Озод / Радиои Озодӣ кор мекард, ӯ зиёда аз даӽ сол дар Радиои мазкур фаъолият дошт, ва бо сабабӽои номаълум аз он ронда шуд. Ӯ аз соли 2000-ум дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе ва аз соли 2002 дар Прага кор мекард.
Мирзои Салимпул бо хабар ва гузоришӽои фитнаангез ӽамеша алайӽи ватани худ садо баланд намуда, Давлат ва миллати худро таӽⱪир мекунад ва барои ин кораш аз ҷониби хоҷагони хориҷияш дастгирӣ меёбад. Чаро чунин аст? Ӯ метавонист омада дар ватани худ фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад, аммо чуноне гуфтем барои пулу мансаб шуда ӽатто номӯси худро фурӯхт.
Мирзои Салимпул бо сомонаи “Ахборком”-аш бозичаи дасти ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ва доираӽои манфиатдори хориҷӣ мебошад. Ӯ ки имрӯз муздури хориҷиӽо ва ӽаммаслаки наӽзатиӽои террорист гардидааст, барои дарёфти пулу мол ватану миллати худро туӽмат мекунад. Ӽар нафаре, ки як ӽарфи хубе дар бораи Тоҷикистон гуфту навишт, ӯро ӽатман харидашуда ва одамони мансуб ба Ӽукумат меӽисобад.
Албатта, мегӯянд дузд гумони дуздӣ мебарад, худ ки харидашуда ва зертобеӣ дигарон мебошад, хамин гумони бад зуд ба сараш меояд. Охир бузургон мегӯянд: Аз як дурӯғ даӽ бало ба сари инсон меояд ва инсон набояд дар ягон ӽолат дурӯғ гуяд. Ин одам ин ⱪадар дурӯғро чи гуна посух мегуфта бошад, шояд балоӽо ҷамъ шуда яку якбора ба сари Салимпул мерезанд.
Сухан заӽру позаӽр асту гарму сард,
Сухан талху ширину дармону дард.
Шунидам, ки бошад забони сухан,
Чу алмоси буррову теғи куӽан.
Сухан бифканад минбару дорро,
Зи сурох берун кашад дорро.
Роӽе ки Мирзои Салимпул пеш гирифтааст роӽи хато ва беохирест, поёнаш ба ҷуз яъсу ноумедӣ дигар чизе ба бор намеорад. Зеро хиёнат ба ватану миллат ин ҷурми андак нест, ки нодидааш гирӣ ва ин ӽама ҷурмро муҷозоте дар пеш аст, ки агар зинда монем хоӽем дид. Аз ин сафсатагуиву ёвасароӣ ба куҷо мерасида бошад ва маⱪсадаш аз ин сомона чӣ будаву ӽарфи дурӯғи ӯ ба дарди ки мехурда бошад. Ман аз забони шоир ӽамин ⱪадар мегуям:
Ӽаргиз нарасӣ ба Каъба ай аъробӣ,
Ин роӽ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.
Бале! Роӽе ки ту меравӣ ба Туркистон аст, ӽоло ӽам дер нашудааст аз ин роӽи хато баргашта ба роӽи рост, роӽе ки туро ба маⱪсад мерасонад бирав. Имрӯз кам нестанд нафароне, ки хатои худро фаӽмида, аз карда пушаймонанд ва аз давлату миллати худ узрхоӽӣ намуданд ва бо хотири ҷамъу дили ором дар Ватан кору фаъолият доранд.
Ӽамин тавр Мирзои Салимпул бо сомонаи худ “Ахбор ком” гуё шуӽрати худро ҷаӽонӣ намуда, худро ба ҷаӽониён мешиносонад. Ва ӽамин тавр ӽам ӽаст дигар тамоми ҷаӽон ӯро мешиносанд медонанд, ки ӯ як хиёнаткор ва ватанфурӯш аст. Аз Ватани худ фирор намуда дар мулки бегона барои бегонагон кор мекунад.
Ҷаноби Салимпул ӽам имрӯз фурсат дорад то ба Ватан баргашта узрхоӽӣ кунад ва фаъолияти рӯзноманигорияшро давом диӽад ва мисли дигар сокинони осоишта дар оғӯши гарми Ватан зиндагӣ кунад. Зеро ӽеҷ неъмате ва ӽеҷ сарвате ҷои меӽри Ватанро гирифта наметавонад.
Хамин аст азизон маънии хонаи анкабут, ки ман гуфтам ба маънои дигараш“ Ахборком” , ки муассисаш бо нияти душманӣ ва хусумату бадбинӣ онро фаъол намудааст. Умедворам ин навиштаи ман ба дасти Мирзои Салимпул мерасад ва сари ин ӽарфӽо лаӽзае ӽам бошад меандешад. Аслан ӯ бояд бо тоҷик буданаш бифахрад, зеро тоҷикон дар арсаи таърих миллати шуҷоъ, далер, ⱪавӣ раӽмдил ва хеле бофарӽанг ӽастанд. Ва ӽар кӣ бо ин миллат душманӣ варзад сари худро ба бод додааст. Чуноне шоир мегуяд:
Ӽар ки бар душмании халⱪ равон аст чу баӽр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
(Маӽваш)