Нуқтаи назар Хабарҳо

ПАЁМ – РОҲНАМОИ МАВҚЕИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

print

   Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 26 декабри соли 2018 ироа гардид, баёнгари рушди босуботи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва роҳнамои хирадмандонае ба самти музаффариятҳои навин мебошад. Муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми худ тамоми самтҳои ҷомеаро таҳлил намуда, аз ҷумла оид ба мақоми зан дар ҷомеа таъкидҳои саривақтӣ ва нуктасанҷона намуданд. Сарвари давлат қайд карданд, ки: «Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем». Тамоми мардуми шарафманди тоҷик шоҳиданд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдомоти неки Пешвои миллат мавқеи зан зина ба зина боло рафта, дар аксари соҳаҳо таҳким ёфт. Тавре, ки Президенти кишвар таъкид доштанд, дар ин давра дар самти ҳуқуқу озодиҳои зан як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ гардиданд.  Аз ҷумла, «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2023», Консепсияи рушди оила ва «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 – 2022» аз санадҳои меъёрию ҳуқуқие мебошанд, ки бар иловаи дигар асноди муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расиданд ва барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем». Ҳамин эътимоду боварӣ буд, ки имрӯз занон дар ҷомеа мавқеи худро соҳиб шуда, баробари мардон дар сохторҳои роҳбарикунанда ва соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ аҳлона заҳмат мекашанд ва барои рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд, ки ин боиси хурсандӣ ва шукргузории ҳар яки мо мебошад. Дар ҳақиқат, тибқи таъкиди Пешвои миллат имрӯз дар ду соҳаи муҳими ҷомеа – маориф ва тандурустӣ шумораи занону духтарон бамаротиб афзоиш ёфтааст. Мувофиқи маълумоти оморӣ имрӯз 49,6%-и аҳолии шаҳри Турсунзодаро занону духтарон ташкил дода, дар соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода 4127 нафар ва дар соҳаи тандурустӣ 2418 нафар бонувон софдилона вазифаҳои хидматии худро иҷро намуда истодаанд. Шумораи занон – хизматчиёни давлатӣ низ дар мақомоти маҳаллии  ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот афзоиш ёфта, имрӯз ба 28 нафар расидаанд. Дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода занон соҳиби 7 мандат мебошанд. Ба таври умумӣ бошад, дар шаҳри Турсунзода имрӯз 413 нафар зан вазифаи роҳбарикунандаро бар дӯш доранд ва онро сарбаландона иҷро карда истодаанд. Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат кор дар самти ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ ва мансабҳои роҳбарикунанда идома дорад. Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва кули мардуми шарифи Тоҷикистон ба мо – занон ва алалхусус занони роҳбар илҳоми тоза бахшида, масъулияти моро беш аз пеш даҳчанд намуд. Тибқи таъкиди падаронаи Сарвари давлат мо – модарону бонувони кишвар бояд дар риояи қонунҳои миллиамон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» боз ҳам фаъолтар гардем ва фарзандонро ба зиндагии мустақилона омода карда, онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят намоем, сарфаю сариштакориро, ки яке аз хислатҳои беҳтарини миллати қадимаи мост, риоя кунем, дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳамеша пешсаф бошем, расму ойин, анъанаву суннатҳо ва фарҳанги миллиамонро ҳифз намоем ва дар поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, ки мо онро маъмулан забони модарӣ меномем, кӯшиш карда, ба наслҳои оянда одоби муошират ва суханвариро бо ин забони ширину шоирона омӯзонем.

Фахрия ТАҒОЕВА,

и.в.мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода  

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *