Ҷаҳондорӣ мукофот асту дорад табъи ойина,
Ба ҳар сурат ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ.
Бармегардем ба «Муҳимтарин рӯйдодҳои соли 2018 барои оппозитсия», ки дар сомонаи аҷнабӣ «Кимиёи саодат» ба нашр расидааст:
1)Ҳазфи номи Кабирӣ аз феҳристи Интерпол ниҳоӣ нашудааст. Боздошти Н.Самиев, С.Зафар, М.Кузов дар кишварҳои хориҷӣ ва истирдоди даҳхо нафар афроде ки дар қатлу ғорати мардум даст доштанд ва аъзои ҳизби ҳаракати террористӣ буданд, далолат аз он мекунад, роҳкори боздошти ҷинояткорҳо идома дорад ва соли 2019 он даҳҳо рӯйдоди инчуниниро ба армуғон меоварад. Аз ҷониби дигар, Кабирӣ дар рӯйхати ягонаи Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай, СААД ва ИДМ қарор дошта, боздошт, истирдод ва депорти он масъалаи вақт аст.
2) Ҳамоиши Дортмунд ҷамъомади 7 нафар осӣ ва ёғии давлатгурез буд, ки шарм накарда, кӯдаконро ҳам ба гарави сиёсат кашонданд. Дар ин маврид мавзӯи гуфтан нест. Зеро симоҳои такрорӣ ва шиорҳои забонзада, ин ҳамоишро бештар ба рақси дастаҷамъӣ табдил дод.
3) Наҷоти Ҳамза. Давлатро ин тавр идора мекунанд. Силаи раҳмро Ҳукумат дар масъалаи Ҳамзаи хурдсол ба наҳви аҳсан ба намоиш гузошт. Ҳукумати одил бо кӯмак намудан ба муолиҷаи Ҳамза, ба мисли ҳазорон кӯдаки дигар, нақши «ятимнавозӣ-ро ба оппозитсияи қотил нишон дод. Тоҷикистони азиз, давлати ҳуқуқбунёд аст ва қонунгузор дар содир кардани ҷиноятҳо ҷавобгарии фардиро муайян кардааст. Ҳарчанд бобои Ҳамза дар ҷиноятҳои сангин даст дорад, ин ҳисобаш чудост ва хеле сангин.
4) Масъалаи Фотима. Фотимаҳо духтари ин миллатанд. Сараввал, тақдири модари тоҷикро дар бозиҳои сиёсӣ омехта карданд, худ аз олудагии ахлоқии масъули аҷнабӣ (хонда шавад «Кимиёи саодат») шаҳодат медиҳад. Касе ба модару кӯдак кор надорад. На каму беш. Масъалаи Фотима духтари Ш.Худойдодова бошад, мисли тақдири ҳар як тифли тоҷик ҳаргиз барои ҷомеа бетафовут набуд ва намебошад. Фақат бо таваҷҷуҳ ба он ки омили инсонрабоӣ ва қудакфурӯшӣ дар ҷаҳон роиҷ гаштааст, марҳилаи ҳуқуқии фиристодани ин кӯдаки маъсум ба таъхир гузошта шуд. Наметавон кӯдаконро, ки ҳуқуқашонро Худойдодова гӯй дар мадди назар дорад, бе назорати волидайн ба хориҷа фиристод. Дар ин масъала ҳам Ҳукумат футуват ва ҷавонмардӣ нишон дод. Бармегардем, ба корҳои ҳуқуқшиносии Шабнам Худойдодова. Ташхиси навиштаҳои ӯ нишон медиҳад, ки аз ҳуқуқу сиёсат бӯ намебарад. Маълум аст, ки бо тавсияи «язнамулло»-и амрикоӣ ба ин корҳо даст задааст ва мехоҳад бо ин роҳ манфиати миллиро туъмаи аҷнабӣ гардонад. Заминаи рафтанро ба он сӯйи уқёнус ҳамчун муборизи оштинопазир муҳайё созад. Тактикаи чеҳрасозии Ш.Худойдодова кӯхна шудааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки аз худ ҷабрдида сохтан ва худро Малёлай вонамуд кардан, пайомади хуб надорад. Барои он ки ин мулк соҳиб дорад ва ин ҳилаҳо дигар намегузарад.
5) Таъсиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ. Ин Кумита аслан Кумитаи марг ном дорад ва раҳбари беори он Бобоев А. ва Кузов М. мебошанд. Ин ҷуфти муносиб ба фиристодани террористҳо ба Тоҷикистон даст доранд. Зарбае ки ин ду аҷнабӣ бо ҳилаҳои шаръиашон ба обрӯи мардуми диёр задааст, ба хиромон қадам задани он бутаки кабкрези файзободӣ шабоҳатҳои вофир ва ҳамсон дорад. Ҳар се яксон ба оташи душман равған мерезанд, ҳарду дар назди пул ҳарисанд ва ва ҳар се мафтуни лабханди оятуллоҳои мактаби Қуму Гургонанд. Ҳар се мухлису навкари рақсҳои суфимашрабанд дар тимсоли олуфтаҳои банози дискотекаҳои Дортмунд. Мавъизаи «Дор-ул-ҳарб», ки ба сӯи Аврупо дар кӯчаи Бохтар ҷеғ мезаданд, чӣ шуд бо фалсафаи шаҳодаташон?
6) Ифшогариҳои “Поляков”-и тоҷик: Поляков яке аз хоинҳои машҳур дар айёми шӯравӣ буд. Дар охирҳои моҳи августи 2018 дастёр (старшина) Муҳаммадалӣ Расулов, афсари собиқи КДАМ бо пахши як навори видеоӣ дар саҳифаи фейсбукиаш эълон кард, ки кор дар ин кумитаро қатъ мекунад. Ин тоифа ҳукми худро бо ду дасти адаб хондааст. Хоин дар Африка ҳам хоин аст. Хунбаҳои ин лаин рӯзҳои наздик гирифта мешавад. Ин миллат қаҳрамонпарвар аст. Қаҳрамони мо Рустам Амакиев ва садҳо нафар афсари сарсупурдаи амният аст. Амниятӣ ба он чӣ хиёнат аст, муносибати оштинопазир дорад. Ин фардак истисност. Вассалом.
7) Ширкати оппозистсияи ҷангҷӯ дар нишасти солонаи САҲА. Зарбае ки ба даҳони Сулаймон Орзуев ва Вайсиддин Одинаев зада шуд, ин мушти одоби миллат буд. Барои беодобӣ. Он чӣ ки ба чамъомад иртибот мегирад, чизе ки дар Варшава гузашт, онро шоу бизнес мегӯянд, ки мардумро барои фиреби назар ҷамъ карданд ва барои вақгузаронӣ ҳангома карданд. Муштзанӣ ҳам асос дошт. Беҳурматӣ ба намояндагони Ҳукумат ва ба худи аъзои собиқадори ҲНИ Айёмиддин Сатторов. Аз ин лиҳоз ҳам агар бингарӣ мебинӣ, ки аз лиҳози ахлоқӣ ҷониби Ҳукумат баранда буд. Ба ҳимояи шарафи ҳайат даст алам кард, ки дар тамоми дунё равост.
8) Таъсиси Паймони зиддимиллӣ. Ин тамоюли муллопарастӣ ва чабҳасозӣ то андозае дар байни наҳзатиҳо зиёд гаштааст, ки шиорҳои онҳо аз тарафдорони оятуллоҳои Ирон ва Афғонистон, тафовут надошт. Яъне ба таври нохудогоҳ, ин паймонаки аслбохта ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди Тоҷикистон таҳрик мекунад ва ба ҷабҳагирии хилофи манфиатҳои дарозмуддати мардум, водор менамояд. Ин ҳам тахриби равобити байналмилалии ҷумҳурӣ аз ҷониби ин табақаи олуда дар андешаҳои хоми худ буд, зеро бобати оянданигарӣ ва тақдири миллат иттилооти саҳеҳ надоранд ва дар ҷаҳли мураккаб ғутавар. Мо таҷрибаи мулло ва демократро як бор дидем. Демократҳои 90-ум ҳаргиз интизорашро надоштанд, ки раванди инкишофи воқеаҳо чунон ғайриинтизор ва онҳоро ғофилгир мекунад. Якеро маҷбур ба тарки Ватан, дуюмиро дучори сактаи мағзӣ, сеюмиро водор чун зоҳидони сӯфимашраб ба гӯшанишинӣ менамояд. Оғози ҷанги шаҳрвандӣ бояд гуфт, ки иштибоҳҳоеро рӯнамоӣ кард, ки намояндагони равшанфикр бинобар тафаккури муллогарӣ ва фосила доштан аз зиндагии рӯзмарраи мардум, дар шинохт ва дарки маниши халқи тоҷик ноком ва ноуҳдабаро баромаданд. Муллоҳои ҳизбдӯстдор захми носур дар бадани ин халқанд.Ояндаи ин паймони зиддмилӣ бунбаст аст.
9) Баргузори роҳпаймоӣ дар назди Сафорати Тоҷикистон дар Олмон ва Бундестаг. Ин роҳпаймоӣ нею рақси авлодӣ буд. Раҳбари беурзаву нанги наҳзат барои касби мақоми паноҳандагӣ ба худу авлодаш бо як қисми бадан ҷунбонду вонамуд кард, ки роҳпаймоӣ аст. Конвенсияи Венаро хондан даркор аст. Шумо бесаводҳои ҷоҳил намедонед, ки кишвари пазиранда масъулияти ҳимояи дипломатҳоро дорад. Шумо гумроҳонро ки собиқаи террористӣ доред, дар масофаи 5 км ба Сафорат наздик шудан намемонад. Шумо ҳама дар рӯйхати сиёҳи хадамоти кишварҳо ҷо доред. Боздошти шумо як амри коғазбозӣ ва вақтгир аст.
Ҳамин тариқ, соли 2018 соли бунбаст ва торикӣ барои наҳзат буд. Барои куштори сайёҳони хориҷӣ, фиристодани 10 гурӯҳи террористҳо, эҷоди тарсу ваҳшат дар ҷомеа, аз шумо аслбохтаҳои аҷнабидӯст талаб карда мешавад, ки ғаромат пардохт кунед ва дар назди қонун ҷавоб диҳед.
Афсар Сармадов, таҳлилгар.
Махсус барои «Ахбор.ком»