- Соли 2018 кушишҳое аз тарафи фирориёни ҷинояткори наҳзатӣ ба роҳ монда шуд, ки ба хотири рӯйпӯш намудани ҷиноёти мутаадии хеш ва ҳаммаслаконаш эътилоферо дар Варшава таъсис диҳад, то он фарогири гурӯҳҳо ва ташкилотҳои дигар бошад. Аз ин лиҳоз эътилоферо бо унвонии Паймони Миллии Тоҷикистон, таъсис додаанд, аслан на паймони миллӣ, балки онро метавон театри мазҳакавии “Наҳзат & К” ном бурд. Зеро воқеияти ин паймонро ҳамонҳое ташкил медиҳанд, ки бевосита ҳамбастагӣ ба террористон доранд ва дар тамоми замони фаъолият аз пуштибонӣ, сармоягузорӣ ва вобастагии ин ташаккула ба вуҷуд омадаанд. Мусаллам аст, ки пас аз содир намудани ҷиноёти мутаадӣ ва даст задан ба амалҳои террористӣ, ки ин нафарон фирор намуда, дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурданд, ба хотири рӯйпуш намудани ҷиноёти хеш ва фирор аз бозпурсию зиндон доду ба роҳ монданд ва худро дар назди созмонҳо ва ҳукуматҳои аврупоӣ бечора вонамуд сохтанд. Роҳбари террористон меандешид, ки дар Аврупо дигар қувваҳои хислати мухолиф доштаро ба худ мепайвандад. Вале аз як тараф хислати худхоҳӣ ва тамомиятхоҳии ӯ, аз тарафи дигар макру ҳиялҳое, ки ин ҳизб дар солҳои 90- уми асри гузашта дар баробари созмонҳои дигар анҷом дода буд, нагузоштанд, ки дигар созмонҳо ба ин эътилоф пайванданд. Зеро аъмоли зиддиинсонӣ ва зиддимиллии ин террористон ошкор шуда буд. Ҳамин буд, ки роҳбари ин ташакулла, ки сад чеҳра дорад ва ҳар нақшро хуб бозӣ мекунад, ба хотири ба даст овардани пулу сармоя ва нуфузу эътибор ҳаммаслакони хешро, ки бунёдан ҳама аз афкори террористию экстремистӣ маншаъ мегиранд, ба чанд даста тақсим намуда, ҳар кадоме аз ононро бо номҳои болохонадор муаррифӣ намуд ва онҳоро ба ҳайси ташакуллаҳои алоҳида баррасӣ кард. Аз ҷумла: Алим Шерзамоновро, ки дар собиқа раиси бахши Бадахшонии наҳзатиҳо буд, роҳбари “Анҷумани озодандешони тоҷик” ном бурд, ҳол он ки дар зеҳнияти номбурда ба ҷуз дуруғу тавтеа ҳеҷ озодандешӣ вуҷуд надорад. Шарофиддин Гадоев аз гуруҳи ифротии 24-ро ки дастпарвари ташакуллаи терористии наҳзатӣ аст бо номи роҳбари “Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон” эълон намуд. Ҳамчунин яке аз аъзоёни гумоштагони ин ҳизби террористӣ Илҳомҷон Ёқубовро роҳбари “Ҷунбиши муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар иттиҳоди Аврупо” муаррифӣ кард ва худи роҳбари наҳзатиҳои террорист баромад намуда ба ҳайси иҷрокунандаи нақши асосӣ гуё эътилофе ташкил дод. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна паймоне вуҷуд надорад ва як бозии театрикунонидаи онҳо аст аст. Роҳбари террористони наҳзатӣ бо ин навъи саҳнасозиҳояш гумон мекунад, онро дигарон дарк намекунанд ва ҳадди ақал мехоҳад созмонҳо ва кишварҳои аврупоиро таҳмиқ кунад.
- Бо таъсиси ин эътилоф мехостанд, дигар созмонҳоро ҷалб намоянд ва худро аз унвони ташаккулаи терористии наҳзатӣ озод намоянд ва дар чеҳраи мардумсолор ва мудерн арзёбӣ кунанд, то аз кишварҳои дигар кумаку сармоя ба даст оваранд, аммо ин кушиши онҳоро дигар қувваҳои сиёсиву фарҳангии дар Аврупо буда напазируфтанд, зеро онҳо яқин ҳосил карданд, ки бо террорист эътилоф кардан худро бадном ва сарафканда кардан аст.
- Бо назардошти соли Саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон ин қувваҳои сияҳкор ва зиддимиллӣ кушиш ба харҷ доданд, то монеъи вуруди сайёҳон ба кишвар шаванд ва амали террористиро дар тобистони имсол, дар ҳудуди ноҳияи Данғара тавассути гумоштагони хеш амалӣ намуданду барои худро бегуноҳ муаррифӣ намудан бар гардани ДИИШ ҳавола намуданд. Аммо ин амали онҳо дар муддати кӯтоҳтарин аз тарафи мақомоти зиддахли Тоҷикистон ошкор ва муаян карда шуда, омилони ҷиноят муҷозот гардиданд. Ба дурустӣ муаян гардид, ки ин амалро роҳбарони наҳзатӣ таҳия намуда, аз тарафи гумоштагони онҳо ба иҷро дароварда шудааст.
- Аъмоли зиддиинсонӣ ва террористии наҳзатиҳоро ором – ором кишварҳои ҷаҳон эътироф мекунанд. Новобаста аз фазлфурушӣ ва худро бегуноҳу ҷабрдида ба намоиш гузоштану бар дари ҳар созмони минтақавию ҷаҳонӣ задани ин афроди худбохтаи беҳувият ва доду бедодро роҳандозӣ намудани онҳо дигар фоида надорад. Вале аъмоли палидонаи онҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд. Ахиран, пас аз содиршавии ҳукми гумоштагони террористи ин гуруҳ, ки дар тобистони соли равон ба ҷаҳонгардони хориҷӣ ҳамлавар шуда, чанд танро ба ҳалокат расониданд, “Настоящее Время” – телевизиони муштараки радиои “Озодӣ” ва “Садои Амрико” – бори аввал ба таври ошкор наҳзатиҳоро ба даст доштан дар қатли 4 сайёҳи хориҷӣ дар ноҳияи Данғара айбдор кард. Дар гузориши “Настоящее Время” гуфта мешавад, ки “ҳамлагарон бо супориши кураторашон – узви фаъоли ташкилоти террористии наҳзатӣ Қорӣ Носир муддати зиёде гуруҳи бузурги сайёҳони велосипедсаворро дар саросари Тоҷикистон меҷустанд. Чунин ба назар мерасад, ки ба хотири аъмоли бад ва зиддиинсонии хешро пинҳон доштан, террористони наҳзатӣ, мехостанд онро бар души гуруҳҳои дигари террористӣ, аз ҷумла ДИИШ ҳавола кунанд. Дар ин маврид ҳам ба хотире, ки хешро дар Аврупои дунявӣ паноҳ бурдаанд ва афкори таҳаммулнопазир ва зиддибашарии хешро идомат бахшанду дар озодӣ бимонанд. Ҳол он ки таҷрибаи чунин даҳшатафканиро инҳо пеш аз ДИИШ ва гуруҳҳои дигари террористӣ дар солҳои 90-ум дар Тоҷикистон анҷом додаанд. Имрӯз агарчӣ ниқоби дигаре ба чеҳра кашида, аз демократия ва дунявият фазлфӯрӯши мекунанд, аммо афкорашон то ҳануз инсонбадбин ва таҳамулнопазир ва ифротӣ аст. Эътирофи чунин як факт шикасти дигаре дар арсаи байналмиллалӣ барои ин ташаккула дар соли сипришуда маҳсуб буд.
- Додоҷони Атовулло яке аз рӯзноманигорони мухолиф чеҳраии воқеии хабисона ва террористонаи наҳзатиҳо ва роҳбарияту ҳампаймонони онро ошкор намуда, сидқан ва холисан эътироф менамояд, ки наҳзатиён ҳамон дуруғгую палидҳоеанд, ки солҳои 90 қарни гузашта ҳазорон нафарро ваъдаҳои осмонӣ доданд, ба майдонҳо кашониданд ва ахиран онҳоро дар нимароҳ гузошта, қурбонӣ намуданд. Имрӯз даъвоҳои роҳбари наҳзатӣ, ки ҳама чизро ба вазни тиҷоратҳои хеш бармекашад, ҳамон фитаи куҳнаро аз нав ба бозӣ даровардан аст. Даъво пеш меоварад, ки ҷавонон бо ӯ пайванданд ва ба онҳо ваъдаи “биҳишти адн”-ро медиҳад, ки дар ҳоли ба даст овардани ҳокимият ба онҳо мансабу зиндагии осмониро ваъда медиҳад. Воқеан, дар ин самт пайравӣ аз “пирони тариқаташ Оятуллоҳ Хумайнӣ мекунад”, ки дар бомдоди инқилоби исломӣ ба мардуми Эрон ваъда карда буд, ки «мо ҳамаро барои шумо маҷонӣ” мекунем ва барояшон биҳишти заминӣ ваъда карда буд. Додоҷони Атовулло бисёр таъкиди ба маврид мекунад, ки ба ин мушҳову рубаҳҳо бовар накунед: “ба хиёнаткор як бор бовар кардан шояд камоли бузургворист. Аммо ду бор бовар кардан камоли аблаҳист. Бовар накунед, агар сад бор тавба кунад, бовар накунед, агар сад бор савганд ёд кунад, бовар накунед агар ҳазор бор баёния пахш кунад. Бовар накунед агар сад бор паймон бубандад, ҳама ҳарфашон дуруғ аст, ҳама ҳарфашон такрор аст… Онҳо кузаи холианд. Ҳар чи дигарон резанд ҳамон метаровад. Намози онҳо дуруғ аст. Мусалмонии онҳо дуруғ аст, одамияти онҳо дуруғ аст”. Воқеан дар ин чанд сатр чеҳраи аслии наҳзатиён ва махсусан роҳбари онро амиқ ва дақиқ тасвир менамояд. Собит мекунад, ки инҳо буданд, ки тамоми умр дигаронро фиреб доданд, хиёнат карданд ва ахиран паймони ваҳдат ва ризоияти миллиро низ ҳаминҳо шикастаанд. Инҳо ҳамон ҳеҷкораҳоеанд, ки аз худ шахсият метарошанд вале ҳеҷ ҳарфе барои гуфтан надоранд, ҳеҷ андешаи созандае дар сар надоранд, танҳо барои расидан ба ҳадафҳои шуму нопоки хеш мардумонро ба гумроҳӣ мекашонанд ва аз нодонии онҳо осиёби манфиатҳои хешро ба гардиш медароранд. Воқеан аз ҷониби Додоҷони Атовулло дар чанд мақолаи кӯтоҳ ошкор шудани чеҳраи аслии ин худбохтагони беҳувият як шикасти дигари онҳо дар ин сол буд.
- Ин даста аз фиребгарони худбохтаи беҳувият, ҳарчанд дар давоми сол алайҳи давлату миллати Тоҷик сели иттилоти ғаразноку беасос ва ҳангомаҷӯёнаро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ бар фазо пахш карданд, аммо шаҳрвандони азизи кишвар дигар аз найрангу дуруғ ва чоплусиву ҳаннотӣ ва худбохтагиву беҳувиятӣ ва афкори зидимилливу зидибашарии онҳо огоҳ аст. Дигар афсонаҳои роҳбарони ин ташаккулаи террористиро касе бовар нахоҳад кард. Чеҳраи воқеии онҳо назди мардум дар ин сол ошкор гардид ва кушишҳояшон дар ин самт низ беасар буд…
Хулоса соле, ки сипарӣ шуд, барои худбохтагони беҳувияти вопасгаро як соли пуршикаст буд. Соле ки кушишҳояшон бар абас рафт. Соле ки дуруғгӯиву шаёдиашон бармало шуд. Соле ки чеҳраи аслиашон назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ошкор шуд…
Эҳсони Илҳом,
таҳлилгар