Хабарҳо

Темур Варақӣ, бегонае ки худро халқи таҳҷоӣ ва патриот вонамуд кардааст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

print
Миллати тоҷик аз темуру темуҷинҳо азоби зиёд дидааст. Яке калламанора месохт ва хумор мешикаст, дигарӣ мардумро қатлу ғорат мекард ва шаҳрҳоро валангор. «Қаҳрамон»-и ин лавҳаи насрӣ Темур ном дорад. Темур Қличев. Темур Варақӣ. Темур Варқӣ. Чун номаш ба башари беҳаёяаш созгор аст, худро ҳомии тоҷик вонамуд карда, дар Фаронса, ба номи «ҳуқуқи башар» пора меситоянд.

Барои хонандаи ҷавон, ки воқеаҳои солҳои 90-умро надидааст, фикр ба муаррифии бештари ин Темур ниёз дорад.  Ӯ чун дӯкондорони дин, озодиҳои бесару нӯги горбачёвиро имконияти хуби худтаблиғкунӣ пиндошта, ба ҳаракатҳои демократӣ, вале дар асл зиддимардумӣ даст мезад. Чун мактаби русиро хатм карда буд, мақолаҳои зидду нақиз менавишт, режими собиқаро нақд мекард, аз худ қаҳрамон метарошид.  Касе аз аслбохта ва каҷрав намепурсид, кӣ ту кӣ ҳастӣ? Бо ин ному насаби шаккокат бо ин миллат чӣ умумият дорӣ? Ин музахрафоти ту, ба кӣ даркор аст?

Чун ҳукумати конститутсионӣ барқарор гашт, ба Россия фирор кард, чун медонист, ки яке аз омилҳои ҷанги дохилӣ аст ва ба ҷиноятҳояш ҷавоб бидиҳад. Дар Россия аз бекорӣ кадукорӣ ба шеърнависӣ даст зад, ҷоизаяке гирифт.  Солҳои 2000 барои таъини вазифаи баланд ба Тоҷикистон омад, вале мардуми огоҳ аз хиёнтапешагии Варақӣ ба ӯ дари корхонаҳоро бастанд. Худро ватандӯст вонамуд кард. Айнан он чизе ки ин ҳунарпеша дар Аврупо нақш меофарад. Ӯ такроран ба муҳоҷират рӯ овард. Ин дафъа боз ба ифротиҳо пайваст.

Барои ист ва руҷуъи  воқеӣ ба тасвири равонии Темур Варақӣ зеҳн меронем, ки чаро ин гуна афрод хиёнати миллатро 3 даҳсола аст, такрор мекунанд:

Якум, Темур Варақӣ, шахси аърофӣ дар ҷомеаи тоҷик маҳсуб мешавад. Ҳеч пайванди хунӣ ва таборӣ бо миллати тоҷик надорад. Аз ин лиҳоз, дар сатҳи зершуур мухолифи пешравии ин миллат аст.

Дуюм, ному насаби бегона, тоҷик миёнаомориро ба таноқуз ва зиддияти мантиқӣ мебарад. Яъне тоҷик худ куҷост, ки варақиҳо темури лангиҳо ба ҳимояи миллат қад алам кардаанд. Фикратон бошад.

 Сеюм, Т.Варақӣ дар тӯли умри 60 солааш, ҳеч вақт кӯшиши накардааст, ки бо ин миллат даромезад. Нафрати беандоза ба забони тоҷикӣ дорад. Пояш ба лаби гӯр расидааст, вале кӯшиш накардааст, забони тоҷиконро биомӯзад. Патриоти лолу дар тахриби кишвар ҳушёри Варақиро бинед!

Чорум, Т.Варақӣ бо андешаи харобе ки бар зидди ин миллат дорад, бисёр зиракона бо муттаҳид шудан бо як бахши намояндагони ин миллат, ба таҷзияи тарафи дигар машғул аст. Масали «Тафриқа андозу ҳукумат рон», баёнгари асли хислати Варақӣ мебошад.

Панҷум, ин гуна бадбахтҳо ба сони Варақӣ чун худ муҳоҷиру фирорӣ ва аз зодгоҳи худ  безоранд, дар тафаккури ҷавонони муҳоҷир, эҳсоси ватанбезорӣ, нигилизми иҷтимоӣ (танаффур ба миллат)-ро талқин мекунанд.

Шашум, фарзандони асили Ватан чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ, сипари боэътимоди юришҳои темурӣ мебошад. Чун тиннати онҳоро хуб медонанду душманро мешиносанд.

«Акка роҳгардии зоғро орзу карда, ҳам аз роҳгардии худ монду ҳам роҳгардии зоғро фаромӯш кард». Темур Варақӣ хамон акка аст…

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *