Нуқтаи назар

ТАБРИКОТИ МУҒРИЗОНАИ КАБИРӢ 

print

Табрикоти солинавии Кабириро чӣ гуна метавон баҳо дод? Ин нимчамуллоҳо аввал бо “фатвову далел”- ҳои ба худашон писанд таҷлили Соли нави мелодиро “ҳаром” гуфта, барпокунандагони онро душмани шариату миллат мепиндоштанд. Аҷиб аст, ки акнун бо чӣ “фатвову далел” таҷлили Соли навро “ҳалол” карда, мардумро “самимона” табрик мегӯянд, ба худашон маълум.

Бовар кунед, зери пардаи ин табрикоти “сиёсӣ” боз ҳам ниятҳои муғризонаи Кабирӣ ниҳон аст. Зеро акнун Кабирӣ “муллои аврупоист”. Ба ҷои фӯтаву дастору тасбеҳ папка дорад. Даруни папка гуфти бародарои рус “ради понта” маводҳои ҳуқуқӣ вобаста ба “демократия”, “ҳуқуқи инсон”, ҳифзи ҳуқуқи зиндониёни сиёсӣ” ваҳоказоро гирифта, мегардад, зеро аз онҳо ба машоми Кабирӣ ҳар лаҳза бӯи “евро” мезанад. Аз ин лиҳоз, вақтҳои охир Кабирӣ ҳатто бе бисмиллоҳ сухан мегӯяд.

Кабирӣ бо “ҳалол” кардани таҷлили соли нави мелодӣ фикр кард, ки як “хол”-и сиёсӣ гирифта, ҳамчунин ба мақолаи “Тавба”-и Додоҷон Атовуллоев “зарба”-и ҷавобӣ мезанад

Кабирӣ дар суханронии худ таъкид доштааст, миллати азияткашидаи мо, ки ҳам таҷрибаи бойи ҳамзистӣ ва ҳам таҷрибаи талхи низоъҳои идеологиву қавмиро дорад, бояд намунаи волои эҳтиром ба арзишҳо, анъана ва эътиқодоти ҳамаи сокинони кишвар гашта, ин ҳолатҳоро на омили ихтилоф, балки омили ваҳдат ва ҳамгаройии бештар байни ҳамаи миллиятҳо бигардонанд. Ин суханҳоро оне, мегӯяд, ки ба сари миллат азият оварда, бо хизмати хирсонааш миллат таҷрибаи талхи низоъҳоро чашид.  Мақсадаш ихтилофи миллат буду акнун аз ваҳдат сухан мегӯяд?

Аслан ӯ дар бораи ваҳдат гуфтан як сӯ истад, ҳатто  шунидан намехоҳад. Зеро нифоқи миллат ва хилофи ақидаҳо ба манфиати Кабирист. Агар ӯ технологияи мухолифатандозиро кор бурда натавонад,  пас,  бе маош ва карру фар мемонад.

Аммо ин дафъа бо табрикоти солинавӣ Кабирӣ муваффақ нашуд. Баръакс аз ҷониби “фанат”-ҳои сохтааш сӯи ӯ сангҳои маломат зиёд зада шуданд. Шояд баъзе аз “демократпарвар”-ҳои ба ин “муллои аврупоӣ” кафкӯбӣ карда бошанд,

Дар навбати худ мардуми шарифи Тоҷикистон умуман ба табрикоти ӯ ниёзе надоранд. Табрикоти аъзои эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон”, ки дар асл эътилофи ҷинояткорон ба ҳисоб меравад, ҳамчун аблаҳию нобакории навбатии Кабирӣ қабул гардид. Зеро мардуми Тоҷикистон ва тамоми муҳоҷирони муқими кишварҳои хориҷӣ аз тамоми найрангу амалҳои ҷинояткорона ва террористии Кабирӣ ва дӯстони бепаймонаш ба хубӣ огоҳ ҳастанд.. Ба ҳама маълум аст, ки аъзои эътилофи ба ном “Паймони миллии Тоҷикистон” ҷуз хиёнаткору қаллобу ватанфурӯш дигар “обрӯе” надоранд.  

Аз ин хотир, табрикоти ифротиён ба мардуми Тоҷикистон кӯшиши беҳуда аст.

АҲМАД САИД

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *