Нуқтаи назар

ХАТАРИ ТАФАККУРИ ИФРОТ ВА ТЕРРОРИЗМ

print

   Дар ҷомеи башарӣ вусъати ифротгароӣ ва терроризм аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб рафта, пешгирии ин падидаи номатлуб яке аз мавзуъҳои мубрами ҷаҳони  муосир ба ҳисоб меравад.

Дар кишвари мо падидаҳои номатлуб ва терроризим ба фаъолияти ТЭТ ҲНИ вобастагӣ дошта, наҳзатиҳо паси пардаи ислом бо кирдори ғафриисломӣ собит намуданд, ки ташкилоти ифротӣ мебошанд.

 Имрӯзҳо ҷавононе, ки ба қатори равияҳои бегона аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои ифротию терористӣ ҳамроҳ мешаванд, натанҳо бедину беимон, балки ҷинояткор ва хоини Ватану миллати хеш ба ҳисоб мераванд.

Ҳар хоине, ки дар даргириҳои кишварҳои хориҷӣ ба марг мерасанд, волидоне, ки онҳоро бо сад нозу ранҷҳои шабонарӯзӣ ба камол расонидаанд дар нази ҳамватанони худ дар хиҷолатанд, зеро ки фарзанди онҳо ҳам ба онҳо ва ҳам ба Ватан-модар хиёнат кардааст ва ин шаҳрвандонро касе бахшиданӣ нест.

Ҳадаф ва нақшаҳои таҳрезишудаи гурӯҳҳои ифротгаро аз байн бурдани кишварҳои соҳибистиқлол аз ҷумла аз байн бурдани оромии бебаҳои Ҷумҳурии биҳиштосои мо мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонони бонангу ори кишварро мебояд барои бедории сиёсӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, содиқона дӯст доштани Ватан, ҳимояи Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти муқаддасоти миллӣ ҳамаҷониба устувор бошанд.

Хурсандона дар кишвари мо ҷавонон  ва шаҳрвандони бонангу ор зиёданд, ки ба чунин беватанҳои хоин имконият намедиҳанд, ки ваҳдату якдилии кишварро халалдор созанд. Мо ба сарбозону ҷавонони ватандӯст эътимоди комил дорем. Пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистоне, ки ба гурӯҳҳои ифротӣ ва равияҳои бегона шомил мешаванд, фаромӯш насозанд, ки онҳо ба мақсади нопоки  худ нахоҳанд расид.

         Аъзои гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади низоъ андохтани миллат даст ба қатлу куштор ва хунрезӣ мезананд. Аммо аз сабаби бар зидди Ватану миллати хеш қарор доштанашон, хоини Ватану миллат ҳастанд.

         Мутасифона ҳоло ҳам бархе аз ҷавонон ба ваъдаҳои пучу бардурӯѓи хоҷагони хориҷии худ бовар намуда, ба гурӯҳҳои иртиҷоию ҷангҷӯ ва экстремистӣ ҳамроҳ шуда, ҳаёти ширини худро зери таҳдидҳои марговар мегузоранд  ва обрӯю эътибори волидайн ва ватани худро коста мегардонанд.

Аксари ташкилотҳои террористӣ ва ифротгаро барои расидан ба ҳадафҳои нопок ва разилонаи  худ дини мубини Исломро  сармашқи кори хеш ҳисобида, номи поку беолоиши Исломро низ доѓдор месозанд.

Ҷавонон бояд ҳушдор бошанд, ки тероризм ва экстремизм яке аз омилҳои хатарафзо ва даҳшатфикан дар ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, аҳолии сайёраро ба воҳима андохтааст. Ин рафтори номатлуб ва мудҳиш ҳаёти ҳазорон ҷавонмардону модаронро рабуда, ба тақдири ояндаи ҳар давлату миллат таъсири беандозаи манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» омадааст:

«Мубориза бар зидди терроризм яке аз вазифаҳои афзалиятноки давлат буда, фуксияҳои худро дар ин соҳа тавассути мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд амалӣ менамояд.»

Воқеан ҳам бо мақсади таъмини амнияти  устувор ҷиҳати пешгирии хатарҳои зиёдшавии терроризм, ифротгароӣ ва дигар амалҳои номатлуби замони муосир, баргузории Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Муборизаи муштарак  бо терроризму тэкстремизм ва тундгароии хушунатомез», ки дар Паёми Пешвои миллат ироа гардида буд, аз он далолат медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола баҳри пешгирӣ ва мубориза амалҳои тундравона дар ҷомеаи кишвар тадбирҳо меандешанд.

Мо сокинони Тоҷикистони биҳишосоро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои якпорчагии Ватан, ҳифзи сулҳу ваҳдат ва амнияти Ватани маҳбубамон талош варзида, кушиш намоем, ки то насли ҷавон фирефтаи ин гуна амалҳои номатлуб нагарданд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин маврид таъкид намуданд:

«Ифротгароӣ ва терроризм ватан, миллат, забон нажод  ва дин надорад». Аз ин лиҳоз ҷавонон бояд қазоват намоянд, ки ифротгароён ва террористон киҳоянд? 

Ба ҷавонони далеру шуҷои кишвар Ватанро мебояд зери Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол сарҷамъ гардида, сиёсати сулҳофари Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ  ва баҳри фардои гулафшони Ватан меҳнати содиқонаро ба пеш баранд., зеро Ватани моро танҳо худи мо обод месозем. Нест бод, тафриқаву ифротгароӣ! Поянда бод Тоҷикистони озоду обод!.

Раиси ҷамоати деҳоти Работ,

Маҳмадсаид Муротов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *