Фаъолияти намояндагон

ҲИСОБОТИ РАИСИ ШАҲР ДАР НАЗДИ ВАКИЛОН

print

Санаи 28 декабри соли 2018 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода Иҷлосияи ҳаждахуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) баргузор гардид, ки дар ҷараёни он ҳамчунин фаъолони шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, макомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳо, сарварони муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори умум ширкат доштанд.

Иҷлосия таҳти раёсати Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода баргузор ва дар рафти он 20 масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баррасии масъала якум раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Шоҳимардонов О. оид ба натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботи «Фирдавсӣ» №4  бар ивази вакили хориҷшуда маълумот манзур намуда, қайд кард, ки дар ҳавзаи мазкур Дустмуродов Сиёвуш Рустамович аз ҷониби интихобкунандагон ба ҳайси вакил интихоб гардид.

Зимни масъалаи 2 ва сеюм  ваколати вакилӣ ва узви  Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода «Оид ба масъалаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об» интихоб гардидани Дустмуродов С. Р. мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни баррасии масъалаи чоруми рӯзномаи Иҷлосия ҳисоботи раиси шаҳри Турсунзода  шунида шуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки  истеҳсоли ҳаҷми мол, кор ва хизматрасонӣ  дар ёздаҳ моҳи соли  2018 ба маблағи  2 млрд. 104 млн. сомонӣ баробар шуда, нисбат ба  ҳамин давраи соли гузашта 281,0 млн. сомонӣ зиёд мебошад: соҳаи савдо 11,3 фоиз, кишоварзӣ – 7,7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ- 2,2 фоиз, саноат  17,1  фоиз  ва сохтмон 2,8  маротиба  афзоиш  ёфтанд.
Бо истифодаи чораҳои пешбинишуда ва захираю имкониятҳои мавҷуда дар ёздаҳ моҳи соли 2018 буҷети шаҳр бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,1 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 137,8 млн.  сомонӣ  ворид  гардид.

Дар ин давра  қисми даромади буҷети маҳаллӣ ба андозаи 99,0 фоиз иҷро  гардида, ба буҷет 104,4  млн.  сомонӣ  ворид  шуд.

– Дар оғози сол қарздории музди меҳнат беш аз 11 млн. сомониро ташкил медод. Бо иҷрои  нақшаи буҷет муяссар шуд, ки музди меҳнати кормандони соҳаи буҷет ва маблағи нафақа дар шаҳр сари вақт пардохт ва барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ маблағҳои муайян ҷудо карда шаванд, – иброз дошт раиси шаҳр.

Сипас, қарзи ташкилоту муассисаҳо, корхонаю идораҳо ва хоҷагиҳои шаҳрро таҳлил намуда, раиси шаҳр иброз дошт, ки  ба ҳолати 1 декабри соли 2018 аз ҳамаи намуди андозҳо  маблағи 5 млн. 162,3 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

– Ҳарчанд, ки дар муқоиса бақияпулиҳо нисбати ҳамин давраи соли 2017 дар ҳаҷми 637,7 ҳазор сомонӣ кам гардида бошад ҳам, Нозироти андози шаҳрро мебояд корро дар ин самт боз ҳам вусъат бахшад, – таъкид дошт раиси шаҳр

Соҳаи саноати шаҳрро таҳлил намуда, раиси шаҳр таъкид дошт, ки   шаҳри Турсунзода шаҳри саноатию аграрӣ ба ҳисоб рафта, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 746,9 млн. сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 109 млн. сомонӣ (17,1 %) зиёд мебошад.

-Дар натиҷаи андешидани чораҳои зарурӣ соҳаи кишоварзии шаҳр низ рушд ёфт. Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ- пахта 3890 тонна, ғалладона 34695 тонна, картошка 7517 тонна, сабзавот 77508 тонна, полезӣ 4311 тонна, меваҷот 3976 тонна, ангур 22971 тонна,  гӯшт 4243 тонна, шир 21696 тонна,  пилла 12 тонна, пашм 73 тонна, асал 31,4 тонна ва тухм 3,7 млн. донаро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли гузашта картошка 2917 тонна, сабзавот 15241 тонна, полезӣ 500 тонна, меваҷот 58 тонна, ангур 1734 тонна, шир 115 тонна, пилла 1,3 тонна, асал 0,2 тонна ва тухм 42 ҳазор дона зиёд буда, пахта 1141 тонна, ғалладона 6821 тонна, гӯшт 33 тонна кам истеҳсол гардидааст.

Барои ба содирот баровардани маҳсулоти кишоварзии дар шаҳр истеҳсолшаванда тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истода, дар ин давра 166839 тонна маҳсулоти кишоварзии дар шаҳр истеҳсолгардида аз он 86726 тонна ба содирот бароварда шуд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 31000 тонна зиёд мебошад.

Дар идома соҳаи рушдди иҷтимоиро мавриди  шарҳ қарор дода А. Вализода илова намуд, ки  дар самти маориф, тандрустӣ, фарҳанг ва варзиш дастовардҳои шаҳр назаррас арзёбӣ мегардад.

Баъд аз ҳисоботи раис вакилон Азизова М. Муротов М. ва Алямова Ш ба музокира баромада, ҳисоботи раисро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар идома  ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ оид ба масъалаҳои иқтисод, буҷет, андоз ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Собирзода Ғ.М. мавриди баррасӣ қарор гирифта, вакил  Тоибов С. Ҳ. аз фаъолияти вакилии худ дар соли сипаришуда ҳисобот манзур намуд.

Дар ҷараёни баррасии масъалаҳои 7,8,9,10 рӯзномаи Иҷлосия  ҳисобот оид ба иҷрои буҷети шаҳр дар соли 2017, тасдиқи буҷети шаҳри Турсунзода барои соли 2019,            тасдиқ намудани нақшаи андози иҷтимоии шаҳри Турсунзода барои соли 2019 ва муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ мавриди баррасӣ қарор гириф.

Сипас,  вакилон протоколҳои ҷаласаи комиссияи кории шаҳри Турсунзода «Оид ба фонди рушди ҷомеаи маҳаллии шаҳр», нақшаи кории Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода дар соли 2019 ва  нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Турсунзода дар соли 2019 – ро тасдиқ намуданд.

Вакилон ҳамчунин масъалаи  пеш аз муҳлат қатъ гардонидани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи интихоботи «Маҳаллаи якум», № 6 Акрамзода Парвиз Акрам ва аз ҳайати Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода ва раисии комиссия оид ба масъалаҳои одоб баровардани номбурдаро баррасӣ карданд.

Дар ин радиф вакилон ба вазифаи сардори идораи давлатии бехдошти замин ва обёрии шаҳри Турсунзода таъин кардани Рузиев Сорбон Иброҳимович муовини якуми директори генералии КВД «Тоҷиксуғурта» дар шаҳри Турсунзода таъин намудани Мирзоев Музаффар Файзиевич, ба вазифаи директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода таъин шудани Дустов Шавкат Боймаҳмадович, ба вазифаи роҳбари шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Турсунзода» таъин кардани Рустамов Шарофиддин Саидовичро тасдиқ намуданд.

Дар охир вакилон вобаста ба қарорҳои раиси шаҳри Турсунзода, ки дар байни иҷлосияҳои ҳабдаҳум ва ҳаждаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр қабулшуда ва масъалаҳои баррасишудаи Иҷлосия қарорҳои зарурӣ   қабул намуданд.

КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *