Нишондодҳои рушд

ДАСТОВАРДҲОИ СОЛЕ, КИ СИПАРӢ МЕШАВАД

print

Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Тӯйчиев яке аз ҷраморатҳои калонтарини шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, аз 19 деҳа ва тақриби  25 ҳазор сокинон иборат мебошад. Масоҳати ҷамоати деҳот 4053 га.-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар қаламрави деҳот 11 муассисаи таълимӣ, 1 коллеҷи ғайридавлатии тиббӣ, 1 коллеҷи омӯзгорӣ, 3 Маркази саломатӣ, 2 бунгоҳи тиббӣ, 3 китобхона, 18 корхонаи хурд, 24 нуқтаи хизматрасонӣ, 1 масҷиди ҷомеъ ва 3 масҷиди панҷвақта мавҷуданд. Хоҷагии деҳқонии ба номи О. Абдураҳмонов, як қисми хоҷагии ба номи А. Мирзоев, 274 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, корхонаи ордистеҳсолкунии “Сомон-Тӯрон-Инвест” ва корхонаи ҶДММ “Дарвин-пласт” низ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти мо ҷойгиранд.

Аҳолии деҳоти мо чун дигар сокинони шаҳр соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ истиқбол намуда, ба чорабиниҳои ба ин сол бахшидашуда фаъол иштирок карда, ҳунарҳои худро намоиш доданд. Масъулини ҷамоати деҳот баробари дар байни аҳолӣ тарғиб намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, амалҳои экстремистӣ, террористӣ, ҳамчунин рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашни маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуданд.

Ҷавобан ба маъракаи 900 рӯзи ободонӣ аз ҷониби ҷамоати деҳоти мо дар шоҳроҳи Душанбе – Турсунзода 24 шиору овезаҳо, 7 банер насб гардида, 111 дарахти арча, дар мавзеҳои мусоид 2500 адад гули садбарг шинонда шуд. Дар аксияи “Тозагии соҳил” низ беш аз 250 нафар сокинони ҷамоати деҳот фаъол иштирок карда, партовҳои сахти маиширо ҷамъоварӣ намуда, тавассути нақлиёт ба партовгоҳи асосии шаҳр ҷойгир карданд. Дар алоқамандии аксияи мазкур ва соҳили дарёи Қаратоғ низ бо иштироки 110 нафар партовҳои сахти маишӣ ҷамъоварӣ гардид.

Акнун чанд сухан дар бораи ободкориву корҳои созандагӣ. Дар давоми соле, ки сипарӣ мешавад, дар ҳудуди деҳаи Ҳаёти Нав ва деҳаи Саркор роҳ дар масофаи 2600 метр асфалтпӯш карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар доираи омодагиҳо ба истиқболи бошукуҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ босуръат ҷараён дорад. Ба истиқболи ин ҷашни бузург дар ҳудуди ҷамоати деҳот чунин корҳо ба анҷом расиданд: сохтмони 3 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №7-и деҳаи Дӯстӣ, толори варзишӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи раиси маҳаллаи деҳаи Моҳинав, кӯпруки деҳаҳои Ҳамадонӣ ва Хоҷанақширон, толори варзишӣ ва ҳуҷраи раиси маҳалла дар деҳаи Боботоғ, таъмини оби нӯшокии деҳаҳои Боботоғ, Хоҷанақширон-2 ва Шайх Музаффар аз ҷониби соҳибкорон, рақамгузорӣ намудани 6 деҳа ва ғайра.  

Дар ободонии маҳал шахсони саховатпеша низ саҳмгузорӣ менамоянд. Аз ҷумла соҳибкор Исмоил Бозоров деҳаи Саркорро бо 170 чароғ фурӯзон намуд.. Бо мақсади гулпӯш намудани шафати роҳҳо ва ободонии маҳал ҳоло дар гармхонаи ҳудуди ҷамоати деҳотамон 3 000 қаламчаи гули садбарг парвариш карда мешавад.

Сокинони маҳал дар доираи қонун фаъолияту зиндагонӣ карда, дар рӯҳияи эҳтиром ва иҷрои талаботи қонунҳо насли наврасро тарбия менамоянд. Вобаста ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузории тӯйҳои домодиву арӯсӣ ва маросимҳои азодорӣ (чил ва сол) комиссияҳои ҷамъиятӣ фаъолият ва корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дод. Новобаста аз ин давоми соли ҷорӣ се ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд. Ин нишондиҳанда нисбати солҳои пешин мутаносибан кам бошад ҳам, пешгирии қонуншиканӣ беҳтар аз қонуншиканӣ маҳсуб мегардад.

Дар самти андоз низ фаъолияти ҷамоати деҳотамон назаррас аст. Мутобиқи нақшаи Нозироти андози шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти мо дар 11 моҳи соли ҷорӣ андоз аз амвол 580 000 сомонӣ, аз замин 270 000 сомонӣ муқаррар гардида, иҷро шуд.

Бояд гуфт, ки дар ҳудуди ҷамоати деҳот 270 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ мавҷуд буда, дар 743,70 га замин кишт менамоянд. Асосан аз майдонҳо пахта, намудҳои сабзавот, шолӣ ва зироатҳои ғалладонагӣ истеҳсол карда мешавад.

Бо эътимод гуфта метавонем, ки кормандони ҷамоати деҳоти мо аз натиҷаҳои хуби фаъолияти хеш қаноатманд нашуда, барои дар соли 2019 ҷиҳати боз ҳам беҳтару хубтар фаъолият намудан аз сидқи дил мекӯшанд.

Дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, Ваҳдати миллӣ, сулҳу амният, хизматҳои бузурги Пешвои миллат ва пешравии соҳаи хоҷагии халқро ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мардум мақсаднок тарғиб менамоянд. Барои бо дастовардҳои бузург таҷлил намудани ин ҷашни давлатӣ пайваста талош мекунанд.

Н. УСМОНОВ,

раиси ҷамоати деҳоти  ба номи Т. Тӯйчиев.              

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *