Хабарҳо

Тоҷикистон. Ҳақиқат барои Кабирӣ марговар аст! Ё Додоҷон Атовуллоев кист ва кӣ ба ӯ нафрат дорад,- С. Мирзораҳматов

print
Ҳолати садамотии Муҳиддин Кабирӣ ва таблиғгарони ӯ пас аз маводи фошкунандаи Додоҷон-Каванда (ФБ,Д.А. 4 ноябри соли 2018)  дер давом накард. Барои баромадан аз ин ҳолат ва оғоз намудани маъракаи нави террор бар зидди Додоҷон ба онҳо маводи навбатии ӯ – Тавба (ФБ, Д.А.,29 ноябри соли 2018) кумак намуд.

Тавбаи Додоҷон-ин рафтори Шаҳрванд ва Ватандӯст! Ҳиссаи гуноҳи худро дар фоҷиаи соли 1992 эътироф намуда, вай дар назди хотираи 150000 нафар фавтидагон тавба кард.

 

Ва ин амал- як намунаи ахлоқӣ барои ҳамаи иштирокчиёни ҳодисаҳои фоҷиабори солҳои аввали 90-ум мебошад. Ташкилкунандагони тазоҳуроти ғайримуташаккили солҳои 90-91 дар Қӯрғонтеппа, ки ба майдонҳои Душанбе интиқол ёфта, Тоҷикистонро ба ду лагери оштинопазир тақсим намуд, бояд тавба кунанд. Ташкилкунандагони Фронти халқӣ ва тамоми мушоҳидони МУҚОВИМАТҲО дар ду майдон-Шаҳидон ва Озодӣ бояд тавба кунанд.    Ин МУНОҚИШАҲО оқибат ба занозании хунин оварда расониданд.

Миёни дурӯғгӯёни Кабирӣ аввалин шуда, Темур Варқӣ фарзияеро паҳн кард: бояд мазмуни ин маводро таҳриф намуда, онро ҳамчун тавба ба ҳукумати Тоҷикистон маънидод кард. Пас аз як рӯз дар тамоми сомонаҳои Кабирӣ  маводи мазмунан ҳамсон нашр шуданд-Додоҷон тавба кард! Маълум гашт, ки ӯ худро ба ҳукумати Тоҷикистон фурӯхт! Мо ҳамеша дар бораи Додоҷони фурӯхташуда менависем, вале кам одамон бовар доранд! Акнун ҳама бояд бовар кунанд! Додоҷон худ тавба карда, инро эътироф кард!

Ӯ, ки акнун тавба карду фурӯхта шуд, бояд наҳ задан, бӯҳтон бастан, номашро сиёҳ карданҳоро идома дода, дар симои ӯ дар ҷомеаи Тоҷикистон образи бадарғашударо ба вуҷуд овард.  Ҳамзамон «сталингароӣ», «коммунистӣ», «атеистӣ», «марксистгароӣ», «фитнагарӣ», «маразматикӣ»-и Саломиддин Мирзораҳматов бо паҳн кардани карикатураҳои ӯ бояд бо террор маҳкум карда шавад. Яке асабонӣ мешаваду мегӯяд- «биёед монед» ва хомӯш мешавад.  Ин ноқисулақлҳо ҳанӯз дарк накардаанд, ки бо паҳн кардани карикатураҳо дар бораи ман, онҳо шумораи нафаронеро, ки ба Кабирӣ ва хизматгоронаш бо таҳқир менигаранд, ба маротиб меафзоянд. Кӣ ба чунин бӯҳтон бовар дорад, ки касе дар Қазоқистон тиҷорати маро пуштибонӣ мекунад. Ҷанобони ноқисулақл! Дар Қазоқистон тиҷоратро аз истибдод қонун ҳимоят мекунад, на хадамоти махсус!

 

Дар ин маъракаи ғаразолуд боз ҳамон Темур муваффақ аст: «Борҳо пеш омад, ки ман ӯро наҷот диҳам, ин…(яъне Додоҷонро-С,М,). Вақте ба ӯ гӯё (?!) сӯиқасд намуданд, вақте гӯё (?!) кӯшиш намуданд ӯро ҳангоми парвоз ба Германия аз фурудгоҳи Москва ба Душанбе истирдод кунанд, вақте гӯё (?!) ӯро дар фурудгоҳи Тбилис боздошт намуданд. Ба ман чанде қабл гуфтанд (?!), ки ӯ онҷо парвоз накардааст».

Боз Темур: Баъд ба ман гуфтанд (?!), ки ӯ гирифтори хурӯҷи кӯррӯда буд»-С.М.»

 

Ман Темурро борҳо гоҷи бадахлоқ номидаам. Вале ман хато кардам. Танҳо гоҷи секаратаи бадахлоқ метавонад бешармонаву беномусона дурӯғ гӯяд, гарчанде медонад, ки дурӯғаш ба осонӣ фош мегардад. Чӣ гуна Темури «тавоно» Додоҷонро аз сӯиқасд наҷот дод, агар ин сӯиқасд набошад? Ягон гуна кӯшиши истирдоди Додоҷон аз Москва ба Душанбе набуд, вале Темур боз ӯро наҷот дод. Ба кадом тарз? Ӯ он замон директори ФСБ ё Прокурори генералии Россия шуда кор мекард?

Вақте ба Темур бо далелҳо бо нашри мавод дар ВАО-и Россия ҳамаҷониба, аз ҷумла сиёсатмадори шинохта Аркадий Дубнов ҳуҷум карданд, Темур барои кумак гоҷи секарата ғайриахлоқии дигар Олег Сандро Панфиловро даъват намуд.

Олег: «Ин (яъне Аркадий Дубнов-С,М.) дӯсти ӯ дар самти таблиғ». Темур: «Аркаша (яъне Аркадий Дубдов – С.М.) таблиғгари ҳамачизхӯр одатан аз номи Додик менавишт».

Темур: «Олег, дӯстон дар бораи ҳодисаи фурудгоҳи Тбилиси таваҷҷуҳ доранд».

Олег: «Рафиқ Додик дар рӯйхати сурхи Интерпол аз сӯи Тоҷикистон дохил гардидааст – дар Тбилиси бошад, расмиёт буд – боздошт ва озод намуданд… вале қаҳрамон шӯҳрат хост».

Темур хафа шуд! Дӯсти наздик оид ба гоҷи ғайриахлоқӣ дурӯғи ӯро фош сохта, тасдиқ намуд: Додоҷон ба ҳар ҳол ба Тбилиси парвоз карда буд. Вале, барои он, ки Темурро наранҷонад, дар бораи қаҳрамонӣ иборае илова кард. Бино ба мантиқи Олег, Додоҷон махсус ба Тбилиси парвоз карда, аз хадамоти махсуси Гурҷистон хоҳиш намуд, ки ӯро ақалан 1 соат боздошт намоянд, то ки шӯҳратёр гардад.

Салом Олег! Ту то ҳол зиндаӣ? Фикр кардам пас аз нашри маводи ман (ФБ, Сиёсат-ин тиҷорат (Политика-это бизнес), 4 сентябри соли 2017), ки онҷо туро дар тамоми сайёра шармсор кардам, худро ба дор овехтаӣ! Дар ҳақиқат кӯзапуштро танҳо гӯр рост мекунад!

 

Ман дигар исбот намекунам, ки Темур дурӯғ мепардозад. Дар ин мавод ман маводи расонаҳои гуногунро дар бораи сӯиқасд ба Додоҷон, дар бораи кӯшиши истирдоди ӯ ба Тоҷикистон, дар бораи боздошташ дар фурудгоҳи Тбилиси истифода кардам. Дар ҳошияи ин мавод симои муғризонаи Темур ва чунин дурӯғпардозиҳои Кабирӣ ба таври равшан аён мегарданд.

 

Донистани ҳақиқат дар бораи худ барои Муҳиддин Кабирӣ ба марг баробар аст! Ва аз ин рӯ барои хизматгорони ӯ танҳо як роҳ боқӣ мемонад-пайваста наҷот додани Муҳиддин аз ин ҳақиқати марговар. Барои ин бояд шахсеро, ки дар бораи ӯ ин ҲАҚИҚАТ-ро менависад, аз ҷиҳати маънавӣ террор ва ба хомӯш будан маҷбур кард. Бо наҳ задани ошкоркунандагон, бигузор ба муддате ҳам бошад, метавон як муддат диққатро аз худ дур кард.

Вале офтобро бо доман пӯшида намешавад. Далелҳои нави робитаи зичи ӯ, дар гузаштаи начандон дур, бо хадамоти махсуси Тоҷикистон рӯ зада истодаанд.   Маълум мешавад, ки пеш аз фирор аз Тоҷикистон Кабирӣ, тибқи эътирофи шахсиаш, суҳбати чорсоата доштааст. Ҷузъиёти ин суҳбатро ӯ ошкор намесозад. Дар бораи чӣ гап задани   «исломгаро»-и асосии Тоҷикистонро метавон танҳо тахмин кард. Эҳтимол, дастурамали бехатариро муҳокима карда, паролҳо ва мулоқоти махфӣ дар хориҷаро мувофиқа карда бошанд.

Аблаҳи асосии маънавӣ дар ин Паймони ба пуфаки собун монанд худи Муҳиддин аст. Баъди нашри мақолаҳои фошкунандаи Додоҷон дар муддати ду моҳи охир вай бояд худро меовехт. Вале танҳо чанд рӯз ҳолаташ нохуб шуду бас. Ба худ омада, фармон дод, ки минбаъд низ ӯро аз ҲАҚИҚАТ наҷот диҳанд.

Тамоми тарғиботи Кабирӣ ба дурӯғ асос ёфтааст. Аз ин рӯ сафҳои Паймони ӯро одамони дорои шуҳрати шубҳаовар пурра мекунанд. Чанд муддат аст, ки дар атрофи Паймони дурӯғин нафари асроромез-Ҳумайро Бахтиёр баъзан ба чашм намоён мешавад. Вақте вай дар Германия пайдо шуд, журналистони тоҷик дар бораи вай чун дар бораи журналисте, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон таъқиб мешавад, навиштанд. Ҳумайро ин   иттилоъро ба таври қатъӣ рад карда, изҳор дошт, ки ба Германия барои хондан омадааст. Журналистонро лозим омад, ки аз ӯ узр хоҳанд. Вале чанде қабл дар мусоҳибаи худ дар сомонаи «Кимиёи Саодат» вай худро чун мухолиф муаррифӣ намуд. –Ман ба Паймон дохил нестам, изҳор намуд ӯ, ман худам мухолифи алоҳида ҳастам. Чун дар филми мултипликатсионии дӯстдоштаи шӯравии Простоквашино: ” Ман гурба, ман худам ба худам хуҷаин!”. Зимнан, Ҳумайро иштирокчии фаъоли тамоми чорабиниҳои Кабирӣ мебошад. Муҳиддин худаш барои вай мақоми «Хоҳар Ҳумайро»-ро эҷод кард, то ки муносибатҳои асрорангези худро бо ин «гуреза»-и ҷавон пинҳон кунад.

Ман борҳо дар мавриди норозӣ будан бо Додоҷон оид ба масъалаҳои зиёд навиштаам. Бо ин сабаб миёни мо тез-тез мубоҳисаҳои боҳарорат рух медиҳанд. Ман мунаққиди дар ақида устувори Додоҷони идеалист мебошам.

Имрӯз танҳо ба он хотир дар як саф бо Додоҷонам, ки танҳо як худи Ӯ зимни бетарафии пурраи қариб ҳамаи зиёиёни  Тоҷикистон бар зидди қувваи мутаассиб ва хунхоре, ки аз чӣ сабаб бошад Ҳизби исломӣ ном дорад, ҷанг эълон кард.

Ин ҳамон ҳизбест, ки дар оғози солҳои 90-ум дар майдонҳои Душанбе арзишҳои исломиро зери по намуда буд.

Ин ҳамон ҳизбест, ки баҳори соли 1992 дар майдони Шаҳидон дар бораи худ чун дар бораи ташкилоти террористӣ хабар дод. Муҷоҳидони ҷанговар одамони норозиро лату кӯб карда, ба майдон меоварданд.

Ин ҳамон ҳизбест, ки бо зӯроварӣ ва оштинопазирии худ тамоми минтақаҳои Тоҷикистонро зидди зодагони Тавилдара, Рашт, Бадахшон муттаҳид карда,  барои ташкили Фронти мардумӣ таҳрик дод.

Имрӯз ин ҳизб баъди кӯшиши номуваффақи табаддулоти давлатӣ дар моҳи сентябри соли 2015 зери ниқоби Паймони миллӣ (?) бо фармоиши хоҷагони эронии худ нақшаи ба Тоҷикистон ворид намудани боз як инқилоби хунинро тарҳрезӣ дорад.

Муҳиддин Кабирӣ хуб мефаҳмад, ки инқилоби навбатӣ ба мисли хунрезии соли 1992-ин фалокат аст ва Тоҷикистон ба Афғонистон мубаддал мегардад. Вале аз ин нияти даҳшатангезаш вай бо ду сабаб даст кашида наметавонад:

  1. Аллакай 26 сол аст, ки хадамоти махсуси эронӣ лоиҳаи «Воридоти инқилоб»-ро маблағгузорӣ менамоянд;
  2. Ин лоиҳа Муҳиддинро яке аз бойтарин шаҳрвандони Тоҷикистон гардонид.

Чӣ тавр метавон аз лоиҳае даст кашид, ки ҳанӯз татбиқ нашуда, даромадҳои калон меорад?

Додоҷон ба Муҳиддин, журналистҳои зархарид ва дигар палидони менавиштааш нафратнок аст, зеро вай пайваста мақсадҳои аслии онҳоро ошкор месозад.

Ба Додоҷон ивазкунандагони зиёиёни Тоҷикистон (таъбири Александр Солженитсин), ки Муҳиддин Кабириро пинҳонӣ дастгирӣ намуда, тоҷикони аврупоиро барои дар атрофи вай муттаҳид шудан даъват мекунанду худашон зимнан дар пушти парда мемонанд, нафрат доранд. Додоҷонро барои бо вай якҷоя шудан розӣ кунонед, мегӯянд гоҳ-гоҳе  тавассути телефон,-агар намехоҳад, бигузор ба ӯ нарасад, Муҳиддин одами нағз аст!

Ба Додоҷон Муҳиддин ва тамоми ивазкунандагонаш дар якҷоягӣ Додоҷон барои мавқеи муайяни шаҳрвандияш нафратовар аст, зеро агар интихоб  миёни ҳукумат ва ҳизби исломӣ пеш ояд, вай ҳукуматро интихоб мекунад.

Садҳо ҳазор тоҷиконе, ки дар бораи фоҷиаи соли 1992-и Тоҷикистон воқеиятро медонанд, аз ҷумла онҳое, ки ба доштани ҳусни таваҷҷуҳашон нисбат ба ҳокимияти имрӯза шубҳае нест, маҳз ҳамин гуна фикр мекунанд.

 

  1. S. Вақте ки ман ин маводро менавиштам, маро эҳсоси гунаҳгорӣ дар назди сагон ором намегузошт. Дар мақолаи пеш аз ин дар ФБ нашршуда аз 26 ноябри соли 2018 ман ду бор ин ҳайвонҳои зеборо бо ёдоварӣ аз пастӣ, маккорӣ, беномусии Мирзо Салимпур ва дигар тарғиботчиёни Кабирӣ таҳқир кардам:

“Чӣ тавр ин ҷо метавон зарбулмасали дағалтари тоҷикиро ба ёд наовард- сагбачаро калон кардам, вале он аз банди поям гирифт».

Ва боз: «Додоҷон ва тарғиботчиёни Кабирӣ ана ин гуна саҳнаро ба ёд меоранд-роҳгузар ва сагони кӯчагард. Роҳгузарро дида, саг аккос мезанад.

Роҳгузар ё ба сагҳо аҳамият намедиҳад, ва ё  андаке ӯро метарсонад: рав он тарафтар! Ва саг ҳамон лаҳза аккосзаниро бас накарда, мегурезад».

Сагҳо-ҳайвонҳои вафодоранд. Ба фарқ аз Мирзо Салимпур, Темур Варқӣ, Равшани Темуриён ва дигар нопоконе, ки барои буридаи ноне дар атрофи Кабирӣ ҷамъ омадаанд, онҳо ба пастӣ ва хиёнат қодир нестанд.

Сагҳои азиз! Маро бубахшед! Ман шуморо таҳқир намуда, паст задам! Шумо аз тамоми разилҳои номбарнамудаи ман беҳтаред!

 

Саломиддин Мирзораҳматов

Сарчашма – СентрАзия

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *