Нуқтаи назар

ХУДОНОТАРСИИ НАҲЗАТИҲО

print

Чанде қабл тариқи қатора ба Федератсияи Россия сафар кардам. Марде, ки худро Маҳмадраҷаб муаррифӣ намуд, дар купеи ќатора ҳамсафари мо буд.

Баъд аз шиносоӣ ва суҳбате чанд маълум гардид, ки акаи Маҳмадраҷаб муддати 3-4 соли давраи ҷанги таҳмилии  бародаркуш  дар хоки Афғонистон ғариб будааст. Зимни сафар ӯ аз рӯзгори талхи ғарибӣ ва беномӯсии баъзе афрод, ки халқро ба вартаи ҷангу ҷидол кашида буданд, бо ҳасрату дареғ нақл кард. Гуфтаҳои ӯро ба қалам овардаму пешниҳоди хонандагон менамоям.

Солҳои 90-уми асри гузаштаро мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ ёд доранд. Баъзе афроди ҳанноту найрангбоз ва авомфиреб аз номи ислом ва Худову Расул сухан карда, мардуми соҳибимону меҳнаткашро, ки аз “сиёсати адолатпарварона”- и онҳо бехабар буданд, гумроҳ намуданд. Мардумро ба табақаҳо људо намуда, миёни халќ мухолифату бадбиниро ба вуҷуд оварданд. Аз лиҳози вазъу сухангӯӣ, ки таълимоти махусус гирифта буданд, тавонистанд ақидаҳои динии ба мардуми мо бегонаро дар мағзи халқи содда ҷойгир намуда, мусулмонро алайҳи мусулмон ба шӯр оварданд. Мусулмонҳо ду қисм шуданд-мусулмлонони наҳзатӣ ва мусулмони дуюмдараҷа. Ақли солим мағлуб ва нафрату зулм ғолиб гардид ва дар натиҷа мулк оғуштаи хуну обу оташ шуд…

Бо дарду алами марги пайвандон ва хонаву дари сӯхта хоки Тоҷикистонро тарк намуда, ба Афғонистон гузаштем. Дар ҷойи муайяне ки дар он ҳама гурезагони Тољикистон маскун буданд, мо низ қарор гирифтем. Чунин ҷойро “камп” мегуфтанд. Дар “камп”-и ғарибон мардум дар ғами худ буд. Ҳамарӯза тифле ва ё пире ҷон ба Холиќи љаббор месупорид. Ман низ ҷигаргӯшаи 14 солаи худро дар он сарзамин ба хок супоридам, ғарибхок шуд, сияҳпичамарг шуд бачам, дареғи бачаи навчам, ними ҷонам дар хоки афғон хоб аст…- гӯён акаи Маҳмадраҷаб чанд лаҳза сукут кард. Қатраҳои ашк ба рӯи ғамангезаш  рехт…

  • Мо ба Қозикалон, Давлати Усмон, Абдуллои Нурӣ генерал Қиёмидин эътиқод доштем, ба онҳо бовар кардем, аз воҳимаҳои бадгӯён тарсидем, ки дар Ватан моро зинда намемонанд, ба умеди бозгашт ва бунёди давлати шаръӣ, ба Афғонистон фирор кардем…  Ана дар он ҷо маълум шуд, ки “ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор”. Мисоли оддитарине меораму аз одаму одамгарии ашхосе, ки давлати адолатпарвари исломиро ба мо ваъда кард, қисса мекунам, – оҳи сард кашида, суҳбаташро идома дод акаи Маҳмадраҷаб

Дар ғарибӣ ба мо аз ҷониби ташкилотҳои хайрхоҳ маводи ғизоӣ ҳамчун кӯмаки башардӯстона ворид мегардид. Мардум нимбараҳнаву нимгурусна буд. Аммо онҳое, ки аз наҳзатиҳо “пайғамбар” мертарошиданд, ҳатто аз орду шакаре, ки барои “хуру намур” тақсим мешуд, аввал  ва барзиёд “ҳаққи худро” мегирифтанд, баъд аз ҳаққи мардум  мезаданд ва илова ба ин ба тақсимот хешу ақрабои худро мегузоштанд, ки вақти тақсимоти кӯмаки башардӯстона “ризқу рӯзӣ” ёбанд… Ана, Худогӯву ҳақиқатҷӯи наҳзатӣ кӣ буд! Онҳо мардумро аз Худо тарсонида, ба кофиру мусулмон ҷудо карда, заррае аз Худованди бузург наметарсиданд.    

Бо марҳамати Парвардигору сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат мо ба Ватан баргаштем. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки ҳамон шахсоне, ки ними нони мардумро дар ғарибӣ ба коми худ мебурданд, ҳамроҳи мо бармегарданд…  Вале  баргаштанд, боз сари минбарҳо баромаданд, боз аз дину оин сухан карданду, вакил шуданд…. Вале онҳо, ки асли бад ва нерӯи аҳриманӣ доштанд, на танҳо ба созишномаи сулҳи истиқрору ваҳдати миллӣ, балки ба Ислому Қуръон низ хиёнат карданд…

Моҳи сентябри соли 2015  наҳзатиҳо бори дигар исбот намуданд, ки ба ислом ва халқу миллат  содиқ нестанд. Хостанд боз ин сарзамини муқаддасро ба хуну оташ омехта созанд, аммо барои ба мақсадҳои манфур расидан тирашон хок хӯрд ва ин дафъа на Афғонистон, балки сарзамини Аврупоро майдони нави найрангҳои худ ихтиёр карданд.

Бо даст доштан дар бисёр амалҳои террористӣ худро “қурбоншудаи сиёсат” номида, дар конфронсҳои Варшава ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ изҳорот карданд, ки террорист нестанд. Саволе ба миён меояд, ки агар адолатхоҳанд, пас чаро ба ин ташкилотҳо  боре муроҷиат накарданд, ки ҷиҳати аз майдонҳои Ироқу Сурия баргардонидани чавонони гумроҳ кӯмак расонанд. Дар зиндонҳои Ироқ баробари мардҳо ҳатто занҳои сарзамини мо маҳбусанд. Чаро аз ин занҳо, ки бо фиреби худи онҳо ба ин доми бало гирифтор шудаанд, дифоъ кардан намехоҳанд?

 Акнун Берлинро ихтиёр карда,бо хешу ақрабои фирорӣ ва кӯдакону хешу ақрабо ва якчанд авбошу ифротие, ки баъди қонуншиканӣ аз Ватан фирор кардаанд, дар бораи озодии инсон сухан мегӯянд. Ман дидаам, ки чӣ гуна ин воизон аз даҳони мардуми гурусна луқмаи охиринро дар Афғонистон кашида гирифтаанд. Чӣ гуна метавон ба онҳо бовар кард. Ин гушнаҳо ҳеҷ вақт сер намешаванд, ба халқу миллат хизмат намекунанд, ҳатто фарзи Худовандро ба ҷо намеоварданд. Аз ин лиҳоз, ин ҳама найрангҳои навбатии онҳо барои маблағ аз ташкилотҳои хориҷӣ ва хоҷагоне аст, ки мехоҳанд бо дасти ду-се гурӯҳи ифротӣ сарзамини муқаддаси моро оғуштаи хуну оташ кунанд…

Баъд аз ин суҳбатҳо акаи  Маҳмадраҷаб ба мо ҳамсафарон муроҷиат карда гуфт, ки мо миллати мо дигар фирефтаи наҳзатиҳо нахоҳад шуд, зеро миллати мо дигар он миллати солҳои 90 асри бистум нест . Мо аз таҷрибаи талхи таърихї сабақ гирифтаем. Дар давраи ҷангини нанговар мо  150-ҳазор фарзандони миллатро бохтем. Ба ҳаққи поси хотири шаҳидон, модарони ҷигарсӯхта, ҷавонзанҳои бевамондаи армон ба дил, тифлакони яъси сағирмонда мо дигар ҳеҳ гоҳ ҳуқуқи хато карданро надорем.

Дар ақидаи созандаи мо ба афкори сӯзандаи кабирипарсатон ҷой нест. Мо ба қадри давлату давлатдорӣ ва хоки муқаддас расида, Ватанро аз тафриқа ва миллатро аз парешониву нобудшавӣ нигоҳ медорем. Бо меҳнати њалол, ваҳдату ҳамдилӣ ва тарбияи насли ватанпарвар ояндаи дурахшони Тоҷикистонро менамоем.

 Аҳмад САИД

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *