њамзамонони худ ба вуљуд меоварад. Дар ин росто онњое, ки офаринандаанд ва соњибистеъдоданду рисолати фардї, инсонї ва миллї доранд наќши хешро ба тарзи табиї анљом медињанд. Зеро њадафи онњо дар маљмўъ бароварда кардани ниёзњои инсонї ва ё бо роњи аќлу хираду истеъдод офаридан, бунёд кардан ва ё эљод карданї амале ё офаридаест, ки тавонад мушкили башариро сањлу сода гардонида, зиндагии инсониро аз ин ё он љињат таровату маънии тозае бахшад. Дар ин росто нафароне, ки дар тули таърихи башар садњо кашфиётро анљом дода, амалан дар сарнавишти тамадуни башар сањми сазовор гирифтаанд метавон баршумурд. Ин нафарон будаанд, ки бо неруи андеша ва хираду эљод садњо ва њазорон кашфиётро ба миён оварда, зиндагонии инсониятро аз мароњили тавањњуш ба мароњили тамаддун овардаанд. Воќеан ин нафарон дар тамадуни башар сарнавиштсозанд ва воќеоти муњими маънавии тамадуни инсон бо зиндагонї ва кору амали њамин гуна шахсиятњо гирењ хўрдааст. Ин гуна шахсиятњо як њадаф доранд. Њадафашон анљоми амале, ки барои инсоният дар маљмуъ манфиатовар бошад. Бо ин роњ рисолати хешро анљом медињанд ва дар тамадуни инсонї худро љовидона месозанд.
Дар баробари ин зиндагонии башар пур аз нафаронест, ки наќш бозї мекунанд. Яъне табиатан чизе надоранд. На истеъдоди эљодї, на кашфиёт, на хирду офаринандагї танњо ба хотир расидан ба њадафњои фардиву гуруњї ва манофеъи гуруњи хос аз хеш чењраномої мекунанд. Наќши аслии онњо маълум нест, чун аслан рисолат надоранд. Рисолати онњоро касе маљбуран ба ихтиёри онњо гузоштааст. Сањењтар онњо аслан ихтиёр надоранд, чун на тасмим, на андеша ба хиради онњо марбут нест. Касе ба хотири њадафе бо наќди чанд фулусе ба онњо дастур медињад, ки чї бояд кунанд? Ва чї гуна бояд кунанд? Кадомин наќшро дар кадом маврид ва чї гуна анљом дињанд? Ин нафарон гоњо чунон наќш бозї мекунанд, ки бинанда гумон мекунад, асланд. Њамин наќшњои саробгунаи ин нафарон фардњо, гуруњњо ва љомеањоро метавонад гумроњ кунад. Чун ин нафарон њар рўз наќши наве доранд. Сози оњангашон дар њар вазъе иваз мешавад. Хисоли анкабутї доранд ва њар рўз тор метананд. Торњояшон аз дурўѓ, аз буњтон ва аз туњмату тањќир иборат аст. Инњо њамарўза тор метананд, то зењнњои соддаро ба худ тамоил дињанд. Торњои инњо аз калимоте, ки дар забонашон гузоштаанд ва мисли тўтї дарк намекунанд, ки маъно ва мантиќи аслии онњо аз чї иборат аст, печ мехўрад. Ин калимотро, ки аз арзишњои тамаддуни инсонї ба сирќат гирифтаанд, ба хотири гумроњ кардани мусоњиби хеш истифода менамоянд. Гуманизим, одамгарї, адолат, њуќуќи башар, озодї ва амсоли он. Шунавандае, ки асли инњоро намешиносад, гумон мекунад хеле нафарони забардастанд дар хираду инсонсолорї, аммо ваќте ба тањќиќ воќеияташонро дар меёбї, куллан бар хилофи он чизест, ки мегўянд. Таърихи пушти сар кардаи зиндагониашон пур аз аъмолест, ки хилофи њама арзишњо дар боло зикршудаанд. Шояд дар зиндагии воќеї сабабгори бадбахтии садњо нафар шуда бошанд. Дањњо нафарро гумроњ намуда, дар чорсўи зиндагї парешону бесарнавишт карда бошанд. Иддае аз модаронро аз фарзандонашон људо, занњоро бешавњар ва фарзандонро дар ѓурбату дурї гирифтор намуда бошанд. Дар чунин њолат њам онњо њељ гоњ хешро муќассир намењисобанд. Формулаашон бисёр содда аст. Њамаро бар сарнавишт њавола мекунанд. Муќассир сарнавишт аст. Даъвошон ин хоњад буд, ки сарнавиштро, ки мо нанавиштаем, он ки дар дасти Офаринанда аст. Аз ин роњ боз аз об хушк мебароянд. Аљаб хислат доранд ин нафарон, агар амали хубе дар љомеае анљом ёфт, њарчанд сабабу натиљаи худро дошта, њеч таъсире ин нафарон дар шаклгирии он надошта бошанд њам, вале кушиш ба харљ медињанд, ки нишон дињанд мањз инњо сабабгори чунин сурат гирифтани воќеиятанд, дар ин њол формулаи сарнавиштро канор мегузоранд.Дар ин њол ба гуфтаи мардумї “Дар оши тайёр худро бакавул мегиранд”. Чунин вонамуд месозанд, ки њамаи хубињо мањз ба онњо тааллуќият дорад ва бадињо бар дигарон. Гоњо дар гўишњояшон чунон вонамуд месозанд, ки сутунњои осмонанд ва нољии тамоми башариятанд. Масењеанд, ки гўё барои наљоти башар омада бошад ва адли илоњиро дар замин љорї хоњад кард… Яке аз чунин нафароне, ки њамин хислати анкабутиву популистиро пешаи асосии хеш ќарор додааст, роњбари фарории ташакулаи терористии нањзат аст.
Новобаста аз он ки ТТЭ ЊНИ њамчун муљрї ва муљрими асосии љанги мулкї дар Тољикистон буд, дар марњилаи баъдї (расидан ба ризоияти миллї ва истиќрори сулњ) даъвињои дигар пеш овард ва хоњони аз худ кардани њокимият ва муњимтар аз ин, давлати миллї шуд. Сиёсатбозињо, лафзпардозињо, фазлфурўшињои лидери нави нањзатї дар маљмўъ, маънии вогузоштани ќудрати сиёсиро дошт. Бехабар аз он ки дар давлати миллї ва мафкураи бегона њељ гоњ тасаллут дошта наметавонад ва роњбари ин ташаккулаи террористї бо технологияи нави сиёсї – чарбзабонї, гапфурўшї, донотарошї ва шиорпартоии худ миёни авом нуфуз пайдо карда, худро наљотбахши миллат ва љомеаи тољикї унвон намуд. Бори дигар ба ин масъала бармегардем, ки бо кадом идеология ва мароми сиёсї роњбари ин ташаккула ва њаммаслаконаш мехостанд давлати миллї бисозанд? Албатта, бо идеологияи аљнабї, ки тайи њазорсолањо љомеаи тољикро ба барда табдил дода, бадбахтињоро ба сараш бор кардааст. Ногуфта намонад, ки њанўз фабрикаи бардасозии мазњабї дар баъзе манотиќи осебпазири Тољикистон аз љониби мухлисони нањзат идома дорад ва кабирињо то имрўз ба таври пинњонї таблиѓгари мафкураи бегонаанд. Ба каломи бадеъ, инњо доми фиребу найранг густурдаанд, то сайди ноогоњ ва ѓофилро дар даст биоваранд ва саранљом сафашонро афзун созанд. Њамин буд, ки то андозае нафароне, ки аз аъмоли террористиву зиддиинсонии ин њизб бехабар буданд, ноогоњона маљзуби фазилатфурўшї ва чарбзабонии роњбари ин њизби террористї ва пайравонаш гардиданд. Ин содабоварон бо гўишњои роњбари ин ташаккулаи террористї ва њамаслаконаш, ки њарфњої «осмонї» мезаданду худро «нољии миллату башарият» нишон медоданд бовар карданд. Ин бовармандони содадил намедонистанд, ки саркардагони маккору айёри ин ташаккулаи терористї солњои 90-уми асри гузашта њазорон нафарро гумроњ намуда, онњоро дар нимароњ рањо карданд ва ба бадбахтиву бесарнавиштї гирифтор намуданд. Хазорон модарро бе фарзанд ва занро бе шавњару њазорон фарзандро бепадар гардониданд.
Ҳизби террорист созмони ба дасти хадамоти махсуси кишварњои хориљї сохта шудаест, ки тибќи барномасозии эшон аз њар масоил метавонад аъзоёни он сухан кунанд, вале воќеият ин аст, ки онњо салоњияти њељ масъаларо њал намудан надоранд, илло ба вуљуд овардани тавтиъаву њараљу мараљ дар љомеа. Воќеияти онњоро њаводиси солњо навадуми ќарни бист дар Тољикистон собит намудааст. Онњо њамон террористони миллаткўшеанд, ки ба туфайли љанги шањрвандии роњандозӣ кардаашон 150-њазор нафарро куштанд ва вуљуди тољикиятро зери суол бурданд. Аз ин рў бо гузашти солиён шояд аъзои ин ташаккулаи террорисї зоњири хешро иваз намуда, худро мудерн љилва дињанд, вале воќият ин аст, ки инњо њамон террористонеанд, ки худро дар либоси нав љилва додаанд. Њарчанд имрўз дар кишварњои аврупої иќомат доранд ва либосњои шику аврупоиро бар тан мепўшанд, вале афкори вайронгару хурофотї ва арзишњои зиддиинсониву террористї дар навиштањо ва гўишњои онњо ба осонї эњсос мешавад.
Чандчењрагї хоси бештари роњбарияти ҳни буда, онњо њар замон чењраи худро иваз менамоянд гўё «таќия» мекарда бошанд ва барои онњо њама чиз раво аст. Онњо њар рўз дуруѓи нав мегўянд ва бо мафњумњои зебо мардумро гул мезананд ва аз ин роњ мехоњанд нишон дињанд, ки гўё онњо њама чизро мефањманд ва мушкилкушои њамаи муаммоњои дар љомеа љой доштаанд. Аммо ин танњо як фиреби назарест, ки њадафњои муѓризона ва палидонаи онњоро пўшиш медињад. Инњо њамеша бо роњи воизї мехоњанд њамаро гул зананд ва собит намоянд, ки гўё тамоми арзишњои миллию мазњабиро дифоъ намуда аз зулму истибдоди њокимият ва маќомоти он сару садо роњандозї менамоянд. Онњо муддате љомеаи Тољикистон ва ањли миллатро бо роњи дурўѓпардозї гул заданд, фазоро аз афкори хурофотї пур намуда мардумро ба гумроњї тамоюл доданд. Ба тарзи дигар дурўѓпардозию маккорї ва фиребгарї кори њамешагии наҳзатиён аст, зеро чунин навъи дуруѓпардозиро онњо аз охундњои пешвои мазњабиашон ва махсусан аз «Хазрати имом гирифтаанд», ки дар солњои нахусти инќилоб ба хотири љалб таваљљуњи назари мардум ба сиёсати исломї ва канор задани њизбњои дигари сиёсї аз ќудрат, сараввал онњоро дар муќобили низоми шоњї истифода намуда ваъда кард, ки низоми демократияи исломї хоњем сохт, ки дар он њамаи гуруњњо новобаста аз дидгоњњояшон ширкат хоњанд намуд, вале мутаасифона пас аз пирўзї ва ќудратро пурра ба даст даровардан њизбњои дигари сиёсиро мањдуд намуд ва онњоро кулан аз байн бурд. Њамчунин дар бомдоди инќилоб бо истифода намудани усули «таќия» ба мардум ваъда дод ки њама чиз бояд маљљонї шавад: Об, барќ, газ, манзил ва амсоли инњо. Ин њарфњо танњо ба хотири истењкоми ќудрат истифода шуда, пас аз гузашти 39 сол низ ба амал тадбиќ нашудаанд. Роњбарони ТТЭ ЊНИ низ њамин усули таљрибашудаи аз љониби пиронашон маъруфро дар солњои 90-ум низ истифода намуда дигар њизбу њаракатњоро гумроњ намуданд ва идеяњои асосии шахсиятњои маъруфи онњоро њамчун шиор истифода намуда, њангоми табадуллоти соли 1992 ин њизбу њаракатњоро канор заданд ва њокимияти сиёсиро пурра дар дасти худ гирифтанд ва дигарњоро ба њошия ронданд. Шахсиятњо ва донишмандони њизбњои дигарро гул заданд ва шарманда сохтанд. Дуруѓ гуфтан барои роњбарияти ТТЭ ЊНИ, маккорї, гул задани мардум ва амсоли ин хислати асосист. Аз ин рў набояд ба њарфњои зоњиран зебо ва љаззоби онњо бовар кард, зеро онњо њамеша аз роњи фиребу найранг то ба даст овардани ќудрат ин њарфњои зеборо мисли тутї такрор мекунанд, вале амалан кори хуберо барои миллат анљом намедињанд, тавре охундњои эронї њамаи арзишњои бузургу миллиеро, ки дар замони шоњ ташаккул ёфта буданд, шикастанд ва фазоеро ба вуљуд оварданд, ки дигарандешону рўшанфикрон ва донишмандон кишварро тарк карда, то имрўз дар ѓурбат ба сар мебаранд. Наҳзатиён низ аз ин болотар кореро наметавонанд анљом бидињанд, зеро њадафи онњо низ њадафи сармоягузорону пешвоёнашон аст ки ќаблан мардуми Эрон анљом додаанд. Роњбарони фирории ТТЭ ЊНИ, ки дар хориљи кишвар паноњ мебаранд, аз усули «таќия» истифода намуда, њама гуна найрангро ба кор мебаранд. Имрўз роњбари фирории ин ташаккула дар хориљ аз кишвар (албатта, бо кумаки молию пулї ва маънавии «пирони маънавиаш», ки нањзатро аз ибтидо барномарезї кардаанд) ба сар мебарад ва сари минбарњои харидашуда тавассути мафоњиму истилоњоти сиёсию мадании «демокросї», «мардумсолорї», «парламентаризм», «виљдони озод», «баробарї», «њуманизм», «ватандорї», «њувиятсозї» кафкпаронї мекунад ва ба ќавли њавохоњони дохилиаш, «доди сухан» медињад. Роњбари ин созмони террористї њар рўз як оњанги наве дорад ва бо њар роње ки набошад, мехоњад маќому љойгоњи хешро дар байни мардум таќвият бахшад. Аз ин рў барои ў дуруѓ гуфтан, гул задан, шайёдию маккорї, сифатњои асланд. Ў кўшиш менамояд дар суханронињояш бештар мушкилотро зикр кунад, њарчанд яќин аст, ки роњи њалли мушкил дар дасти он нест, вале ба хотири обрўи арзон пайдо намудан ва мустањкам кардани мавќеи худ аз ин гуна њарфњо истифода менамояд.