Хабарҳо

Бањси сатри исломї дар мењвари мабоњиси расонаї

print
(посух ба матлаби С. Истаравшанї)

Сайидюнус ахиран ба мавзўи њассоси сатр ва тасмими ахири маќомоти марбутаи давлатии Тољикистон дар заминаи мамнуъулвуруд будани занону бонувони сатрпўш ба вазоратхонаю идорањои давлатї иртибот гирифта(матлабашро бо номи «Ваҷҳи муштараки  Отатурк, Ризошоҳ ва Эмомалӣ Раҳмон» дар пойгоњи иттилоотии «Кимиёи саодат» ба нашр расондааст), аз тариќи сангандозї сўйи рањбарони давлатњои дунявї бартарии биниши мањдуди мазњабиро бар љањонбинии дунявї арз медорад ва дар симои се шахсияти матрањи сиёсї – Мустафо Камол Отатурк, Ризошоњи Пањлавї ва Эмомалї Рањмон дунявипарастиро дар ќолаби зоњирпарастї ѓунљоиш дода, фаъолияти дунявии ин се лидери сиёсиро мавриди интиќод ќарор медињад. Бо чанд љумла ба баррасии матлаби ин динмадор мепардозем:

1.Сайидюнус, мушаххасан, сатрпўширо ба унвони динмадорї ва таќводории занону бонувон муаррифї менамояд. Аслан, намефањмам, ки ин ба истилоњ, динмадорони муосири тољик (ба таври мушаххас манзур хонуми Файзинисо Воњидова, коршиносон С. Истаравшанї ва Абдуманон Шералиев ва амсоли инњо дар назаранд, ки ахиран дар љараёни њимоят аз сатр ва аз ин тариќ њифзи зоњирпарастии исломї тариќи расонањо фазлфурўшї мекунанд) барои чї ин ќадар ба сатр ва сатрпўшии хоњарони мусулмон мутамоиланд. Бубинед, Сайидюнус се симои сиёсии матрањи минтаќавиро зоњирпараст меномаду худ дар сатњи зоњирпарастони љањонї ќарор дорад. Гап сари ин аст, ки динмадорон дар таърихи љањонї аз њама бештар ба риёкорию зоњирпарастї таваљљуњ мекунанд ва намозхонї, сатрпўшї, ботаќвої, тавозўъ ва фурўтании худро ба намоиш мегузоранд ва бо ин роњ имиљи сиёсї, динї-мазњабї ва иљтимої касб менамуданд ва феълан дар садади иљрои ин ба ном «рисолат»-анд. Бењуда Хоља Њофиз нагуфта буд:

Зоњиди зоњирпараст аз њоли мо огоњ нест,

Дар њаќќи мо њар чї гўяд, љойи њељ икроњ нест.

Кори ин ќабил дар тўли таърих наззораи аъмол ва торољи амволи мардум будааст. Ин нуктаро, албатта, зоњиди зоњирпарасти мо С. Истаравшанї хуб медонад, вале ба њимояти ин ќишри ба истилоњ, мутањаљљир хомафарсої менамояд, чун намоячндаи њамин тим аст. Аз ин рў, њар чї гуфта шавад, намепазирад ва алайњи интиќодоти дунявиён мељангад. Мутаассифона, ин тоифа рисолати худро дар њамин кор мебинанд.

2.С. Истаравшанї  кору фаъолият ва назароти  Камол Отатуркро зоњирпарастї унвон мекунад ва мисол мезанад, ки ў пўшидани малобиси ѓарбиро меъёри умури дунявї донистааст. Магар Отатурк иштибоњ кардааст? Ў Туркияро аз вањшати асримиёнагї наљот додва ба марњилаи рушду тараќќї расонид. Мањз бо ибтикори Отатурк Туркия аз давлати динї-теократї ба шакли идоракунии љумњурї(республикавї) гузашт. Агар ба тамаддуни ѓарбї таваљљуњ намекард ва љомеаро ба омўзишу фарогирии улуми дунявї љалб намекард, Туркия имрўз дар миќёси байналмилалї ба сифати давлати дунявї ва секулор наметавонист нуфузи чашмгир дошта бошад. Ба љойи он ки ба Отатурк сипос бигўем, ки мардуми туркро аз вартаи љањолати асримиёнагї берун кашид, ўро нафрин кунем? Сайидюнус ва тоифаи ба ў наздикро фањмидан мумкин аст. Онњо бо низоми дунявї њељ созиш кардан намехоњанд, чунки аз назари мабодї ва принсип бо ин навъи низоми сиёсї ва мудирияти давлатї дар тазоданд. Он њам тазоди мафкуравї ва аќидатї. Ана њамин принсипи аќидатї, ки бар мабнои хурофоти динї созмон ёфтааст, ин ќабилро намегузорад, ки дунявиятро бишиносанд ва эътироф намоянд. Имрўз, он чи ки С. Истаравшанї ва хидматкорони исломи ноб мепўшанд, њамагї ѓарбї ва аврупоианд. Даќиќтараш, малобиси аврупої ба бар кардан дигар ба одати саросарии тамоми ќишрњои иљтимої табдил ёфтааст. Тамоми малобис ва абзори зоњирию ва ибодии рўњониёни Шарќї ва бахусус, муллоњои мо аврупої ва чинї аст. Аз љойнамоз шурўъ карда, то тасбењу шалвору љомаю тўпї истењсоли чинист (ба истилоњи зоњидону шайхони риёкори мо, «кофаристон». Аз масолењи мамолики кофарї масољиду маобид месозем, бо телефону компютер ва дигар васоити муосири фанї-техникии ѓарбї, ки комилан давлатњои дунявианд(на динї-мазњабї) корњоямонро љур мекунем, аммо  истењсолкунандагонро кофар ва бехудо мегўем. С. Истаравшанї ва њаммаслаконаш ба ин навъи тањќиру тавњинњои бародарони мусалмонашон чашм мепўшанд. Дигар ин ки таърихи исломї бакуллї аз љангњою даргирињои мазњабї ва ихтилофоти аќидатї таркиб ёфтааст ва имрўз низ набардњои мазњабї ва нофањмињои мафкуравї дар кишварњои исломї вусъат меёбанд. Ба ин њам шахсиятњои сиёсии дунявї – Камол Отатурк, Ризошоњи Пањлавї ва Эмомалї Рањмон гунањкоранд?! Боре шудааст, ки дар бадбахтию мусибатњои миллию мардумї ва барангехтани ихтилофоти мазњабї ва муњимтар аз њама, љањолату хурофотпарастии  худ худро муќассир бидонем?! Дар ин маврид фармудаи Њофиз айни муддаост:

Шармамон бод аз ин хирќаи олудаи хеш,

Гар бад-ин фазлу њунар номи каромот барем.

3.Сайидюнус хеле хуб иќтибосњоро аз ин се симои сиёсї меоварад ва он чи ки ба сифати иќтибос арз доштааст, мамлў аз ибтикороти Отатурку Ризошоњ ва Эмомалї Рањмон дар самти рушду тараќќии миллї мебошанд. Ба гунаи мисол, агар Пётри Кабир риши дарозу бењосили мужики русро, ки рамзи аќибуфтодагии љомеаи ваќти русї будааст, иљборан наметарошид, оё метавонист пешравї ва рушду нумуро дар ќаламрави Руссия таъмин созад? Не, наметавонист. Аз ин љост, ки баъзан ибтикороте љиддї зарур аст, ки љилави ташаннуљи хурофотро бигирад. Бигзарем, Ризошоњи Пањлавї ба Туркия сафар кард ва дар соњањои гуногуни хољагии халќ аз пешравии ин кишвар истифода бурд. Бар илова, Ризошоњ ва Отатурк ва њамчунин Эмомалї Рањмон бо њиљоб ва сатр љанг эълом накарданд, балки занону бонувонро, ки ѓолибан тањти фишору тањдидњои динмадорон рўсарї ба бар кардаанд, ба озодї расониданд. Занону бонувоне ки имрўз дар Тољикистон сатрпўшанд ва дар ин роњ љадали шахсию инфиродї доранд, ангушт шуморанд. Вале ин тоифаи ангуштшумор, бо истифода аз василањои равонї ва тарси динї-мазњабї муњитњои иљтимоии занону бонувонро тањти таъсири манфии  аќидатї ќарор додаанд. Магар аз ин дида, хатарнокї зиёд мешавад?! Охир, зани тољик асрњо бидуни сатр (рўймол дошт) зиндагї карда тавонист ва њатто дар замони шўравї бонуи тољик бо либосњои миллї дар анљуману конфронсњо ва иду љашнњо ширкати фаъол дошт. Имрўз чї расидааст, ки яку якбора сатр ба ба сар мекунад ва динмадорию таќводориашро ба намоиш мегузорад? Њатман дар ин раванди сиёсї ва идеологї зоњидони зоњирпарасти мо ва хољагони беруниашон даст доранд. Ин аст, ки давлат пеши роњи ифротгаройии динї-мазњабиро мегирад ва хуб њам мекунад. Агар ин гуна тадбирњо наандешад, њатман кишвар зери хатари љиддї – экстремизм ва радикализми динї ќарор мегирад, ки оќибаташ террору тарсафканист ва њарљумарљи иљтимоию сиёсї ва маданї.

4.Сайидюнс аз Иќбол намунаи љолиб овардааст ва зоњирпарастии мардумро аз малобиси аврупої накўњиш кардааст. Аммо ба ин нукта таваљљуњ накардааст, ки чаро ислом бо доштани ин ќадар имконоти зиёди сиёсї, мафкуравї, ибодї ва аќидатї натавонист тайи њазору чањорсад сол инсонро аз бардагї ва бандубастњои эътиќодї наљот бидињад ва мамолики исломиро ба сатњи кишварњои мутамаддини љањонї бирасонад?  Ваќте ки Иќбол маснавии «Асрори худї»-ро навишт, Файзии Панљобї – он зоњиди зоњирпараст ўро ба бединї муттањам кард ва љавобан гуфт:

Бандаро Фиръавнсомон мекунї,

Бо Худо дасту гиребон мекунї?

Аз ин лињоз, бечораи Иќболро њам рўњониёну зоњидоне, ки Сайидюнус аз онњо пуштибонї мекунад, ба куфру илњод муттањам намуданд. Тамоми бузургони мо аз дасти тоифаи мутањаљљир, ки дар таърихи миллї бо номи «уламо ва рўњониюн» маъруфанд, ба дод омадаанд. Истаравшанї кори он тоифаро тавассути василањои љадиду модерни фанї-техникї ва мафкуравї идома медињад.

5.Сайидюнус дар бахши хотимавии матлабаш бардошти ѓалат ва иштибоњие аз симоњои сиёсии минтаќавї кардааст. Онњоро исломситез номидааст дар њоле ки на Отатурк, на Ризошоњ ва на Эмомалї Рањмон исломситез набуда ва нестанд. Ризошоњ њељ гоњ динро њамчун василаи ибодї аз миён набардошта буд, њадафи ў рўњониёни найрангбоз ва риёкор буданд ва агар пеши роњи онњоро намегирифт, Ирон тараќќї намекард. Дар зимн, он пешравие, ки имрўз ба номи њукумати охундї мутааллиќ аст, бар мабнои низоми мукаммали давлатдорї, системаи маърифатию илмї ва мудирияти дурусти сиёсии давлати Пањлавї мебошад. Агар ин системи давлатдорї ва мудириятро, ки бар асоси мабонии дунявї сохта шудаанд, сарфи назар кунем, аз режими љумњурии исломї чизе боќї намемонад. Афзун бар ин, дар дохили кишвари Ирон солона садњо садои эътирозоти занону бонувони озодихоњи иронї, ки барандохтани сатрро таќозо мекунанд, ба гўш мерасад. Чаро дар ин мавзўъ Сайидюнус сукут меварзад? Таљрибаи зиёда аз садсолаи таърихи љањонї собит кардааст, ки дунявият ба унвони низоми пешрафта ва илман асосёфтаест, ки инсониятро ба сўйи шукуфоию рушд ва саодату хушбахтї мебарад. Дигар низомњои пўсида, ки бар асоси љањли мураккаб, хурофоту љањолат созмон ёфтаанд, имкони рушди миллї ва мардумиро дар њељ шакле намедињанд.

6.Агар фаъолияти Пешвои миллат Эмомалї Рањмонро мурур кунем, ба хубї мефањмем, ки дар замони рањбарии ў чандин маротиба китоби динии мусалмонон Ќуръони Карим нашр шуд, солгарди Имоми Аъзам Абўњанифа бо шукўњу шањомати хосса таљлил гардид, китобњои Ѓазолї ва дигар мутафаккирони исломї борњо нашр шуданд, ду маротиба солрўзи Мир Сайид Алии Њамадонї дар сатњи баланди давлатї љашн гирифта шуд. Сатрро бо ислом набояд омехта кард. Ин як навъ зоњирпарастии динист ва чуноне ки Мавлоно аз зоњирпарастию риёкории динмадорони давр ба дод омада, онњоро сахт мазаммат кардааст, давлат њам риёкории занону бонувон ва мардони ришакии худнаморо дида, дар баробари даъвињои нобаљойи мазњабї тасмимоти љиддї рўйи даст мегирад. Ба ин њаќ њам дорад. Бар илова, сатру риш дар њељ давру замоне нишонаи мусалмонї ва таќводорї набуда ва нест ва њар кї аз ин навъ василаи тарѓибии мазњабї истифода мебарад, риёкор асту бас. Љаноби Сайидюнус шояд байти машњури бузурги адабиёти моро фаромўш карда бошад, ки тоифаи риёкорро хитоб ќарор дода, фармудааст:

Риё  њалол шуморанду љоми бода њаром,

Зињї шариату миллат, зињї, шариату кеш!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *