Шаҳри Турсунзода 15. 12. 2018.
Имрӯз дар кохи «Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бо иштироки ҳунармандони шинохта ва маҳбуби кишвар Парда Қосимов, Сарабек Раҳмонов, Хосият Қаҳҳорова, Латофат Қодирова ва Ансамбли давлатии хизматнишондодаи рақсии “Лола” барномаи дилошӯби консертӣ баргузор шуд.
Аҳли ҳунар бо рӯҳу илҳоми тоза суруду таронаҳои ватанпарваронаро ичро намуда, ҳамчунин дар таронаҳои дилнавоз меҳру муҳаббати самимиро тараннум карданд. Барномаи фарҳангиро рақсҳои ансамбли “Лола” зиннат ва шукӯхи тоза бахшида, ҳунарнамоии баланди санъаткорон аз ҷониби тамошобинон хуш пазироӣ гардид.