Хабарҳо

Додоҷон намоде аз қаҳрамонӣ

print
«Ногуфтаҳо» – и Додоҷони Атовуллоро, ки дар саҳифаи фейсбукияш ба табъ расидаву аз ғавғои сагонаи гумроҳони наҳзатӣ ба сутӯҳ омада, ононро ба баҳси мардонаи онлайнӣ хондааст, метавон ҳамчун боз як мушти обдоре ба даҳони бефаровези гурӯҳе аз ватанфурӯшону хиёнатпешагони миллату давлати Тоҷикистон талаққӣ дод, ки ҳамчун шағолони даштӣ бо сояи худ низ пархош мекунанд. Танҳо ҳамин ҷумла: “Бо Кабирӣ пайвастан хиёнат ба озодӣ,  хиёнат ба мубориза, хиёнат ба миллат аст!!!” гуфтани ӯ худ аллакай ба таври рӯшод тинати патуразилонаи ин нотавонбинон ва думравони ӯро барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун оина равшан менамояд. Ҳарчанд ҷомеаи солими Тоҷикистон ва ҳар фарди соҳибдилу соҳибхиради сайёра кайҳост ба хубӣ дарк карда, ки аз ин нобакорон ва хиёнатпешагони наҳзатӣ ба ҳеҷ ваҷҳ дар ду дунё ҳам хубие намебарояд. Вале ҳамин табиати бадгавҳарияшон оромашон намегузорад, хӯю хислати бо хун ба шарёнашон омадаро аз худ бадар созанд. Чаро ки ҳарчӣ бо хун омадааст, бо ҷон меравад. Бо вуҷуди ин ки сагҳои наҳзатӣ хуб медонанд, онҳоро сафиру вазири давлате як сӯ истад, ҳатто хешу ақрабояшон аз онҳо ҳазар доранду эътироф ва эҳтиромашон намекунанд, вале аз ҷакидан намемонанду аз худ фаришта месозанд.

Ва ин нуктаро низ Додоҷон Атовулло хуб эҳсос намуда, ки менависад: “Кадоме аз инхоро ягон вазире, сафире, президенти кишваре мешиносад??? Кадоме аз инҳо ҳасби ҳоле дорад, ки боиси пайравӣ бошад? Кадоме аз инҳоро ба ғайри гову гусолаи оғилашон ва чанд нафари бахтбаргашта боз кӣ мешиносад?”

Ба ростӣ, ин баҳо хеле мунсифона ва воқеъбинона аст. Фақат ташвиш ва нигаронӣ инҷост, ки ин муртадон майнаи чанд ҷавони мисли худашон гумроҳу бахтбаргаштаро гиҷ намудаву онҳоро дар осиёби андешаҳои муғризона ва мағшуши худ дар гирдбод андохтаанд. Вагарна саг ҷакидан мегирад, вале корвон мегузараду меравад. Ин корвон дар бисоти худ молҳои гаронарзише дорад, ки нахаш, тору пудаш аз ваҳдат, ҳамбастагӣ, созандагӣ ва ақли солим иборат аст.

Акбари Фирӯз, таҳлилгар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *