Тавассути расонаҳои хабарии тамоми дунё аз комёбиҳои миллати тамаддунсози тоҷик, ки бо роҳбарию раҳнамоии Пешвои муаззами хеш баландтарин қуллаи мақсудро фатҳ намуд, огоҳ шуданд. Бо ифтитоҳи агрегати нахустини НБО-и «Роғун» орзую омоли мардуми тоҷик ва дӯстони хайрҳои он ҷомаи амал пӯшид. Афсона ба ҳақиқат табдил ёфт, рӯшноӣ бар зулмат ғолиб омад.
Имрӯзҳо шодию хурсандии пиру барноро ҳадду ҳисоб нест. Аз ҷумла, суруру шодмоние, ки қалби мо табибонро фаро гирифтааст, тасвирнопазир аст. Тавре ки Пешвои миллат гуфтаанд: «Роғун манбаи адонашавандаи нур аст, ки Тоҷикистонро дар оғӯши Шарқи куҳан ба ахтари ҳамешатобон табдил хоҳад дод». Дар ҳақиқат Неругоҳи барқи обии «Роғун» иншооти бузургтарини барқии дарёи Вахш ба шумор рафта, танзими бисёр солаи маҷрои дарёро амалӣ месозад. Неругоҳ на танҳо истеҳсоли солонаи барқро афзун менамояд, балки аз ҳама муҳимаш имконият фароҳам меорад, ки аз рӯи реҷаи воҷиб амал намуда, дар фаслҳои сард, дар давраи ,норасоии неруи барқ ба таври даркорӣ барқ истеҳсол намояд. Иқтидори умумии лоиҳавии Неругоҳи барқи обии «Роғун» 3600 Мвт мебошад.
Мо умед дорем, ки бо сохтмони неругоҳҳои барқи обии дигар силсилаи корхонаҳои саноатӣ ба фаъолият оғоз менамоянд ва зиндагии мардум хушу гуворо мегардад. Мавзӯи бунёди Кохи нури Тоҷикистон – Роғун мавриди таваҷҷуҳи тамоми пиру барнои Тоҷикистон ва махсусан таҳти ғамхориву таваҷҷуҳи ҳарлаҳзаинаи Пешвои муаззами миллат қарор дошт. Ширкати фаъолонаи мардуми шариф дар харидории саҳмияҳои Роғун далели ҳисси баланди ифтихори миллии ҳар сокини бонангу номуси кишвар буд. Ҳазорон коргарону мутахассисони баландихтисос дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамчун фидоиён бо қудрати рустамона ва ҳиммати фарҳодона хизмати босазо намуданд. Бо бунёди ин неругоҳ истиқлолияти энергетикӣ дар мамлакат таъмин хоҳад гашт. Роғун, ки пайки шодмонию хушнудист аз ояндаи дурахшону пур аз нуру рӯшноӣ гардидани Тоҷикистон дарак медиҳад. Акнун орзую ормони ҳазорсолаи мардуми тоҷик оиди кишвари нурафшон амалӣ гардид.
Тоҷиддин ЯТИМОВ,
сартабиби Беморхонаи марказии
шаҳри Турсунзода