Таҷлил Хабарҳо

ТАНТАНАИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН  ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз сокинони шаҳри Турсунзода бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ – ҷашни яке аз рамзҳои соҳибистиқлолӣ – Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои тантанавӣ истиқбол   гирифтанд.

Ба ифтихори ин нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқ ва таҷассумгари озодиву Истиқлол бо иштироки беш аз 10 ҳазор нафар сокинони шаҳр роҳпаймоии идона баргузор шуд.

Бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ М.Ватанзода, ишиттрокчиёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон  собиқадорони меҳнат дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбарҳо гузошта шуд.

Зимни табрикоти идона раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ М.Ватанзода қайд намуданд, ки халқи сарбаланди тоҷик таърихи ҳазорсолаи парчамдорӣ дошта, бо шарофати Истиқлолият Парчами давлатӣ ҳамчун таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ифодагари иқболу Истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстиву ҳувияти миллӣ аз нав дар фазои Ватан парафшон гардид.      

Парчами давлатии Тоҷикистони азизамон ҳамчун рамзи озодӣ ва саодати абадӣ ба раванди давлатдорӣ ва зиндагиву тафаккури халқи мо мазмуну мундариҷаи нав бахшид.

Дар кохи “Дӯстӣ”- и шаҳр барномаи фарҳангӣ ба саҳна гузошта шуд. Ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр зебогиҳои Тоҷикистон муқаддас донистани Парчами давлатӣ ва дӯст доштани Ватанро дар шеъру тароннаҳо тараннум карданд.

Ҳамчунин дар доираи таҷлили ҷашни Парчами давлатӣ дар деҳоти шаҳр як қатор иншоот, аз ҷумла,  як толори варзишӣ, маркази савдо ва як сехи дӯзандагӣ ифтитоҳ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *