Сиёсат Хабарҳо

Раҳмон “Роғун”-ро бо номи Худо фаъол сохту бо танга имтиҳон кард

print
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар пайи фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” муназзам будани кори онро бо истифодаи танга санҷид.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон бо зикри номи Худо тугмаи оғози кори агрегатро зер карда, бо танга дар даст назди чархаи фаъоли нерӯгоҳи “Роғун” омад. Ӯ тангаро болои чарха рост гузошт, то муназзам будани кори онро озмояд.

Тангаи ростмондаи раисиҷумҳур дар ҷояш истод ва ба самте ҳаракат накарду наҷунбид. Дар пайи ин Эмомалӣ Раҳмон бо изҳори қаноатмандӣ даст бардошту қарсак зад.

Ӯ зимни суханронӣ дар назди ҳозирин фаъолсозии “Роғун”-ро оғози давраи нави ҳаёти ҷомеа ва давлат хонда, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумат ба сохтмончиён ташаккур гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин ба онҳое, ки дар марҳилаи аввали  кор дар “Роғун” даъваташро пазируфта, саҳмия хариданд, изҳори миннатдорӣ кард.  Раисиҷумҳур иқдоми саҳмиядорони “Роғун” – ро “саҳми ватандӯстона” хонд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки  “Роғун” баъди пурра фаъол шудан ба боргоҳи бузурги нуру гармӣ мубаддал мегардад ва кулли нияту нақшаҳои мардуми тоҷик ба воқеият табдил меёбанд.

Ӯ таъкид намуд, ки “Роғун” бо энергияи тоза ба ҳамаи кишварҳои минтақа муфид буда, обанбори он барои танзими захираи об, махсусан ҳангоми хушксолиҳо хидмат хоҳад кард.

Раисиҷумҳур афзуд, ки ин оғози кор буда, барои пурра анҷом додани корҳо дар “Роғун” вақт ва заҳмати зиёд даркор аст. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки чархаи дуюм дар соли 2019 ва боқимонда низ тибқи нақша фаъол хоҳанд шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *