Хабарҳо

Хабарҳо – Эҳсон Ёқубов, намоде аз қаҳрамонӣ

print

Барои навиштани ин мақола, каминаро фишурдаи маводи хоҳари гиромӣ Шаҳло Наҷмиддинова дар гурӯҳи “Кошонаи Шаҳло” дар шабакаи “Фейсбук”, водор намуд. Дар он номаи Манижа Абдураҳмонова, хоҳарарӯси Эҳсонхоҷа Мухторзода (Ёқубов), корманди комёб ва муваффақи зиндони рақами 3-юми шаҳри Хуҷандро, ки шаби 7 ноябр кушта шуд, нашр шудааст.

Эҳсонхоҷа Мухторзода (Ёқубов), ки ҳамагӣ 27 сол дошт аз дасти разилони модарбахатои доишӣ кушта шудааст. Манижа Абдураҳмонова навиштааст, ки Эҳсонро хеле ваҳшиёна куштаанд ва “дар тани ӯ як ҷои обод намедидед.”

Бале, касоне ки сипари ҳифзи Ватан мебошанд, душмандоранд, тоифаи ифротӣ тавони дидани шахсони меҳандӯстро надорад, зеро оромӣ ва субот рақиби ашаддии ин тоифа мардум  аст. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ бинобар истодагарӣ,  душмани оштинопазири ҳар гуна зуҳуроти номатлуб мебошанд.

Барои Эҳсонҷон Мухторзода умри ҷавонӣ агар вафо накард, вале номи накӯяш чун ибораи “зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ  накуном зист”” хизмати ҷовидона хоҳад кард.

  Ҳангоми мубодилаи афкор ва радду бадал бо дӯстам дар бораи мафҳуми хиёнат, вай як намунаи хуби ибратбахшро шӯхиомез бароям ҳикоят кард, ки шартан онро «Қатъномаи саг» ном бурд. Ба гуфти ӯ саг ба дод омада, рафтори баъзе ашхоси одамшакли хиёнатпешаро дида, аккос задааст: «Эй мардум! Номи мо сагонро бар сари хоинони ватанфурӯш нагузоред, чун моро кас як луқма нон бидиҳад, ҳаргиз ва ҳеч вақт ба он хиёнат нахоҳем кард. Аммо хоинон ҳастанд, ки медонанд, ки Ватан-Модар аст, нангу номус аст, бо вуҷуди ин боз хиёнат мекунанд. Бо гузоштани номи «саг» ба хоинон хоҳишмандем, моро тавҳин накунед».

Сутуни 5-ум дар истилоҳи сиёсатшиносӣ аз сӯйи низоми фашистӣ дар миёнаи солҳои 30-юми асри 20 ба вуҷуд омада буд ва ғараз аз он эҷоди ҳалқаҳои тарафдор аз ҳисоби ақалиятҳои олмонитабор дар кишварҳое буд, ки Олмон мехост онҳоро тасарруф кунад.  Ин сутун аз он замон мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст, ҳамеша дар талоши аз байни бурдани низом дар лаҳзаҳои буҳронӣ будааст. Мисле ки доираи тангназари муллонамо, аз вазъи ҷаҳонии номусоид суиистифода карда, дар ҷомеа, тухми низоъро коштанӣ буданд.

Дар воқеъ, ҷомеаи тоҷик ба дараҷаи сатҳи тафаккуре расидааст, ки аз мутлақандешӣ дар бораи масъалаҳои динӣ бояд ҳар чӣ зудтар даст бикашад, заминаи рушди устуворро бо пойбандӣ  ба пажӯҳиш ва илмандӯзӣ пеш бибарад. Ҷомеаи мо ба тоҷики сахткӯш, серталош, дорои эътиқоди муътадили динӣ ва ҳушёру зирак ва босавод, муҷаҳҳаз бо донишҳои технологияи муосир зарурат дорад, на ба ашхосе, ки дар зиндонҳо ба мавъизаҳои сарсарӣ ва барбарии муллоҳои дар музахрафоти худ ба ғафлат рафта, мафтун шавад.

Доишиҳои ифротӣ дар куҷое набошанд, душмани ин хоку буманд ва хоин.Чи дарп маҳбас ва чи дар озодӣ.         

Эҳсонҷон Мухторзода бошад, бори дигар номи воло ва бузурги волидайн ва худашро дар саҳифаи таърих ҳаккокӣ кард. Зинда бод, фидоёни Ватан.

Муслим Амонов, сокини шаҳри Бохтар

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *