Хабарҳо

ТАНАТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

ТАНАТАНАҲОИ ИДОНА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори 26-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани агрегати якуми неругоҳи «Роғун» чорабиниҳои идона баргузор шуд.
Дар оғоз беш аз 15 ҳазор нафар сокинон, намояндагони корхонаву ташкилот ва донишҷӯёну ҷавонони шаҳр бо шиору овезаҳои ҷашнӣ дар роҳпаймоии идона иштирок намуданд.
Дар варзишгоҳи марказии шаҳр барномаи театрикунонидашудаи идона баргузор шуд.
Дар оғоз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода, муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Тоҷиддин ва раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода сокинони шаҳри Турсунзодаро ба ифтихори ин санаи тахрихӣ муборакбод намуданд. Қайд гардид, ки дар ин рӯзи фаромӯшнопазир бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва натиҷаи заҳмати шабонарӯзии фарзандони бонангу номуси Ватан – мутахассисону сохтмончиёни баландихтисос агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба фаъолият шуруъ намуда, дар Ватан тантанаи нуру зиё баргузор шуд. Яъне, 16 ноябр дар баробари таҷлили Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи равшаниву нур, расидан ба ормонҳои миллӣ ва фардои дурахшони Тоҷикистони азиз бо хатти заррин сабт гардид.
Дар идома яз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи театришуда ба саҳна гузошта шуда, Истиқлолияти Ватан, аҳамияти тақдирсоз доштани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ҷабҳаи нангу номус будани корзори Нерӯгоҳи барқи обии Роғун тараннум гардид.
Тибқи маълумоти мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр Шаҳзод Бердиев дар барнома тақриби ду ҳазор нафар сокинони шаҳр фарогир шуданд.
Ҳамзамон дар Боғи Ғалабаи бо мақсади муаррифии фарҳанги дастурхондорӣ, тарғибу ташвиқи ҳунари ошпазӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба суннат ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни «Оши палав» баргузор шуд.
Дар ҷараёни озмун аз ҷониби ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилот, муассисаҳо ошпазони беҳтарин дар 50 дег навъҳои мухталифи оши палов омода ва маҳорати ошпазии худро пешниҳоди сокинон ва меҳмонони шаҳр намуданд.
 МАРКАЗИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *