Хабарҳо

Таъзия ба ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳои payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, guruhi24.net, ozodandishon.org

print
Саге аккос зад, оппозитсия дар ғурбат гуфт, ки фил парвоз кард. Булбулеро масъулони сомонаҳои оппозитсия зоғ пиндоштанд. Фарёди харро бо лаҳни мулоими асп омехта карданд.

Мардуми Тоҷикистон дар арафаи ҷашни таърихӣ ва тақ дирсоз – ба кор даромадани иншооти бузурги аср – НБО Роғун қ арор дорад. Дар ин рўз, ки оғози марҳилаи нави тарақ қ иёт ва ҳаёти саодатмандонаи халқ и кишварамон мебошад, ҳама хушҳоланду ҳамдигарро табрик мекунанд. Ба тантанаҳои идона аз кишварҳои дигари минтақ а ҳам намояндаҳо барои шарик будан дар ин хурсандӣ ташриф меоранд. Зеро НБО Роғун натанҳо ба рушду пешрафти Тоҷикистон, балки ба тарақ қ иёти тамоми кишварҳои минтақ а мусоидат мекунад.
Бешубҳа 16 ноябр ҳамчун рўзи нуру сафо, ваҳдату ҳамдил , рушду тарақ қ ӣ дар таърихи Тоҷикистон сабт мегардад. Ин корнамоии далерона ва шуҷоатмандонаи мардуми тоҷик, ки бо сарварии Пешвои миллат солҳо меҳнат кашидаанд, барои наслҳои оянда намунаи ибрат мегардад. НБО Роғун бешубҳа дастоварди азиму муҳими миллати мост, ки минбаъд барои мардумони кишварамон ва минтақ а хизмати беназир хоҳад кард.
Дар баробари ин, он монеаҳоеро ҳам, ки барои сари вақ т сохта шудани НБО Роғун халал расондаанд, хуб дар хотир дорем. Аслан, НБО Роғун бояд солҳои навадуми асри гузашта бунёд меёфт, аммо маҳз дар ҳамин давра ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ ба миён омад ва бо фаъолияти тахрибкоронаи худ дар кишвар ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ кард. Дар натиҷаи амалҳои нангини ҷинояткоронаи наҳзатиҳо он замон соҳаҳои иқ тисоди кишвар хароб гардида, раванди бунёди иншоотҳои саноатию энергетикӣ, аз ҷумла НБО Роғун қ атъ гардида буд. Танҳо ба шарофати сиёсати сулҳовару созандаи Сарвари давлат ва азму иродаи қ авии мардуми меҳнаткаш дубора дар кишварамон оромию субот барқ арор шуд ва имконияти ба роҳ мондани корҳои бунёдкорӣ ба миён омад. Дар натиҷа, баъди интизории зиёд ва меҳнату заҳмати шабонарўзӣ ба ин рўзи пурфайз расидем.
Вале бадхоҳони миллат, хусусан наҳзатиҳо ва дигар афроди ба онҳо наздик то ҳануз бар душмании халқ равонанд ва бо амалҳои зишту палидонаашон мехоҳанд боз ҳам ба раванди сохтмони НБО Роғун ва ҷашни ба кор даромадани аввалин чархаи он халал расонанд. Мақ олаву маводҳои пур аз туҳмат ва иғвоангезонаи наҳзатиҳо ва гурўҳҳои дигари душман, ки дар расонаҳои хабарии ифротӣ интишор меёбанд, исботи ин гуфтаҳост. Чунин бармеояд, ки ин ҷашни пуршукўҳи ифтитоҳи НБО Роғун, ки ба мардуми Тоҷикистон ва минтақ а хурсандӣ овардааст, боиси ғаму мотами наҳзатиҳо ва расонаҳои ифротии ба онҳо наздик гардидааст.
Аз ин рў, бо дили пур аз фараҳу хурсандӣ ва қ аноатмандии бепоён ба роҳбарону фаъолони ТТЭ ҲНИ ва сомонаҳои payom.net, isloh.org, ksaadat.co, akhbor.com, guruhi24.net, ozodandishon.org ва дигар бадхоҳони миллат, ки ғамзадаанду мотам доранд, таъзия баён мекунем ва барояшон дар ин рўз «сабри Кабирӣ» хоҳонем!
Парвизи Мирзо, коршинос

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *