Хабарҳо

Паём ба ҲНИ- и мамнуъшуда ва Кабиритаборҳо

print
Ҳар куҷо аз боби Роғун ҳарфи бад ангоштед,
Ќасди «бори каҷ ба сарманзил» расидан доштед.
Ин ҳаќиќатро шумо афсона мепиндоштед,
Оќибат ҳосил зи тухми кошта бардоштед,

Даҳр бинад, парчами бахту саодат шуд баланд,
Обрўи давлати тоҷику миллат шуд баланд,
То фалак оҳанги маънии сиёсат шуд баланд,
Шохаи нахли пур аз бори ҳаќиќат шуд баланд.

Сар ба зону мениҳед имрўз, ночор аз дигар,
Каф занед аз бахту иќболе, ки бошад чорагар.
То ба кай бар ќалби поки Тоҷикистон нештар?
То ба кай фикри хиёнатпарварӣ бошад ба сар?

Хостори нури имонед? Роғун аст нур!
Хостори ќудрати сабред? Роғун аст зўр!
Хостгори нагну номусед? Роғун нест дур!
Хостгори ганҷи ирфонед? Ҳаст он ҷо булўр!

Каъбаи нур аст Роғун, нур роғунмазҳаб аст,
Ояти шукронаи тоҷик доим дар лаб аст.
Пешвои мо чи хуш дар ҷодаи нурофарӣ,
Дар миёни Сарварони даҳр соҳибмактаб аст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *