Хабарҳо

Қотилони даъвогар

print
Фирориёни террорист ва ифротии наҳзатӣ, ки имрӯз дар хориҷи кишвар паноҳ мебаранд, дар ҳамин шабу рӯзе, ки мардуми тоҷик ба оѓози кори чархаи аввалини НБО Роѓун омодагӣ мебинанд ва ба як руҳияи ҷашнӣ онро истиқбол мегиранд, боз эҳсоси манфур ва зиддимимллии хешро нишон дода, ҳаводиси ҳафтаи қабл дар зиндони шаҳри Хуҷанд рухдодаро бо тарзи барои худашон манфиатнок шарҳ медиҳанду аз он суиистифода карданӣ мешаванд. Аз хабари расонаҳо пайдост, ки ин амалро гурӯҳи ҷинояткорони хатарнок анҷом додаанд ва мақсадашон куштани маъмурони зиндон ва фирор аз он ҷо будааст.

Аммо хиёнаткорони ҷиноятпешаи наҳзатӣ аз ин фурсат истифода карда, иѓвогарию дурӯѓпароканӣ менамоянд. Аз ҷумла, наҳзатиҳо бо «ташаббус»-и Сайидюнус дар сомнаи ифротиашон матлаберо гузоштаанду одамонро ба петитсия оиди масъалаи зиндони Хуҷанд даъват мекунанд. Аслан, барои ин гурӯҳи худбохта муҳим нест, чи ҳодисае рух додаст ва то кадом андоза овозаҳои пахшшуда воқеият доранд ё не, аммо барояшон бо ҳар роҳе ки набошад фазоро пур аз хабари ѓаразноку заҳрогин намудану тавтеъа барангехтан аст.
Агар ба муҳокимарониҳои расонаҳои наҳзатӣ таваҷҷӯҳ намоем, чандин суолоте пеш меоянд, ки ҷавоб талаб мекунанд. Дар ҳоле ки зиндониёни ҷинояткор ва ниҳоят хавфнок аз қабили омӯзишдидаҳои ДИИШ зиндонбонҳоро ба ҳалокат мерасонанд ва ҳараҷу мараҷу бенизомиро дар зиндон роҳандозӣ менамоянд ва мақсади фирор дошта бошанд, бояд ба онҳо чӣ кор кард? Аз рӯи таҳлилҳои наҳзатӣ, дарҳои зиндонҳоро боз карда, онҳоро ба озодӣ бояд сар дод то нисфи мардумро ба ҳалокат расонанд. Ин гунна таҳлил аз зеҳнияти нафароне бармеояд, ки рӯҳияи ҷинояткорӣ доранд. Чун дастпарварони террористи наҳзатӣ ҳазорон ҷиноятро роҳандозӣ намуда, аз ҷазо дар назди қонун дур мондаанд, ҳатман чунин меандешанд. Вагарна ҷинояткорро ба хотири хатарнок буданаш дар ҷойҳои махсусу зиндон аз ҷомеа ҷудо нигоҳ медоранд.
Ҷинояткоре, ки дар рӯҳияи куштор ва инсонбадбинӣ ташаккул ёфтааст, метавонад чандин ҷиноятҳои дигар содир кунад ва оромиши ҷомеаро аз байн бибарад. Барои ҷинояткорони ТТЭ ҲНИ Тоҷикистони ором ва осоишта мавриди қабул нест, зеро дар он ҷое, ки оромиш ва назму қонун пойдор бошад, онҳо наметавонанд мафкураи зиддиинсонии худро ба миён гузоранд ва таблиѓ намоянд.
Тавтеъапардозиҳои ин гурӯҳ то ҳаддест, ки амалиёти мақомотро барои пешгирии фирори ҷинояткорон бо мафҳуми «қатли ом» ифода менамоянд, вале боре намеандешанд, ки онҳо зиндонӣ буданд ва тибқи ҳукми додгоҳ боястӣ адои ҷазои худро дар чорчӯбаи муқарарот анҷом медоданд. То замоне, ки оромона ва дар чорчӯбаи муқарарот амал карданд, кассе аз воситае дар муқобили онҳо истифода нанамуд. Аз ҷониби дигар дар ин боздоштгоҳ аз рӯи маълумоти ѓайрирасмӣ бештар аз 800 нафар муҷрим адои ҷазо менамуд. Аз ин омор пайдост, ки танҳо нафароне, ки муқовимат нишон дода, аз муқаррароти мавҷудаи дохили зиндон берун рафтаанд, ба чунин ҳолат расидаанд. Ин тавтеъапардозиҳо чунин гумонро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меоварад, ки шояд яке аз саркардагони асосии ин ҳодиса ба ТТЭ ҲНИ ҳамбастагӣ дорад ва ё ҳадди ақал аз онҳо дастур мегирад. Зеро тарроҳҳии ин ҳодиса мансуб ба гуррӯҳҳоест, ки манфиати миллии Тоҷикистон барояшон арзиш надорад ва мебоист дар шабу рӯзи кушодашавии аввалин чархаи нерӯгоҳи Роѓун ҳамин гуна ҳодисаро роҳандозӣ менамуданд, ки фикр мекунам марбут ба террористони наҳзитист.
Даъвоҳои наҳзатӣ, ки ба мафҳуми «қатли омм» омадаанд, собит менамоянд, ки барои инҳо ноором ва ноамн будани Тоҷикистон даркор аст. Инҳо ҳеҷ гоҳ намегуянд, тайи чандин сол аст, ки Тоҷикистон ҳукми қатлро бекор кардааст ва аз иҷрои он худдорӣ меварзад. Дар ҳоле ки дар демократитарин давлати ҷаҳон ИМА ҳукми қатл ба иҷро дароварда мешавад.
Агар ниҳодҳои давлатӣ бар алайҳи кӯшиши фирори маҳбусон сари вақт чора намедиданд ва онро хунсо намекарданд, на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамсоя ҳам дар хатар қарор мегирифтанд ва оромиш ба тамоми ҷомеа рахт бар мебаст.
Ин ҷо иллат дар зеҳни маѓшуш ва бадандешест, ки чунин инсонҳои носолиму ноқисро ба миён овадааст, ки аз идеологияи зиддиинсонии наҳзатӣ маншаъ мегирад. Кори инҳо фақат дурӯѓпарканӣ ва сангпартоӣ нисбати давлату миллати тоҷик аст. Аҷиб ин аст, ки боз хешро бо мафҳуми «фаъолон» муаррифӣ мекунанд, шояд фаъолони идеологияи зиддимиллӣ ва зидии субботу оромии Тоҷикистон бошанд. Онро ба тарзи дигаре наметавон маънидод кард. Зеро ин «фаъолон» дар тамоми замони фаъолияти хеш танҳо бар алйҳи манфиатҳои миллӣ баромад намудаанд.
Аз ин лиҳоз ҳар нафари солимфикри ҷомеа бояд ба тавтеъапапрдозиҳои афкори тахрибгару террористии наҳзатӣ дода нашуда, масъаларо дуруст арзёбӣ намояд. Мутмаъинам, ки ҳар инсони озода ба ин тавтеъапардозиҳо дода нашуда, аз ширкат ба ин навъи петитсия, ки бар алайҳи миллату кишвар роҳандозӣ шудааст, худдорӣ меварзад.
Эҳсони Илҳом

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *