Барҳақ мегӯянд, ки душман ҷуз бадӣ намебинад, дӯст ҷуз гулистон. Табиати душман ҳамин аст, ки ҳамеша кӯшиш мекунад то дар манзараи шаффоф нуқсон ёбад, камбудӣ ҷӯяд, агар дарёфт карда натавонад, ҳатман ба тӯҳмат, бадгӯӣ ва чирккобӣ оғоз мекунад. Агар нафаре ё ҷамъияте ба бурдбориву муваффақият, бахтиёриву хушбахтӣ ва ҷаҳонишавию созандагӣ рӯё оварад ва дар ин роҳ комёб гардад, табиати нопоки душман бештар ҳамон вақт фаъол мегардад.
Айнан имрӯзҳо бурдбориву муваффақияти миллати тоҷик, бурдбориву созандагии халқ зоҳиру ботин, андешаву табъи палиди ҳамин хоинони Ватан, ба монанди Кабирию Варқӣ, Юнусу Нуриддин ва даҳҳо пайравону алоқамандони ин фурӯмоягонро ба ташвиш овардааст, зеро табиати муғризона ва нопоку муфлиси хоинони Ватан, чун кирми саргин танҳо ба наҷосат хӯ кардаасту халос.
Инак аввалин агрегати НБО “Роғун” ба кор оғоз мекунад ва мардум ин рӯзро чандин сол ин ҷониб интизор ҳастанд. Миллати тоҷик чӣ рӯзҳои сахтеро паси сар карданд. Ҳама аз якгиребон сар бароварда, ҳолатҳои вазнинро гузарониданд. Бархилофи хоинону ватанфурӯшон ба ҳар ҷониб, мисли муши таги бурё гурез накарданд, ба дастурхони худ сангпартоӣ накарданд, ба намакдони худ ношукрӣ накарданд, баръакс шукр карданд, меҳнат намуданд ва имрӯзҳо ба ин муносибат хушнудиву сурур доранд. Азбаски ин душманони миллат худ аз саодат бебаҳраанд бо ҳар роҳ мехоҳанд бадгӯӣ нисбат ба ҳар кору рафтор, чорабиниву идҳои мардум кунанд.
Рӯзи дигар аз омадани ҳавои сард, ки ин тағйирёбии иқлим дар тамоми сайёра идома дорад, онро чун “офат” маънидод намуда, монанди хари белаҷом бо овози баду ликиданиҳои худ дар миёни мардум мехоҳанд як навъ ҳаросу ташвиш ворид намоянд ва бо ин роҳ мехоҳанд табъи мунаввари халқро халалдор созанд. Вале як нуктаро дарк намекунанд, ки ин ҳангосаи онҳоро дигар миллати тоҷик намешунавад ва шунидан ҳам намехоҳад ва агар шунавад ҳам, баръакс ба онҳо лаънат мегӯяд. Зеро шахсе, ки як намунаи хурсандии мардумро ба маърази тамоми олам ҳамчун масхара рӯнамуд мекунад, ё ин ки якбора ба сари мардум омадани сарморо ҳамчун хурсандии худ қабул намуда, ба ҷои дистгирӣ руҳи мардумро мехоҳад, ки шиканад, ин навъ одамсуратон чигуна метавонанд ба дастгирии мардум умед кунанду худро аз миллати тоҷик шуморанд. Яъне ин девсиратон мехоҳанд бо ин роҳ аз хоҷагони хориҷии боз пулу мол гиранд, гурезгоҳи муваққатии худро устувортар созанд, аммо онҳо медонанд, ки рӯзе ба ин кирдорҳои худ ҷавоб хоҳанд дод
Исроил Ҳамдамов