Сиёсат Хабарҳо

ТӮЙ ДАР ТОҶИКИСТОН

print
БАРОИ “Паём.нет”, “Ислоҳ.нет”, “Ахбор.ком”, Кабирӣ, Кӯри Юнус ва КСИР мусибат аст

Шабаҳе болои сари Кабирии террорист, думравакону лаганбардорони қаламбадасташ – Темури Варқӣ, Кӯри Юнус, адвокати бетақдиру зору фақир Файзиниссо, Нуриддини РМБА, Мирзои Салимпур ва даҳҳо асолатбохтаи дигар ва инчунин хоҷагони охундаш аз КСИР наздик шудан дорад. Шабаҳи мусибат. Мусибате, ки барои эшон бо фоҷиа баробар аст.

Аслан, ҳар як пешравӣ, дастовард, муваффақияте, ки насиби мардуму миллату давлати Тоҷикистон мегардад, барои онҳо мусибат аст, мотам аст. Аз қаҳру ғазаб даруни хешро мехӯранду аламашонро аз қалам мегиранду аз саҳифаҳои иҷтимои дар “фейсбук”, “твиттер”, “ютуб” ва ғайра. Чунон чирк аз зери нохун меҷӯянд, ки худ дар он ғарқ мегарданд ва чун пайдо накарданд, пайи афсонабофӣ меафтанд. Барои таскини қалбашон мебофанду менависанду мехонанд.
Ҳамин чанд рӯз пеш дар боғи “Дӯстии халқҳо”-и шаҳри Душанбе иди палави тоҷикӣ буд. Беш аз даҳ тонна ош пухтаю ба хоҳишмандон дода шуд. Ҳама аз ош сер шудаю дар дегҳо низ монда буд. Ин бечораҳои ғариб, ки дар таҳхонаҳои заҳноки Олмону дигар кишварҳои аврупоӣ, бо чанд пайсаи барояшон партофтаи хоҷагон рӯзи торики худро то шаби аз он ториктар мерасонанд ва шояд ҳар лаҳзаю дақиқа дилашон дар ёди оши тоҷикӣ гум мезанад, ҳамаи ошро надиданд. Танҳо дар назарашон ҳамон оши яктонаи рекордӣ тофт, ки аз ҷониби ҷавонони хушбахту хурсанд, бо иборае “тороҷ” шуд. Ки он ҳам аз шодӣ буд. Мисоли оне, ки пояндози домоду арӯсро бо кашмакаш мегиранд. Ин бадбахтони гумроҳшуда ва худбохтаро ҳатто боридани борону барф дар Тоҷикистон шод мекунад. Ду ҳафта пеш аз хунук задани ҳосили ангур дар Ҳисор “Ахбор.ком” он қадар табли шодӣ зада буд, ки ба гуфтан тасвираш мушкил аст. Касеро дар Тоҷикистон саг газид, нафаре аз хар ғалтид, хурсандиашон ҳадду канор надорад.
Чӣ кунем? Муқтазои ин бечорагони дарбадар ҳамин аст. Ҳамеша дар хурсандии миллат мотам гирифтан. Тобу тавони дидани чеҳраи хандони тоҷикро надоранд.
Зеро луқмаи нонашон аз интиқоди Тоҷикистон аст. Дастури охунди раҳбар доранд. Ба ҳеҷ минвол бояд дар хурсандии миллати худ шарик нашаванд. Миллаташон мазҳаби шиа гаштааст. Онҳо бояд тоҷикро танҳо ва танҳо бо хоку хун олуда бинанд. Тоҷики орому осуда, бо давлати мустақилу озод барояшон лозим нест. Барои ҳамин ҳам “Паймони зиддимиллӣ” сохтаанд. То ҳар қадар, ки тавонанд дар чархаи рушду тавсиаи Тоҷики куҳанбунёд ва Тоҷикистони навину дунявӣ чӯб гузоранд.
Вале ҳар дафъа чӯбашон мешиканаду тарошаҳои он чунон дар фарқи сарашон мезанад, ки моҳҳо ба худ намеоянд. На худу на хоҷагони ғаразҷӯяшон.
Ду рӯз пас дар Тоҷикистон чархаи нав ба гардиш медарояд. Чархае, ки барои ҳар як сокини Тоҷикистон тӯй меорад. Тӯйи пур аз нуру сафо. Чархае, ки бо як расидани сари ангушти мардонаи Фарзанди фарзонаи миллати тоҷик кори НОБ-и Роғунро ҳусни оғоз мебахшаду аз нури он чеҳраи ҳар як сокини Тоҷикистон мешукуфад, нурборон мегардад, камбуди барқ дар саҳфаҳои гузаштаи таърихи миллат боқӣ мемонад ва мо роҳ мегирем ҷониби фардои дурахшону ниронитар.
Вале ин тӯй боз барои ҷамъе кӯрдилу ҳасуду худбохтаю хоиноне чун кабириҳо, варқиҳо, салимпурҳо, кӯру каҷалаҳои наҳзатӣ ва хоҷагони КСИР-ашонро яқинан мотам хоҳад овард. Ин нур дили сиёҳи онҳоро ториктар хоҳад кард. Чашмони аз гиряҳои ғарибӣ хирагаштаашонро хиратар хоҳад сохт. Ва шояд ин қалбҳои сиёҳу залилгашта, қуввати бардошти ин рӯзи хушбахтии миллат, ин нури зиё, ҷонбахшу ҷонфизоро накарда бо фоҷиаи охирини умри худ рӯ ба рӯ шаванд. Рӯзи бадтарини ин бадбахтону кӯрдилон мешавад.
Танҳо аз ин боке нест, онҳо муҷиби он қадар фоҷиаҳо барои миллати худ гаштаанд, ки бояд худ дар оташи андӯхтаи худ бисӯзанд. Ва ҳатман месӯзанд аз нури Роғун. Нуре, ки ба партавфишониаш гаштанаш кам касоне бовар доштанд. Пеш аз ҳама, ин гурӯҳи худфурӯшу сияҳкор, ки зикраш рафт.

Салимҷони Парвиз, донишҷӯ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *