Зеро танҳо миллатҳои офаринанда дар ҷаҳони кунунҷ дорои мавқеъ, обрӯ ва асолат мебошанд. Нерӯгоҳи Роғун бо пурра ба анҷом расидани сохтмонаш ва ба чархиш омадани 6 агрегати он метавонад 600 МВт/соат ва дар 1 сол 17,1млрд килловат соат нерӯи барқҳосил кунад ва яке аз бузургтарин НБО-ҳои ҷаҳон хоҳад буд.Ҳарчанд сохтмони НБО Роғун чандин сол пештар оғозгардида бошад ҳам, вале дар солҳои аввали истиқлолият бо сабаби ба миён омадани гурўҳҳои бадхоҳи миллат, аз ҷумла ТТЭ ҲНИ дар ин раванд монеаҳо эҷод шуданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта, ки ба дасти наҳзатиҳо ва бо супориши хоҷаҳои хориҷии онҳо роҳандозҷ шуда буд, сохтмони ин иншооти муҳим пурра қатъ гардида буд.
Аммо миллати огоҳи мо дар атрофи сиёсати бунёдкоронаю сулҳовари Пешвои Миллат муттаҳид гардид ва кишварроба масири созандагҷ ворид намуд. Аз аввали солҳои 2000- ум сар карда дар кишвар ҳазорон иншоотҳои гуногуни саноатию энергетикӣ ва коммуникатсион сохта тадриҷан мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар натиҷаи чунин фаъолияти ободкоронаи Ҳукумат ва мардуми шарифи кишварамон Тоҷикистон аз як кишвари ноорому бунбаст ба як давлати босубот рушдкунанда, ояндадор, энергетикию саноатӣ ва транзит табдил ёфт. Дар солҳои аввали баъди ҷанги шаҳрвандӣ Роҳбарияти кишвар ҳамчун яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ истиқлолияти энергетикии кишварро муайян карда буд, ки дар ин замина даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург то имрӯз ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар аввалин марҳилаи ба миён омадани субботи иҷтимоҷ, ки солҳои 2000 буд дубора шуруъ кардани сохтмони НБО Роғун ҳамчун авлавияти сиёсии Роҳбарияти кишвар қарор гирифт. Зеро таърихан миллати тоҷик, миллати соҳибтамаддун, бунёдкор ва офаранда аст. Ҳамин аст, ки бо офаридаҳои моддҷ ва зеҳниаш дар тули таърихи ҳазорсолаҳо дар баробари султаҳои бегона истодагарҷ намудааст ва худро аз нобудҷ маҳфуз доштааст. Ҳаминро ба инобат гирифта Пешвои миллат иродаи сиёсии хешро барои бунёди НБО Роғун дар миён гузоштанд ва имрўз пирўз нардиданд. Новобаста аз ҳама монеаҳо, ки бар зидди сохтмони ин НБО равона гардида буданд, Роҳбарияти сиёсҷ ва миллати созандаи тоҷик ба ин рўзи фируз расиданд. Имрӯз барои ҳамаимиллати тоҷик ҷашн аст. Рӯзи ифтихору сарбаландист. Саҳифаи навест дар таърихи давлатдории мо. Зеро НБО Роғун натанҳо кишвари мо, балки тамоми минтақаро ба сўи фатҳу зафарҳои нав ва тараққию саодат мебарад.
Ҳарчанд душманони миллат, хусусан наҳзатиҳо дар давоми ҳамаи ин солҳо ба табли бегонагон рақсиданд ва дастовардҳои муҳими замони истиқлолро нодида гирифтанду хостанд аз тоҷик миллати хурофазадю ҷоҳил, нодону террорист созанд, ба ҳадафҳои нопоку шуми хеш нарасиданд. Наҳзатиҳо дар кишварамон ҷанги дохилиро роҳандозӣ карданд, то Роғунро насозем, аммо ба мақсад нарасиданд.
Имрўз ҳам фаъолони наҳзатӣ дар хориҷа панаҳ бурда, бо воситаи расонаҳои ифротии хабарии худ, ба мисли “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоҳнет” ва ғайрабар зидди манфиатҳои миллии Тоҷикистон бо навиштаҳои иғвоангезонаи худ муборизаи ноҷавонмардона мебаранд, кўшиш доранд, ки садди роҳи тараққиёти кишварамон шаванд.Вале боз ба ин ҳадафҳои нопокашон нахоҳанд расид.
Рўзҳои наздик тамоми Тоҷикистон ва кишварҳои дўст ифтитоҳи фаъолияти НБО Роғунро ҳамчун ҷашни бузург ва шодмонию сурур пешвоз мегиранд. Вале барои худбохтагони курдилу нотавонбини ТТЭ ҲНИ ва расонаҳои хабарии “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоҳнет” ва амсоли инҳо имрӯз рӯзи мотам аст. Зеро ба кор даромадани НБО Роғун ба миллати мо бахту рушноӣ меорад, лекин наҳзатиҳо бадбахтию торикию зулмотро мехоҳанд.
Эҳсони Илҳом, коршинос