Таҷлил

Табрикоти раиси шаҳри Турсунзода  Вализода Абдуқодир Исуф ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

print

   

  Ҳамдиёрони азиз,

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – сол муқаддам тавассути раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардуми тамаддунсози мо қабул гардида, ба рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеа заминаи воқеӣ гузошт. Дар асоси моддаи якуми Конститутсия  –  Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад, ки сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат  ҷиҳати татбиқи он сафарбар гардидааст. Дар ин радиф, Конститутсияи муосир ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро арзиши олӣ баён дошта, рамзҳои давлатиро муайян ва забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ эълон ва Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол  муаррифӣ намуд.  Ин санади муҳим ҳамчун бахтномаи миллат ҷиҳати баланд бардоштани шуури сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии сокинони мамлакат саҳми муассир гузошта, халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуд.                

Бо мақсади мукаммалгардонӣ ба Конститутсия се маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар ин раванди муҳими сиёсӣ мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода низ фаъолона иштирок намуданд.   Бо шарофати сиёсати ояндабини Роҳнамои миллат ва таъмини муқаррароти Конститутсия дар баробари дигар минтақаҳои кишвар шаҳри Турсунзода рушду такомул ёфт. Дар натиҷаи азму иродаи созандаи мардуми шаҳр як қатор корхонаҳои саноатӣ ва иншооти гуногун бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҷиҳати беҳтар гардидани сатҳи зиндагии сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.   Ҳамчунин бо мақсади пешвози арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди беш аз 250 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шуда, давоми соли ҷорӣ зиёда аз 30 иншоот мавриди истифода қарор гирифта, созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома доранд. Конститутсияи давлати мо ифодагари манфиатҳои волои халқ, манбаи асосии ҳуқуқии ҳокимияти давлатӣ, пешбарандаи афкор ва  арзишҳои миллии мардуми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад Конститутсия аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки риояи ҳатмии онро таъмин намоем, зеро волоияти қонун, шарти муҳимтарини давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, эҳтиром ба Конститутсия – эҳтиром ба ҳуқуқҳои худ ва дигарон арзёбӣ мегардад. Бо эътимоди комил метавон гуфт, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи Конститутсия ва ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат дар асоси ин бахтномаи миллат содиқона талош меварзанд. Бо ибрози чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамдиёрони гиромӣ ва меҳмонони азизро ба ифтихори Рӯзи Конститутсия самимона табрик гуфта, саломативу сарбаландӣ, фирӯзиву хонаободӣ ва пешрафту комрониро орзу менамоем.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *