Хабарҳо

Олудагиҳои ахлоқӣ дар таҳлили «раҳбар»-и фирории ТТЭ ҲНИ

print
«Кабирӣ» 03-юми ноябри соли 2018 ба хабаргузории «Тасним» мусоҳиба додааст, ки дар он бо равонпарешии хоси рафтори ӯ дар бораи воқеаҳои 04-и сентябри соли 2018 фарзияпартобӣ кардааст. Таҳлили касбӣ дар ин робита нишон медиҳад, ки афсурдагии рӯҳӣ дар ғурбат то ҷое ботилмуаллифи наҳзатиро фаро гирифтааст, ки ӯ сафедро аз сиёҳ ҷудо накарда, номи шахсиятҳои шарифро ношуста даҳон ба забон овардааст.

Гуфтаҳои «кабирӣ»-ро, ки бо доштани чунин ном, хурднамоӣ ва тавтеаҷӯйӣ мекунад, як ба як бо такя ба иттилооти дақиқ рад мекунем:
1. Набуди ҷойдоди сиёсӣ ва дарки шинохти комил аз вазъият, раҳбари гурезаву ёғии наҳзатро дучори парешонии ҳолу аҳвол ва гуфтору рафтор кардааст.
2. Иттилооти пешниҳодшудаи «кабирӣ» ба «Тасним», ки майдони таблиғотии оппозитсиони ошӯбгар шудааст, аз чанд сӯ суст ва бепоя аст: а) манбаъҳои иттилооти шаккок; б) фосилаи дурӣ аз Ватан ва надоштани дастрасӣ ба тасвири рӯйдодҳои сиёсӣ, таҳлилҳои каззобонаи «кабирӣ»-ро рӯй об меорад; в) душманковии авлодӣ.
3. Бемориҳои бузургманишӣ ба сарони бесари бунёдгароии исломӣ иҷозат намедиҳанд, ки дастовардҳои ноб ва мусбати Точикистони азизро бубинанд. Яъне ба иборати дигар, ақидаи онҳо фирориҳои тундгаро сатҳӣ, бесару нуг ва маҷозист ва ба ҳеч сурат воқеиятро баён намекунад. Ботилманиш.
4. Аз лиҳози ахлоқӣ, ин тафсирҳои пуррӯёнаи наҳзатиҳои мардумозор ва ақрабманиш, хиёнат ба давлат шинохта мешавад. Аҷаб.
5. Авлоди Кабирӣ сармояи ҳангуфтро ба хориҷа сарозер карда, худ шоҳона зиндагӣ мекунанд ва муҳоҷирони бенаворо ба гарав гирифтаанд.
6. Чунончи, шоҳидони ҳол аз доираҳои наздик ба тундгароён хабар медиҳанд, ки дар маҳаллаи Франкфуртштрасси Бонн, «кабирӣ» хонаи муҳташамеро ба пули халқ харида, мисли ташкилоти дурӯғбофи худ «Диалог», гӯё маркази таблиғотӣ бар зидди ҳукумат ташкил кардааст. Ҳайф.
Ал-қисса, умри ҳарфҳои ботил кӯтоҳ аст. Эҷоди камарбанди дурӯғ бар зидди миллат, ҳеч гоҳ оянда надорад. Наҳзатиҳо дар пешонии аз саҷда бар пойи хоҷагонашон сиёҳ бояд дарк кунанд, роҳе ки онҳо интихоб кардаанд, ба Туркистон аст. Яъне бероҳагӣ тақдири ояндаи ин ҳизби қотилро мушаххас мекунад.

Рустам Биноев,
коршиноси масоили сиёсати хориҷӣ,
ш.Вена.

Фейсбук

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *