Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҷумлаи мардумоне ҳастанд, ки рӯҳияи сулҳпарвару ватандӯстона доранд. Мисли Помир сарбаланду бовиқоранд. Қалбҳояшон чун чашмаҳои мусаффои Тоҷикистони азиз софу беғубор аст. Дар боми ҷаҳон манзил доранду қалбашон аз нори садоқату ҷавонмардӣ гарм аст. Меҳмоннавозу самимианд. Ҳама сифати неки инсонӣ дар замиру равони ин мардуми кӯҳистон маскан дорад.
Мутаассифона як қатор ҷинояткорон ва саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии вилоят ба мисли Айёмбеков Толиб, Шанбиев Мунаввар, Мазоров Хурсанд, Мамадбоқиров Мамадбоқир Мамадасламов Ёдгоршо ба шаъну шарафи ин мардуми сарбаланд мехоҳанд иснод оранд. Худро лидер эълон кардаанд. Лидер чӣ гуна бояд бошад? Оне, ки бо таҳдиди яроқ атрофи худ ҷавонони гумроҳро ҷамъ карда, ба ҷинояткорӣ даст мезанад, магар лидер аст? Оне, ки ба қочоқи маводи мухаддир машғул буда, ба афзоиши сафи нашъамандон ва беморони ВНМО замина мегузорад, магар лидер ба ҳисоб меравад?
Дар давлате, ки тинҷу ором аст, махуфона нигоҳ доштани 201 адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла: 76 адад «Автомати Калашников», 3 адад «Пулемёти Калашников», 2 адад Гранатамёт, 1 адад Комплекси зенитӣ, 40 адад «Таппонча», 13 адад «Карабин», 66 адад дигар намуди силоҳ, 38 адад норинҷак, зиёда аз 5350 адад лавозимоти ҷангӣ ва 960 грамм маводҳои тарканда магар рафтори лидери ватандӯст аст?
Мардуми Бадахшон ҳеҷ гоҳ чунин лидерҳоро эътироф намекунанд, зеро дар замири ҳар фарди ин гӯшаи диёр эҳсоси сулҳхоҳона ва муҳаббату садоқат ба Ватан ҷавлона мезанад.
Чуноне ки аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, 22-юми октябри соли равон дар асоси қонунгузории ҷорӣ саркардагони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа шаҳрвандон Айёмбеков Толиб Абдраҳмонович, Мамадбоқиров Мамадбоқир Карамалишоевич, Мамадасламов Ёдгоршо Шомусалламович, Мазоров Хурсанд Мирзоҳаётович, Шанбиев Мунаввар Наврӯзбеккович, Раҷабов Зоир Карамхудоевич ва Аловатшоев Амриддин Бозорович ба бинои Прокуратураи ВМКБ даъват гардида, нисбати онҳо огоҳии расмӣ эълон гардида, Протоколи огоҳии расмӣ тартиб дода шуд. Номбурдагон ба он шахсан имзо гузошта, ба қонун итоат кардани худро расман иброз намуданд. Яъне новобаста аз он, ки ашхоси зикршуда ҷинояткор ҳастанд, Ҳукумати мамлакат, ки сиёсати сулҳхоҳона ва ваҳдатофарро ба пеш мебарад, ба авбошон шанси навбатӣ дода, онҳоро аз озодӣ маҳрум намекунад. Онҳо уҳдадор шуданд, ки талаботҳои дар огоҳии расмӣ зикршударо иҷро намуда, дар сурати бори дагар содир намудани ҷиноят дар назди қонун бо тамоми қотеъият ҷавоб медиҳанд.
Чуноне, ки зикр гардид, мардуми соҳибтамаддуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мисли дигар сокинони манотиқи мамлакат сулҳдӯст, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созанда мебошанд. Аз ин рӯ, ҷавонони Бадахшон бояд бидонанд, ки ин се-чор афроди авбош, ки Бадахшонро бо қаллобиву қочоқи нашъа муаррифӣ мекунанд, сазовори эътибору боварӣ ва лидерӣ нестанд.
Бадахшон барои Тоҷикистон бузургтарин фарзондонро тарбия намудааст, ки танҳо шунидани номи онҳо дар дили ҳар шахс эҳсоси ватандӯстиву ҷавонмардиро бедор месозад. Аз ҷумла Шириншоҳ Шоҳтемур, Мењриддин Амдинов, Мастибек Ташмухаммедов, Муминшо Абдулвосиев, Ғуломхњайдар Ғуломалиев Назаршо Додхудоев, Моёншо Назаршоев, Лола Исмаилова Ғоибназар Паллаев Мирсаид Миршакар, Тилло Пулодӣ, Муъмин Каноат, Бекназар Имомназаров, Мехрубон Назаров ва садҳо дигарон мебошанд, ки дар ҷодаи сиёсат, иқтисодиёт ва илму фарҳанг саҳми арзанда гузошта, ба халқу Ватан хитзмати шоиста намуда, маҳбуби халқ гардидаанд. Ба чунин ашхос пайравӣ кардан барои ҳар як фарди Тоҷикистон шараф аст!
Имрӯзҳо низ мардуми меҳнатдӯст ва фарзандони фарзонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар баробари дигар сокинони кишвар сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар амал татбиқ ва баҳри шукуфоиву рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона меҳнат менамоянд, ки пайравӣ ба чунин пайкор ҷавонмардӣ ва меҳанпарастист.
Боварӣ дорем, ки ҷавонони роҳгумзадае, ки дар симои се-чор авбош лидерро мебинанд, аз ин роҳ баргашта, баҳри ояндаи гулафшони Ватан зери парчами ваҳдатофари муҳтарам Пешвои миллат сарҷамъ омада, ҷиҳати ободии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дарвозаи тилоии Тоҷикист арзёбӣ мегардад, камари ҳиммат мебанданд.
Фирӯз Х.