Хабарҳо

ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАЛАСАИ СИТОДИ БАЙНИИДОРАВӢ ВА ФАЪОЛОНИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН (сабти пурра)

print
Бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.

Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатыои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Гузориши видеоиро ин ҷо тамошо кунед:
https://youtu.be/oEqhbGFqDEk – бо забони тоҷикӣ
https://youtu.be/snjoRETx4OQ – бо забони русӣ
https://youtu.be/CcbR5EHh250 – бо забони англисӣ
https://youtu.be/UVxzUTFay-A – бо забони арабӣ
Манбаъ: http://khovar.tj/

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *