Сиёсат Хабарҳо

Истаравшанӣ ва тарҳи назари «ифтироқӣ ва иштирокӣ»

print

    Матлаби Сайидюнуси Истаравшанӣ, ки зери домани охундҳои шиамазҳаб панаҳ бурда бо мардуму давлати Тоҷикистон душманӣ меварзад, таҳти унвони пурвоҳимаи «Парвандаи Ҳоҷӣ Умаралӣ ва Ҷамол: нуқоти ифтироқу иштирок»  дар пойгоҳи ифротии иттилоотиаш интишор ёфт. Сайидюнус дар ду банд қазияи марги рўзноманигори Саудӣ Ҷамол Хошуқчиро бо қатли раҳбари собиқи «Гурўҳи 24» Умаралӣ Қувват рўшан карда, ба қавли худаш дар қолаби «ифтироқу иштирок» (фарқият ва шабеҳият) мавриди «таҳлил» қарор додааст. Сайидюнус, одатан бозӣ кардан бо калимотро, ки дар сабки ҳиндӣ аз мушаххасоти калидӣ маҳсуб меёфт (манзур назарияпардозиҳои «ифтироқию иштирокӣ»-и вай аст), хеле дўст медорад ва бар ин асос матолибашро ҷур месозад, то дигарон ба қудрати эҷодӣ ва тафаккури таҳлилиаш ҳамду сано хонанд. Мо ҳам ба фантазияи ў ҳамду сано мехонем. Ва аммо масъалаи мазкурро дар бастагӣ бо назароти вай пайгирӣ намуда, дар се банд натиҷагирӣ кардем. Инак:

       1. Мавриди аввали баҳси Сайидюнус ин аст, ки марги мухолифи Ҳукумати Тоҷикистон Умаралӣ Қувват бо қатли рўзноманигори варзида ва мунтақиди режими Саудӣ Ҷамол Хошуқчӣ  дар як сатҳ қарор доранд, вале аввалӣ дар сархатти расонаҳои ҷаҳонӣ қарор нагирифт. Посух ин аст, ки Ҷамол Хошуқчиро, воқеан, наметавон бо Умаралӣ Қувват, ки як соҳибкори номуваффақ будааст, дар як мақом ҷой дод. Ҷамол Хошуқчӣ рўзноманигори варзидае мебошад, ки мақолоташ дар нашрияи бонуфузтарини ҷаҳонӣ – Вашингтон-пост интишор меёфт ва аз зумраи таҳлилгарони забардасти сиёсӣ ба шумор мерафт. Аммо Умаралӣ Қувват (Худо раҳматаш кунад)-ро танҳо дар доираҳои маҳдуди бизнеси дохилӣ мешинохтанду халос ва замони ҳангомасозиҳояш баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ аз ў ба унвони абзори таъсиррасонӣ истифода карданд. Ин буд, ки дар хориҷ аз кишвар чанде ҳангома барпо кард ва ин ҳангомасозиҳояш ба хотири ба қудрати сиёсӣ расидан ва афзудани бизнеси хонаводагиаш иттифоқ афтода буду бас. Хошуқчӣ бошад, баръакс, рўзноманигори ҳирфаӣ буд ва агар версияи қатли ў собит шавад, аз ҷониби гурўҳҳои манфиатхоҳ сурат гирифтааст, то дар муҳитҳои сиёсии Арабистони Саудӣ ҷави нави сиёсӣ ва ҳангомаҳои тозаи геополитикӣ арзи вуҷуд намоянд ва хостҳои гурўҳҳои манфиатхоҳ бароварда шаванд.

  1. Бояд гуфт, ки мақомоти марбутаи Арабистони Саудӣ ва Туркия қазияро дар ҳамбастагӣ таҳқиқ ва бозҷўйӣ мекунанд. Ин нуктаро дар рўзҳои аввали пахши қазия мақомдорони Саудӣ иброз доштанд ва масъулини ситодҳои бозҷўйӣ дар ҳамкории танготанг макон ва авомили ҳодисаро пайгирӣ карда истодаанд. Аммо, он чи ки Сайидюнус ба унвони санаду далел манзур месозад ва бар ҳамсў шудани ду тараф – Туркия ва Саудӣ дар ҳалли қазияи Хошукчӣ таъкид меварзад, танҳо як назари инфиродӣ аст. Бигзор бошад, вале баррасӣ ва бозбинии мунсифонаи парвандаи нобудии Ҷамол Хошуқчӣ ба манфиати Саудӣ мебошади Ин аст, ки валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бен Салмон гурўҳи кории вежа тартиб дода, қазияи мазкурро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Дигар ин ки нуфуз ва обрўйи сиёсӣ ва давлатии Саудӣ васати моҷаро қарор дорад, аз ин лиҳоз, гурўҳи вежаи таҳлилӣ ва бозҷўйии Саудӣ дар ҳамбастагӣ бо хадамоти ташхисии Туркия масъаларо ҷиддӣ пайгирӣ менамоянд, то ҳадсу гумонҳоро дар робита бо даст доштани давлати Саудӣ дар қатли Хошуқчӣ аз миён бардорад. Дар ин миён Туркия ҳам, барои он ки нуфузи сиёсиашро дар минтақа аз даст надиҳад, ҳеҷ кадом бозиеро (ки Сайидюнус ҳадс мезанад) эҷод намекунад, то латмаи ҷиддие дар пайкари сиёсию  давлатиаш ворид нагардад. Афзун бар ин, ИМА ва шахси Раисҷумҳур қазияро ҷиддӣ пайгирӣ менамоянд ва, фаразан, агар Туркия дар сўйистифодаи масъалаи қатли Хошуқчӣ ҷойе ба иштибоҳ биравад, танишу шикофҳо миёни Саудӣ, ИМА ва Туркия амиқтар мегарданд. Ин аст, ки Туркия манфиатдор нест қазияро ѓайримунсифона бозҷўйӣ намояд ва Саудиро ба иҷбор тарафи худ бикашад, то ниёзҳои сиёсию геополитикиашро дар минтақа бароварда созад. Албатта, изҳорназарҳое, ки  таҳлилгарони сиёсии туркӣ устоди донишгоҳи равобити байналмилали Туркия Қадир Хосс ва генерали бознишастаи турк Аҳмад Ёвуз дар шабакаи «Алҷазира» ироа доштаанд, барои радду бадали қазия ва шинохтани авомили зарурӣ заруранд, аммо онҳоро дар натиҷагирӣ минҳайси эталон наметавон пазируфт, иттифоқан, навиштаи Сайидюнус ҳам як мавқеъгирии мунҳасир ба фард ва доираҳои фармоишӣ асту бас.
  2. Сайидюнус, тавре ки қаблан ишора рафт, парвандаи қатли Умаралӣ Қувватро бо нобудии Хошуқчӣ дар як тарозу санҷидан мехоҳад ва Туркияро дар додуситадҳо миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва Туркия муқассир мешуморад. Мавқеъгирии Сайидюнус маълум аст. Фаразан, агар дар куштори У. Қувват Ҳукумати Тоҷикистон ва сохторҳои амниятӣ муқассир мебуданд (ки ин танҳо фарзияи Сайидюнус ва ҳаммаслаконаш асту бас), Туркия кайҳо ин қазияро рўшан мекард ва дар сархатти ахбори расонаҳои минтақавӣ қарор медод. Ин имкониятро Туркия дорад, аммо чун дар он ангезаи сиёсиро надид, муҷримро пайдо ва ҳабс намуда, парвандаро ба итмом расонид. Илова бар ин, Туркия аз пинҳон кардани далоили даст доштани тими амниятӣ дар куштори У. Қувват чӣ манфиати молию сиёсӣ медид ва ё ба истилоҳи ирониён, чӣ гираш меомад? Ҳеҷ ва фикр накунам, ки барои манфиати ночизе Туркия маводи тафтишотиро пинҳон дорад ва бо обрў ва нуфузи минтақавиаш саҳлу осон бозӣ кунад. Бигзарем, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатли Умаралӣ Қувват, аслан даст надорад, чунки ў шахсияти харизматике набуд, ки атрофаш миллатро ҷамъ карда тавонад ва тарҳи инқилоберо роҳандозӣ созад. Ҳатто дар миқёси маҳал У. Қувватро намешинохтанд, чи расад ба сатҳи ҷумҳурӣ. Аз ин ҷост, ки ду нафар – У. Қувват ва Ҷамол Хошуқчӣ, чи аз лиҳози нуфузу мартабаи сиёсию иҷтимоӣ ва чи аз ҷиҳати донишу фазилат шабеҳи ҳам нестанд ва наметавон ҳар дуро дар як мизони фикрӣ ва сиёсӣ андозагирӣ кард.

 

Фаридун Ориёӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *