Аҳолӣ Нуқтаи назар Хабарҳо

Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда

print

Ҳамасола дар саросари давлатҳои пешрафтаи курраи замин аз он ҷумла, Ҷӯмҳурии Тоҷикистон 13 октябр Рӯзи байналмиллалии паст кардани хавфи офатҳои табииро ҷашнгирифта, як катор чорабиниҳоро дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ гузаронида мешавад.
Ҳамасола тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 31 августи соли 2009 №490 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» барои пешгирӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар тамоми вазорату идораҳо ташкилоту муассисаҳо дарсҳои мудофиаи гражданӣ гузаронида шуда баъд дар оғози ҷамъбасти рӯзҳои мудофиаи гражданӣ, тамринотҳо, машҳои махсуси тактикӣ, машқҳои фармондеҳии Ситоди ва машқҳои мукаммалӣ гузаронида мешавад, ки дар ҳолати муайян шудаи ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулодда тибқи нақшаҳои чорабиниҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо тамоми қувваю воситаҳо гузаронида мешаванд.
Тибқи Моддаи 7. «ҚҶТ дар бораи ҳифзи аҳоли ва ҳудуд аз ҲФ-и дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» Муайян намудани ҳудуди минтақаи ҳолатҳои фавқулодда чунин сурат мегирад…!
Ҳудуди минтақаи холатҳои фавқулоддаро роҳбарони корхонаҳоҳо оид ба рафъи ҳолатҳои фавқулодда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудаанд ва дар ҳудуди онҳо иншоот ё минтақа ҳолатҳои фавқулодда ба вуҷуд омадааст дар асоси таснифи ҳолатҳои фавқулоддаи муқаррар намудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муайян менамоянд.
Ҳолатҳои фавқулодда ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳдуд, маҳаллӣ, ҳудудӣ, минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байни сарҳадӣ ҷудо мешаванд.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳдуд ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди минтақаи иншооти таъиноти истеҳсолӣ ё иҷтимоӣ берун нест.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳаллӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди шаҳрак ва деҳот берун нест.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҳудудӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди шаҳр (ноҳия) берун нест.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди вилоят берун нест.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки дар натиҷаи он минтақаи ҳолатҳои фавқулодда як ва ё зиёда вилоятҳо берун нест.
Ба ҳолатҳои фавқулоддаи байнисарҳадӣ ҳолатҳои фавқулоддае дохил мешаванд, ки оқибатҳои он аз ҳудудҳои мамлакат берун рафта ва ё ҳолатҳои фавқулодда дар хориҷа ба амаломада, ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад.
Аз ин лиҳоз, барои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, тибқи тартиботи дар болозикргардида, роҳбарони дахлдор тибқи вазифаҳои хизматии худ вазифадоранд, ки самти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро ба анҷом мерасонанд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *