Сиёсат Хабарҳо

СУИИСТИФОДАИ СИЁСӢ

print
Аз тариқи шабакаи ҷаҳонии интернет хабари марги Муҳаммадсаид Шехов, нафари наздик ба хонаводаи муассиси ташкилоти ҳамакнун экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломӣ Сайид Абдуллоҳи Нуриро мутолиа карда, амиқ ба андеша рафтам. Аз он андеша кардам, ки иддае барои сиёсатҳои палиди худ аз ҳазорон нафари бегуноҳу зудбовар истифода мекунанд. Муҳаммадсаид Шехов ҳамагӣ 46 сол доштааст. Айни камоли инсоният, аммо қурбони сиёсатҳои разилонаи Кабирӣ. Аз чӣ бошад, ки ҳатто сахттарин мусибатҳо барои баъзе ашхос намунае барои ибрату андешаву тааммулу тадаббур намешавад. Аз расонаҳои хабарӣ медонем, ки ду бародари Муҳаммадсаид Шехов Мӯсоҷон Шехов ва Сӯҳроб Шехов ҳам қаблан бо носипосӣ аз Ватани маҳбуб бар зидди он қиём карданду яке дар маҳбасу дигаре фирорист. Ин аъмоли нангини бародарон барои Муҳаммадсаиди ҷавон дарс нашуду ӯ ҳам пайи афсонаҳои беохири Кабирӣ рафт. Қиссаи зиндагии пурсаодат дар сарзамини бегонаро бовар кард. Аммо ҳоло ӯ, ки аз дунё рафт, Кабириву наҳзату пайравонаш лаб ба дандон газидаанд. Гӯё чизе нашудааст. Кабирӣ, ки бо такаббури ба худ хос аз Нурӣ “устод” ном мебарад, ҳатто марги хоҳарзодаи устодашро ба хонаводааш таслият нагуфт. Чӣ ҳам мегуфт? Мегуфт, ки ту қурбони найрангҳои сиёсии ман шудӣ? Мегуфт, ки наҳзати хунхор туро дар баробари ҳазорон тоҷикистониён ба балои бад гирифтор кард? Не! Ин сухане нест, ки Кабирӣ бигӯяд. Кабирӣ дар ин бора чизе намегӯяд! Агар гӯяд ҳам, мегӯяд, ки ту “шаҳид” гаштӣ. Ӯ ин “шаҳодат”-ро ба хонаводаи Муҳаммадсаиди ғӯрамарг таҳният мегӯяд. Ҳатто агар аз ҳад зиёд зӯраш ояд, “ӯ узви ҳизб набуд” мегӯяд. Зеро мо борҳо шоҳид гардидаем, ки чунин сиёсатҳо ва мавқеъгириҳои номардона бахши муҳими фаъолиятҳои Кабириро ташкил медиҳад. Аслан ба чунин амалкардҳои Кабирӣ бо назари шакк нигаристан ҳам шояд чандон дуруст набошад. Зеро аз нафаре, ки ба хотири “серкорӣ” дар ҷанозаи модари худ ширкат намекунад, аз нафаре, ки дар рӯзҳои вопасини умри падар ёди қиблагоҳ намекунад ва ҳатто баъди марги падар ба хотири дидани рӯи сарди падар намеояд, чӣ ҳам метавон интизор шуд. Муҳаммадсаид Шехов аз ҳавои Ватан серӣ нафас нагирифт, аз оби Ватан серӣ нанӯшид ва аз навозиши Ватан серӣ нанозид… Фарзандонаш дар Тоҷикистон умре дарди фироқи падар мекашанд. Падаре, ки қурбони сиёсати як гурӯҳи террористӣ шуда. Аммо марги нобаҳангоми Муҳаммадсаид бояд барои садҳо ҷавони тоҷик ибрат бошад. Аз он ки биандешанд, то фардо дер нашавад. То нашавад, ки фардо ҳатто барои ҷисми беҷонамон як каф хоки Ватан насиб накунад…

Афшини Муқим

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *