Дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода 29 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№7, 31, 55, 94, 111, 112 дарҳои худро ба рӯи толибилмон боз намуданд, ки дар бунёди онҳо соҳибкорони маҳаллӣ, омўзгорон ва Асотсатсияи падару модарони мактабҳо саҳми муносиб доранд.
Дар кӯчаи 15-солагии Истиқлолият аз ҷониби ҶДММ «Нил сохтмон» (соҳибкор Абдумалик Боқиев) ба маблағи 3,5 млн. сомонӣ бинои баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 54 ҳуҷра буда, дар ошёнаи якуми он маркази савдо ва хизматрасонӣ ҷойгир аст.
Дар маҳаллаи 3 –юми шаҳр аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Тулқин Игамбердиев бинои 6-ошёнаи истиқоматӣ ба маблағи 5 миллион сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки аз 34 хонаи 1,2 ва 3-хўҷрагӣ иборат аст.
Кўдакони маҳаллаи сеюми шаҳр ҷашни Истиқлолияти давлатиро соли ҷорӣ хушу хотирмон пешвоз гирифтанд, зеро аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Алиҷон Хазратқулов (ҶДММ Ал-маскан) барои онҳо дар майдони беш аз 200 м2 майдончаи бозиҳои кӯдакона сохта, туҳфа карда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар деҳаи Боғи Ирами ҷамоати деҳоти Навобод Маркази саломатии деҳавӣ дари худро ба рўи сокинони маҳал боз намуд.
Акнун ба аҳолӣ духтурони оилавӣ, занона ва ҳамшираҳои шавкати ҳуҷраи тазриқгоҳ хизмати саривақтии тиббӣ мерасонанд. Соҳибкори маҳаллӣ Ҷӯрабек Муҳибов бунёди МСД-ро мабалағгузорӣ намуда, таҷҳизоти тиббӣ аз ҷониби КАТС-и шаҳр таъмин гардид.