Абдураҳмони Ҷомӣ шогирдони зиёде дошт, вале аз байни онҳо ба Алишер Навоӣ меҳру дилбастагии хоса зоҳир мекард. Дӯстию рафоқати онҳо намунаи барҷастаи муҳаббати инсон ба якдигар аст. Дар сарчашмаҳои адабӣ дар бораи мулоқоти аввалини Ҷомию Навоӣ маълумоте вуҷуд надорад. Навоӣ низ дар ин бобат чизе нагуфтааст. Гумон меравад, ки нахустин вохӯрии ин ду шахси бузург шояд соли 1469, вақте ки Навоӣ ба Ҳирот меояд, рух дода бошад. Шиносоии онҳо аз солҳои 1476-1477 ранги дигар мегирад. Ҳамон солҳо Навоӣ Ҷомиро ҳамчун шайх қабул карда, ба равияи «Нақшбандия» ворид мешавад ва ихлосманди ашаддии устодаш мегардад. Дохил шудани Навоӣ ба равияи мазкур ин маънои тарки дунё карда, дарвеш шудан надорад, балки ифодагари меҳр ва дилбастагии шоир нисбат ба устод мебошад.
Ҷомӣ барои Навоӣ фақат устод набуд. Ҳамдигарфаҳмӣ, муносибатҳои самимии ин ду донишманд ба зудӣ ба дӯстии боэътимоду қарин табдил ёфт. Навоӣ аз Ҷомӣ 27 сол хурд буд. Сарфи назар аз ин, Ҷомӣ ӯро ҳамчун шогирди зираку доно эҳтиром менамуд. Ин иззату икроми Ҷомӣ ба шогирдаш дар достонҳояш «Юсуф ва Зулайхо», «Лайлию Маҷнун» возеҳ ифода ёфтааст. «Навоӣ барои банда дӯсти беҳтарин, ноёб ва ягона аст», — мегӯяд Абдураҳмони Ҷомӣ.
Бино ба гуфти адабиётшинос Бертелс, Ҷомӣ забони ӯзбекиро хуб медонист ва «Хамса»-и Навоиро ба забони ӯзбекӣ хонда буд. Навоӣ дар бораи муносибаташ бо Ҷомӣ дар асараш «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» андешаҳои хешро баён дошта, аз ҷумла зикр кардааст, ки онҳо зуд-зуд вомехӯранд.
Ҳангоме ки Навоӣ зиёфат меорост, ҳатман устодашро даъват мекард. Агар Ҷомӣ бо ягон сабабе иштирок карда наметавонист, Навоӣ аз нозу неъмати зиёфат беҳтаринашро ба устодаш мефиристод. Гузашта аз ин, ба Ҷомӣ сари ҳар чанд вақт туҳфаҳои қиматнок ва маблағи калон тақдим менамуд. Ин туҳфаю маблағҳоро яке аз одамони наздики Навоӣ Хоҷа Деҳдор ба Ҷомӣ мерасонид.
Дар робита ба гуфтаҳои боло зикри як нуктаи дигарро ҷоиз медонем, ки ба мансаби вазирӣ соҳиб шудани Навоӣ низ бо маслиҳату раҳнамоии Ҷомӣ сурат гирифтааст. Алишер Навоӣ бародари ширхӯра ва рафиқи айёми кӯдакии Ҳусайн Бойқаро буд. Ҳангоми тахти Ҳиротро ишғол кардани Ҳусайн Бойқаро, Навоӣ дар Самарқанд ба таҳсили илм машғул буд. Аммо ин воқеаро шунида, апрели соли 1469 худро ба Ҳирот расонд. Султон Ҳусайн ӯро муҳрдори девони худ таъин кард. Ин ошноӣ ва ақлу заковати Навоиро ба назар гирифта, подшоҳ хост, ки ӯро ба мансаби баландтар бардорад. Навоӣ дудила шуда, ба Ҷомӣ мактуб навишта, изҳор кард, ки намедонад пешниҳоди Султонро қабул кунад ё не? Ҷомӣ дар мактуби ҷавобӣ чунин изҳори ақида кард:
Роҳату ранҷ чун бувад гузарон,
Ранҷ каш баҳри роҳати дигарон.
З-он ки бошад ба мазраи уммед,
Ранҷи ту тухми роҳати ҷовид
Ин тариқа, бо роҳнамоии устодаш Навоӣ моҳи шаъбони соли 876, яъне моҳи феврали соли 1472, мансаби вазирӣ ва унвони амириро пазируфт.
Дар байни асарҳои тоҷикии Алишери Навоӣ қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа баландтар меистад. Таърихи навишта шудани қасидаашро Навоӣ дар «Хамсат-ул-мутаҳаййирин» овардааст:
«Рӯзе ман, — менависад шоир, — дар хидмати он кас (яъне Абдураҳмони Ҷомӣ) будам. Аз ҳар бобат сухан мерафт. Дар омади сухан ман «Дарёи аброр» ном қасидаи Хусрави Деҳлавиро аз ҳад зиёд таъриф кардам. Дар он рӯзҳо подшоҳ ба сафари Марв тайёрӣ дида, маро ҳам ҳамроҳи худ бурданӣ шуд. Ман барои иҷозат гирифтан ба пеши он кас (Ҷомӣ) рафтам. Дар вақти баргаштанам аз бағали худ як ҷузъ коғаз бароварда доданд. Кушода дидам, ки қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» навишта буданд.
Савор шуда ба роҳ баромадам, дар болои асп он қасидаро хондам ва дар аснои хониш матлаи қасидаи «Туҳфат-ул-афкор» ба хотир омад. Баъд аз ба манзил фуромадан он матлаб ба он кас фиристода шуд, ки агар писанданд, ишорат кунанд, тамом намоям.
Фақир то ба Марв расидан он қасидаро ба номи он кас тамом карда, ба хидмати он кас навишта фиристодам.
Абдураҳмони Ҷомӣ ба қасидаи Навоӣ баҳои баланд медиҳад. Навоӣ бештари асарҳояшро бо забони туркӣ – ӯзбекӣ иншо кардааст. Лозим ба ёдоварист, ки то замони ӯ бо ин забон эҷод намудани достонҳои ҳаҷман бузургро имконнопазир мешумориданд. Навоӣ бо раҳнамоиву маслиҳати устодаш ин қолабро шикаста, 5 достон, яъне «Хамса» эҷод мекунад.
Дар ин бора навиштааст:
Форсӣ чун гашт дар эшон адо,
Туркӣ кунад, нест аҷаб, ибтидо.
Форс чу хурсанд шуд аз он гуҳар,
Турк ҳам ар шод шавад, хубтар.
Ман, ки дар ин роҳ ниҳодам қадам,
Ҳаст умедам чу бигирам қалам.
Роҳбарӣ карда Низомӣ маро,
Ёр шавад Хусраву Ҷомӣ маро.
Навоӣ яке аз аввалин касонест, ки асарҳои устодашро ба забони туркӣ – ӯзбекӣ тарҷума намудааст. Масалан, тарҷумаи асарҳои «Нафаҳот-ул-унс» ва «Шавоҳид-ун-нубувват» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Ҳангоми тарҷума Навоҳӣ забони фасеҳу каломи лутфомези Ҷомиро ба хубӣ нигоҳ доштааст.
Дӯстии байни Навоӣ ва Ҷомӣ то лаҳзаҳои охири ҳаёташон қатъ нагардид. Навоӣ дар марги устодаш ашки ҳасрат рехта, то як сол азодорӣ намуд. ӯ дар вафоти Ҷомӣ ҳамчун шогирди содиқу вафодор, дӯсти наздик марсияи пурсӯзу гудозе эҷод кард. Дар сари турбати устоди бузургаш мақбара сохта, чанд касро нигаҳбони он таъин намуд.
Ба ҳамин тариқ, дӯстию ҳамкории ин ду фарзанди баруманди тоҷику ӯзбек барои мустаҳкам гардидани муносибатҳои ин ду халқ саҳми босазо гузоштааст.
Поянда бод дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек!
Файзалӣ ШУКУР,
рӯзноманигор.