Муҳиддин Кабирӣ бо хунрезиву дасисабозиҳо ва харзагӯиҳои шариатии бардуруғ натавонист ба дили халқи тоҷик роҳ ёбад. Акнун аз минбари ташкилотҳое, ки чунин минбарро ба манфиати худ сохтаанд, нисбати миллат носазо мегӯяд, мехоҳад бо 4 тан аз авбоши дигар ба қалби халқ мархамате ёбад, аммо…
Аммо имрӯз миёни халқ чун сухан дар бораи Кабирӣ меравад, ё ин ки шунида мешавад, ҷуз дашном ё лаънат дар он дида намешавад. Зеро сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз исбот сохт, ки ҳама мардум баҳри ободонии кишвар ва тараққиёти техникию илмии мамлакат дар якҷоягӣ дастҷамъона кӯшишу заҳмат намуда истодаанд. Аммо чунин афроди нопоку ифлос чун Кабирӣ ва пайравонаш, ки зархариди дигар миллату давлатҳо гардида, ба Ватану давлати худ хиёнат мекунанд, ба қадри ин заҳматҳои сарвари давлатамон намерасанд. Имрӯз чунин бадсириштон дар гирду атрофи худ одамони дорои ҷаҳонбинии пасти диннӣ доранд, ҷамъ намуда, онҳоро истифодаи кори худ менамоянд. Ҳамагон хулоса барорем, ки нафароне, ки ба Ватани азизи худ хиёнат мекунанд, чӣ тоифа инсонҳо ба шумор мераванд?
Агар Кабирӣ ё ин ки пайравонаш аз таълиму тарбияи диннӣ бохабар бошанд, ё ин ки амали дуруст дошта бошанд, аз гуфтаҳои китоб бехабаранд, ки омадааст:
«Дӯст доштани Ватан гӯшае аз имондорист».
Пас маълум мегардад, ки хиёнат ба Ватану миллати худ нишонае аз беимониву беадолатӣ мебошад.
Мантиқан дуруст аст, ки ин нафарон динро ҳамчун пуштибони худ истифода мебаранд, то давлатҳои исломӣ ба онҳо боварӣ ҳосил намоянд. Аммо вақт тасдиқкунандаи ҳама ҷиз мебошад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки инҳо ба Ватану миллат ва дӯстону рафиқони худ хиёнат кардаанд, ба ин нафароне, ки бо ҳам кор мекунанд, хиёнат хоҳанд кард.
Дар инсон ду ҷавҳар аст, ки инсонро шахси комил мегардонад: ақли инсонӣ ва илми инсонӣ.
Агар ин ду ҷавҳар дар якҷоягӣ дар инсон бошад, ӯ дар ҷомеа ҳамчун инсони комил фаъолият менамояд.
Ҳамчун омӯзгор имрӯз бо сари баланд метавон гуфт, ки ин афроди нопоку шарманда, ки аз Ватан беватан гашта, аз ноилоҷӣ ва нотавонӣ бо танқиду дасисаҳо даст мезананд, шикаста гардида, дар охир туъмаи гургони хориҷии худ мегарданд.
Мо, омӯзгорон имрӯз дар таълиму тарбияи насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳем, то ин ки фарзандони миллатамонро дар рӯҳияи ватандӯстиву далерӣ, ҳушёриву зиракӣ тарбия намоем ва ҳама дӯстдори миллату давлати соҳибистиқлоли худ гардонем.
ҲАКИМОВ САИДШО,
директори МТМУ №2-и
шаҳри Турсунзода