Хабарҳо

ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН – ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОИИ БАДАХШОН

print

  Тӯли чанд рӯзи охир сафари кории муҳтарам Пешвои миллатро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тариқи расонаҳои хабарӣ тамошо карда, аз рушду тараққиёти вилоят хурсанд шудам.  Қомат афрохтани иншооти гуногуни маишӣ ба ҳусни кӯҳистон  назокати навро зам намуда, «Боми ҷаҳон»-ро ба як гушаи биҳиштосои кишвар табдил додааст. Чуноне, ки аз баромади муҳтарам Пешвои миллат бармеояд, дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба маблағи умумии 2 миллиарду 240 миллион сомонӣ қариб 1700 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода супорида шудааст. Дар баромадҳои худ муҳтарам Пешвои миллат Бадахшонро ҳамчун “дарвозаи тиллоӣ”-и Тоҷикистон арзёбӣ намудаанд. Аз ин ҷост, ки дар ин давра дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як гӯшаи муддати тӯлонӣ дар бунбасти нақлиётӣ қарордошта ба гузаргоҳи транзитии байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳоло қариб 1300 километр роҳҳои вилоят аҳаммияти байналмилалӣ дошта, Тоҷикистонро тавассути гузаргоҳҳои сарҳадии Кулма, Қизил Арт ва 6 пул бо се кишвари ҳамсоя мепайванданд. Бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки дар ин давра бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ ва сармояи хориҷӣ дар ҳудуди вилоят зиёда аз 120 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ сохта, ба истифода супорида шудаанд ва ҳоло корҳо дар 26 километри дигар ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ оғоз гардидаанд. Мардуми сарбаланди вилоят ба хубӣ медонанд, ки то замони истиқлолият дар бисёр минтақаҳои кӯҳии кишвар, аз ҷумла дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нерӯи барқ асосан тавассути истгоҳҳои дизелӣ истеҳсол мегардид. Чуноне, ки аз гуфтаҳои Сарвари давлат бармеояд, дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар вилоят нерӯгоҳи барқи обии «Помир–1» бо тавоноии 14 мегаватт, нерӯгоҳҳои хурди барқи обии «Техарв» бо тавоноии 360 киловатт ва «Андарбак» бо иқтидори 300 киловатт сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки онҳо шабакаи аввалини барқи вилоятро ташкил намуданд. Бадахшон махзани сарватҳои зиёди зеризаминӣ ба ҳисоб рафта,  дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба иқтисодиёти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз як миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб ва асосан ба соҳаҳои саноати истихроҷ, корҳои ҷустуҷӯиву геологӣ, нақлиёт, энергетика ва маориф равона гардидааст. Ҳамчунин дар самти саноат, кишоварзӣ, саноат, соҳаи маориф  фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди вилоят аз ҳисоби буҷети давлат ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ иншооти гуногун сохта, бо таҷҳизоти муосир таъмин ва ба истифода супорида шудааст. Аммо мутаассифона баъзе аз гуруҳҳои ҷимноятпеша бо аъмоли номатлуб ин пешравиҳои вилоят доғи сиёҳ меоранд. Боиси халалдор шудани оромии мардум, суботи ҷомеа, амнияти давлат ва коҳиш ёфтани обрӯи миллат мегарданд. Вобаста ба ин масъала аз ҷониби муҳтарам Пешвои миллат таъкид шуд, ки мутаассифона сатҳи умумии содиршавии  ҷиноятҳо дар вилоят тамоюли болоравӣ дорад. Аз ҷумла содир намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба силоҳи оташфишон, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва бо истифодаи силоҳ содир намудани ҷиноятҳо, қаллобӣ ва худсарона ишғол намудани қитъаҳои замин афзудааст. Яке аз масъалаи нангини вилоят қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир буда, нашъамандиии чавонон аст, ки  аз ин беморӣ дар чанд соли охир шумораи шахсони бар асари ин беморӣ вафоткарда фақат дар шаҳри Хоруғ 149 нафарро ташкил медиҳад. Ба ҳама маълум аст, ки баробари нашъамандӣ чоряки нашъамандон гирифтори бемории вируси норасоии масунияти одам, навъҳои гуногуни гепатит ва дигар бемориҳои сироятӣ мебошад, ки барори ҷавонони сарбаланди Бадахшон ин амалҳои нангин зебанда нест! Вале мутаассифона аз соли 1991 то якуми июли соли 2018 дар вилоят 619 нафар гирифторони ин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки қариб нисфи онҳоро сокинони шаҳри  Хоруғ ташкил медиҳанд. Шумораи шахсони мубталои вируси норасоии масунияти одам дар вилоят ба сад ҳазор нафар 283 нафарро ташкил мекунад, ки аз ҳисоби миёнаи кишвар қариб дуюним баробар зиёд мебошад. Ин гуфтаҳо албатта ба теъдоди хурди мардуми Бадахшон рабт доранд. Вале мубориза бо чунин ашхос танҳо кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ набуда, эътимод аст. ки ҷиҳати бартараф намудани ин муаммоҳо мардуми бонангу номуси вилоят низ саҳмгузорӣ намуда, роҳ намедиҳанд, ки як чанд авбоши нашъаҷаллоб аз номи ҷавонмардони  соҳибватани бадахшонӣ  сухан гуянд. Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамини бостонӣ барои Тоҷикистон ба мисли Шириншоҳ Шоҳтемур Қаҳрамонеро офарида, ки ҷиҳати таҳкими давлатдории  тоҷикон ҷоннисорӣ кардааст. Шеъри  Мирсаид Миршакар,  Мумин  Қаноат аз  қалби кӯҳсор садо дода,  ба дили миллионҳо меҳри Ватанро ҷой кардааст. Албатта мардуми Бадахшон, ки соҳиби ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватандорӣ мебошанд роҳи қаҳрамонҳо ва фозилони худро пайгирӣ менамоянд на роҳи авбошону ҷинояткоронро.

ФИРӮЗ ХОЛИҚОВ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *